30.09.2024

 img

30-юми сентябри соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи кории муовини якуми вазири маориф ва илм Ҷамшед Ҷӯразода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, муовини намояндагии доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Раҳимҷан Ассангазиев, дигар намондагони Бонки Ҷаҳонӣ ва лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» иштирок намуданд.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа меҳмононро ба Вазорати маориф ва илм хушомадед гуфта, иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳо миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ натиҷаи заҳматҳои дуҷониба буда, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим ва ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани он заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Муовини якуми вазири маориф дар идомаи ҷаласа қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ якҷо бо шарикони рушд ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот мунтазам кӯшиш менамояд. Яке аз иқдомоти судманд, ки ба пешрафти маориф мусоидат мекунад, татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» мебошад. Лоиҳаи мазкур ба ҳадафи чоруми рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид вобаста ба таҳсилоти босифат ҳамоҳанг аст. Дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор чунин зикр шудааст: «Маориф калидест, ки имкон медиҳад, дигар Ҳадафҳои Рушди Устувор ба даст оварда шаванд. Вақте ки одамон метавонанд таҳсилоти босифат гиранд, онҳо метавонанд аз камбизоатӣ раҳо шаванд. Аз ин рӯ, маориф барои коҳиш додани нобаробарӣ ва расидан ба баробарии гендерӣ ва иҷтимоӣ кӯмак мекунад».

 

Дар навбати худ ҳайати намондагони Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо омодагии худро изҳор доштанд.

 

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз ҷумла, рушди таълиму тарбия, муосиркунонии муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани имкониятҳо барои арзёбии дастовардҳои хонандагон , муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводҳои методӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИҶОРАТИ ТОҶИКИСТОН Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол якшанбеи ҳафтаи сеюми моҳи апрел ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил карда мешавад.   Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи илми тоҷик, рӯзҳои 21-26 апрел, яъне “Ҳафтаи илм”-ро, ки дар доираи он гузаронидани конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён, озмуну маҳфилҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ ба нақша гирифта шудаанд, роҳандозӣ менамояд.   21 апрели соли 2025 ҷаласаи пленарии конференсияи илмию назариявии омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба солҳои 2025 – 2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, муовини раиси КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Шарифзода Мумин Машокир, ки солҳои 2008-2017 сарварии донишгоҳро ба уҳда дошт, инчунин собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич ва Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович иштирок намуданд.   Ҷаласаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷамшед Машокиров ҳусни оғоз бахшида, нақши илмро дар рушди иқтисоди миллӣ ва шукуфоии кишвари азизамон муҳим арзёбӣ намуда, суханро ба муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.и., дотсент Қурбонов Абдукарим Раҳимович во гузошт.   Абдукарим Қурбонов меҳмонон ва аҳли толорро бо оғози “Ҳафтаи илм” табрику таҳният гуфта, нақш ва саҳми бузурги Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи илми ватанӣ ва пешрафти корҳои илмию таҳқиқотӣ назаррас арзёбӣ намуд.   Инчунин гуфта шуд, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон соли 2024-ум 543 маводи илмии омӯзгорон, аз ҷумла 10 монография, 154 мақолаҳои дар маҷаллаҳои КОА-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 244 фишурдаи мақолаҳои дар конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва 135 мақолаи дар маҷаллаҳои мухталиф нашршуда, ташкил медиҳанд.   Дар соли 2024 -ум 9 нафар омӯзгори донишгоҳ рисолаи номзадӣ дифоъ намуда, 2 нафар пешдифои рисолаи докторӣ ва 7 нафар пешдифои рисолаи номзадиро гузаштанд.   Тибқи барномаи “Ҳафтаи илм”, ки 13 бахшро дарбар мегирад, 153 маърӯзаи омӯзгорон ва 270 маърӯзаи донишҷӯён мавриди баррасӣ қарор мегирад.   Ҳамчунин хотиррасон карда шуд, ки дар соли 2024 бо иқдоми раёсати илм ва инноватсия дар сомонаи расмии донишгоҳ ҷойгир намудани қисмати рӯнамоии маводи нашршудаи муҳаққиқони донишгоҳ ба роҳ монда шуд. Ин иқдом ба хотири васеъ намудани имкониятҳои рақамикунонии таҳсилот ва мутобиқ намудани соҳаи таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ равона карда шудааст.   Мувофиқи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ барои солҳои 2021-2025, ки дар Маркази миллии патенту иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, профессорону омӯзгорони донишгоҳ аз рӯи 5 самт, 20 мавзӯъ ва 382 зермавзӯъ таҳқиқоти илмӣ бурда истодаанд.   Дар идомаи конфронс муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.и., професссор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан, собиқ ректорони донишгоҳ, д.и.и., профессорон Бобоев Олимҷон Бобоевич, Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович, Шарифзода Мумин Машокир доир ба аҳаммият ва нақши илм дар рушди иқтисодиёти кишвар суханронӣ намуда, донишҷӯёнро ба илмомӯзӣ, забондонӣ ва омӯхтани технологияҳои иттилоотии муосир даъват намуданд.   Сипас, н.и.и., и.в. дотсенти кафедраи менеҷмент, маркетинг ва иқтисодиёти меҳнат Абдураҳмон Ҳакимзода дар мавзуи “Масоили рушди маркетинги рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон“ маърӯзаи пурмазмун намуда, бо мисолҳои мушаххас андешаҳояшро доир ба аҳаммият, мушкилот ва дурнамои рушди маркетинги рақамӣ дар кишвар баён намуд.   Дар хотимаи ҷаласаи пленарӣ ба омӯзгорони донишгоҳ Шаҳноза Пулатова, Комилҷон Алимов ва Рустамзода Фирӯз дипломҳои унвони илмии дотсент супорида шуда, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.   Нимаи дуюми ҳамин рӯз кори конференсия дар бахшҳо оғоз гардид, ки он то 26-уми апрели соли ҷорӣ идома меёбад.

    3

    21.04.2025
  •  img
    34 СОЛ БО ЯК ПАЙРОҲА. Қиссае аз рӯзгори як омӯзгори кӯҳистон “Як саҳари фасли зимистон чун ҳарвақта аз хона роҳ пеш гирифтам ҷониби мактаб. Моҳи феврал, ҳаво сард буд. Туман он қадар ғафс буд, ки пеши роҳамро базӯр медидам. Аз хона тақрибан 3 километр дуртар рафта будам, ки ногаҳон дар пастхамие дар рӯ ба рӯям се гург пайдо шуд. Нафасам ба дарун афтод, пойҳоям карахт шуда, маҷоли ҳаракат надоштам. Чӣ кор карданамро намедонистам. На роҳи гурехтан буд ва на илоҷи аз гургҳо халос шудан. Ногаҳон яке аз гургон аз ҷояш ҷаҳида, ба ман ҳамла кард ва “ҷанг”-и тан ба тан миёни мо оғоз шуд. Барои раҳоӣ ёфтан аз ҳамлаи ин дарандаи ваҳшӣ кӯшиш мекардам, аммо гург барои маро туъмаи худ сохтан талош дошт. Дар ин ҳолат мадор надоштам, то ин ки даст ба ҷайбам бурда, бо корд корашро тамом кунам. Гург ҳам, то ҷое ки метавонист, ҳамла мекард ва маро раҳо намекард. Дар ҳамин ҳангом дастам ба як чӯби хушк расид ва бо он ба тамоми қувва чанд зарба ба сараш задам. Хушбахтона, яке аз зарбаҳоям ба чашми гург расид ва гург аз шиддати дард маро раҳо кард ва оҳиста-оҳиста фирор намуд. Ду гурги дигар низ аз думболи ҳамҷинсашон роҳ пеш гирифтанд. Ман ба хона баргашта тағйири либос намудам ва боз роҳи мактабро пеш гирифтам”.   Ин нақл аз забони нафарест, ки дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Муъминобод, деҳаи Гулзор, бо ҳамсари меҳ­рубонаш зиндагӣ мекунад. Ӯ 34 сол аст, ки ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба маркази Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон – деҳаи Шаҳрак ме­расад, то ба мактаббачагон дарс бигӯяд. Ин шахс Эмомалӣ Шарифов буда, омӯзгор аст ва аз фанҳои таърих ва ҳуқуқ дарс медиҳад. Ӯ 2 июли соли 1961 дар ноҳияи Восеъ ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби №20-и ҳамин ноҳия гирифта, баъди хатми мактаб, аниқтараш, соли 1981 ба Институти педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) дохил шуда, онро бомуваффақият хатм мекунад. Баъд ба ноҳияи Муъминобод роҳхат гирифта, фаъолияти худро дар МТМУ №15-и деҳаи Шаҳраки Ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ба ҳайси омӯзгори таърих ва ҳуқуқ оғоз мекунад. Инак, 34 сол аст, ки Эмомалӣ Шарифов дар ҳамин таълимгоҳ дарс мегӯяд.   Зиндагии Эмомалӣ Шарифов дар оғӯши табиати дилфиреб ва манзараҳои зебои Ватан сипарӣ мешавад. Бо вуҷуди он ки фарзандонаш ҳама дорои маълумоти олӣ ва зиндагии хубу хонаи худ ҳастанд, ӯ бо ҳамсари меҳрубонаш тарки кӯҳ ва оғӯши табиат накард. Дилбастагӣ ба кори омӯзгорӣ, меҳру муҳаббати мардуми деҳот ва шавқи таълим ба фарзандони мардум нагузошт, то ӯ тарки деҳаи Гулзор намояд. Ҳамин тавр, чун солҳои қабл ҳар рӯз 7 километр роҳро пиёда тай намуда, ба деҳаи Шаҳрак меравад, то ба шогирдонаш аз таърихи миллат дарс бигӯяд. Тибқи нақли устод Эмомалӣ Шарифов, фарзандонаш барои ӯ тамоми шароитро муҳайё кардаанд, то тарки кӯҳистон намуда, ба макони обод, назди онҳо баргардад. Аммо ин марди шариф ва омӯзгори пуртаҷрибаро ҳеҷ чиз қонеъ сохта натавонист, то тарки манзилу маконе намояд, ки дар он ҷо ризқу рӯзӣ ёфтаву солиёни дароз умр ба сар бурдааст.   Шояд аҷиб ва боварнокарданӣ бошад, ки чӣ гуна ӯ 34 сол бо як пайроҳа ба мактаб меояду боз ба хона бармегардад?   Мо, аҳли эҷоди рӯзномаи “Хатлон”, барои аз наздик ошно гардидан бо зисту зиндагии ин омӯзгори пуртаҷриба роҳ пеш гирифтем ҷониби ноҳияи Муъминобод. Он рӯз ҳаво офтобӣ буд.   Ният доштем, ки субҳи барвақт Эмомалӣ Шарифовро аз хонааш то ба мактаб ҳамроҳӣ намоем. Аммо ҳавои пурбарф, тумани ғафс, хавфу хатари роҳ ва даррандагони гурусна каме моро ваҳшатзада намуданд. Бо Эмомалӣ Шарифов дар тамос шудем ва изҳор доштем, ки дар хонаи ӯ наҳорӣ хоҳем кард. Аз ин пешниҳоди мо ӯ хеле шод гардид ва гуфт, ки моро интизор мешавад.   Офтоб ҳанӯз тулӯъ накарда, ба роҳ баромадем. Дар он пайроҳае, ки ҳар рӯз Эмомалӣ Шарифов ба мактаб мерафт, қадам мезадем. Барфи аз ҳад зиёд ва шамоли сард ба роҳ гаштан халал мерасонд. Вале мо ба азобу мушкилиҳо нигоҳ накарда, пеш мерафтем. Барфи зиёд ва тумани ғафс пайроҳаро аз чашм пинҳон мекард ва ин ҳолат барои пайдо кардани роҳи дуруст каме мушкилӣ эҷод менамуд. Танҳо ҳарҷо-ҳарҷо изи пойҳои гургону дигар ҳайвоноти дарранда дида мешуду халос.   Пайроҳаи борике, ки аз миёни ҷангали анбӯҳ мегузашт, ба дили касе, ки бори аввал аз ин роҳ гузар менамуд, тарсҷой мекард. Акнун тасаввур кунед, ки омӯзгор Эмомалӣ Шарифов 34 сол боз бо ҳамин роҳ ба мактаб мераваду ба шогирдонаш дарс мегӯяд. Ёдовар бояд шуд, ки фарзандони ӯ ҳам ҳамин роҳро тай кардаву дар ҳамин муассиса таҳсил намудаанд ва имрӯз ҳар яке таҳсилкардаи донишгоҳу донишкадаҳои кишваранду дорои маълумоти олӣ.   Офтоб тулӯъ карду билохира манзили зисти Эмомалӣ Шарифов намудор гардид. Интизориҳои устод ва ҳамсараш, чеҳраи кушода ва истиқболи хуби онҳо нишон аз меҳру муҳаббат ва фарҳанги меҳмондӯстиашон буд. Бо даъвати устод мо дар хонаи гарми ӯ, назди оташдон наҳориро бо ҳам дидем. Сари як пиёла чой суҳбати гарм бо ин оилаи хушбахт ва тановул аз анвои хӯрданиҳои рӯйи дастархон хастагиямонро бартараф намуд. Хусусан, чашидани асали тозаи кӯҳистон, ки он ҳам маҳсули дастони ин омӯзгори пуртаҷриба буд, моро ба ваҷд овард. Акнун асрори зиндагии Эмомалӣ Шарифов барои мо аён гашт, ки ӯ чаро тарки ин манзилу макон накарда, бо ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева дар ин деҳаи дурдаст зиндагии доимиро ихтиёр кардааст.   Хонаи ӯро аз чор тараф талу теппаҳо ва ҷангалзор иҳота кардааст. Боду ҳавои мусоид, табиати нотакрор ва ҷангалу кӯҳҳо барои ин марди наку манбаи хуби даромад ба ҳисоб мераванд. Зеро Эмомалӣ Шарифов дар баробари касби омӯзгорӣ таҷрибаи 40-солаи занбӯриасалпарварӣ дорад ва аз ин соҳа даромади хубе ба даст меорад.   – Ба як мард чил ҳунар кам аст, гуфтани халқ бесабаб нест. Дар баробари омӯзгорӣ мо кӯшиш мекунем, ки боз ба дигар касбҳо шуғл варзем. Занбӯрпарварӣ барои таъмини зиндагӣ манбаи даромади хубе ба ҳисоб меравад. Даромади ин соҳа ба мо кумак намуд, то фарзандон дар донишгоҳу донишкадаҳо таҳсил намоянд ва вазъи зиндагиамон беҳтар гардад, – иброз дошт Эмомалӣ Шарифов.   Дар ин радиф ӯ ба чорводорию зироаткорӣ низ машғул аст. Аслан, кишти зироатҳоро дар замини назди ҳавлӣ ҳамсари меҳрубонаш Рӯзигул Абдуллоева анҷом медиҳад. Дар вақтҳои холӣ Эмомалӣ Шарифов низ дар анҷоми ин корҳо ба ҳамсараш кумак мерсонад. Тибқи гуфтаҳои ин зани меҳнатдӯст, онҳо барои харидани сабзавоту мева ёд надоранд, ки кай ба бозор рафтаанд. Зеро маҳсулоти бо меҳнати ҳалол бадастовардаашон барои таъмини зиндагии онҳо басанда аст. Хонаи ӯ дар миёни кӯҳсор қомат афрохта бошад ҳам, аз барқу гармӣ дар зимистон танқисӣ надорад. Равшании хонаи ӯро панелҳои офтобӣ таъмин мекунанд.   Сипас мо роҳ пеш гирифтем ҷониби деҳаи Шаҳрак. Роҳи мо сӯйи таълимгоҳе буд, ки Эмомалӣ Шарифов он ҷо дарс мегуфт. Боз ҳамон роҳи пурхатар, ҳамон дашту кӯҳу ҷангал, аз ҳама муҳим, ҳамон пайроҳаи борик. Ин дафъа ин пайроҳаро ҳамроҳи Эмомалӣ Шарифов тай намудем. Дар аснои сафар омӯзгори рӯзгордидаву пуртаҷриба дар хусуси хавфу хатарҳое, ки дар ин роҳ аз сар гузаронида буд, қисса намуд. Ҳамлаи гургон, барфи зиёди зимистону боронҳои баҳорӣ дар тасаввури кас ин омӯзгорро чун қаҳрамони филм ҷилва месозад. Рӯзигул Абдуллоева ҳар рӯз субҳи барвақт ҳамсарашро гусел мекунад, то расидан ба мактаб ва шунидани занги телефону садои шавҳараш ором намегирад.   – Айёми зимистон вазъият каме мушкилтар мешавад. Дар сардиҳои зимистон, вақте ки шавҳарам аз хона мебарояд, хеле хавотир мешавам. Борҳо гуфтам, ки ақалан дар фасли зимистон тарки омӯзгорӣ намояд, аммо шавқи таълим ва меҳру муҳаббат ба касб иҷозат намедиҳад, ки шавҳарам тарки касби худ намояд. Аммо аз дигар тараф, хурсандам, ки ин заҳматҳои падари фарзандонам натиҷа додаанд ва то имрӯз даҳҳо шогирдаш дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, – нақл мекунад Р. Абдуллоева. Ӯ аз зиндагӣ бо шавҳараш Эмомалӣ Шарифов розӣ буда, шукрона мекунад, ки дар тӯли зиндагии 30-солаашон миёни онҳо ҳамеша якдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт. Натиҷаи ҳамин меҳру садоқат аст, ки имрӯз онҳо бо фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд.   Баробари ворид шудан ба муассисаи таълимӣ, ҳамкоронаш аз Эмомалӣ Шарифов ҳолпурсӣ намуданд. Зеро онҳо низ медонанд, ки ӯ аз роҳи дур барои дарс гуфтан меояд. Зимни суҳбат бо директори муассисаи мазкур Холмурод Шарифов маълум шуд, ки зиёданд шогирдоне, ки мисли устодашон Эмомалӣ Шарифов аз деҳаҳои дурдаст барои таҳсил ба мактаб меоянд.   – Дар 34 соле, ки Эмомалӣ Шарифовро мешиносам ва бо ҳам кор мекунем, ҳамеша ҳис менамоем, ки нисбат ба касби худ ҷиддӣ муносибат мекунад. Ба дарсҳо сари вақт ҳозир шуда, бо шогирдон муносибати хуб дорад. Натиҷаи ҳамин заҳмату меҳнати устод буд, ки имрӯз шогирдони муассисаи мо дар озмуну олимпиадаҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ иштирок намуда, ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, – мегӯяд директори муассиса Х. Шарифов.   Абдулло Қурбонзода яке аз он шогирдонест, ки имсол дар озмунҳои фаннӣ миёни хонандагони муассисаҳои миёна аз фанни таърих дар сатҳи вилоят сазовори ҷойи дуюм ва соҳиби медали нуқра гардид. Зимни суҳбат бо ӯ ва дигар шогирдон маълум гардид, ки муносибати омӯзгор Эмомалӣ Шарифов бо онҳо хуб буда, дарсҳоро бо тамоми нозукиҳояш мефаҳмонад ва ба суолҳои додаи онҳо пурра ҷавоб медиҳад. Метавон гуфт, дарахте, ки 34 сол боз ин омӯзгор парвариш мекунад, самараи хуб ба бор овардааст.   Аҳадуллои МИРЗОАЛӢ, Набиҷони САИДАБРОР, бознашр аз рӯзномаи “Хатлон”, №22, аз 03.04.2025

    45

    18.04.2025
  •  img
    ҚАДАМҲОИ УСТУВОРИ МАОРИФИ ПОЙТАХТ ДАР МАРҲИЛАИ СИФАТИ НАВИ РУШД Ташаббус ва иқдомҳои маорифмеҳваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави сиёсати маорифпарварона ва таваҷҷуҳи бесобиқаву боварии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин соҳаи калидии ҷомеа дар татбиқи муосиркунонии низоми маорифи пойтахт шароити мусоид фароҳам оварда, барои ба сатҳи нав баромадани соҳа мусоидат намудааст.   Бояд қайд кард, ки сохтмону азнавсозӣ бо тарҳи муосир ва утоқҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизот ва лавозимоти инноватсонии таълимии ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи устувори технологияҳои рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароит ҷиҳати табодули таҷрибаи кормандони соҳаи маориф дар хориҷи кишвар, дар ҳошияи ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва амалӣ намудани барномаҳои гуногун дар низоми таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, роҳандозӣ намудани озмунҳои зеҳнӣ ва тафаккурро таҳрикдиҳанда ва аз ҳама ҷиҳат дастгириву ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасони болаёқат, баланд бардоштани мақоми устодону омӯзгорон ва мураббиён аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иқдомоти беназири шаҳрдорӣ буда, дар чунин сатҳи баланд танҳо дар шаҳри Душанбе амалӣ мегардад, ки ба руҳия ва иродаи мураббиёну кӯдакон, омӯзгорону хонандагон таъсири мусбати худро расонидааст.   Агар таҳлил намоем, дар зарфи 7 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар шаҳри Душанбе 23 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 4379 ҷой ва 53 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48386 нафар хонанда дар як баст пас аз бунёду азнавсозӣ ва таъмири асосӣ мавриди истифода қарор дода шуда, танҳо аз таҷлили Рӯзи пойтахт дар соли сипаришуда то ҷашни имсола 3 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 4 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба фаъолият оғоз намудааст.   Ногуфта намонад, ки солҳои охир роҳнамоӣ намудани татбиқи устувори рақамикунонӣ дар низоми маорифи пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳукми анъана даромада, хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон тавассути барномаҳои электронӣ самаранок истифода гашта истодааст, ки иқдомоти мазкури шаҳрдорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ бори нахуст дар пойтахти кишвар амалӣ гашта, дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа дастгирӣ низ ёфта истодаст.   Зеро дар марҳилаи нави рушди Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ, рақамигардонӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ - иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим буда, омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ, бахусус омӯхтани самтҳои техника ва технологияи муосир ва забондонӣ бо дарназардошти вазъи воқеии ҷаҳони имрӯза ва рушду тарақиёти илми муосир нақши калидӣ дорад.   Муҳимияти масоили мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид гардида, бо назардошти ин ҳама Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.01.2020, №1459 “Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040” ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022, № 439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2042”, инчунин Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8.01.2025, №911 “Дар бораи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон намудани солҳои 2025-2030 ба тасвиб расид, ки дар рақамикунонии ҳамаи соҳаҳо алалхусус, соҳаи маориф такони ҷиддие бахшидааст.   Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар ҳошияи иқдомоти беназири маорифпарваронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пайваста чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати тақвият бахшидан ба раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин вусъати тафаккури техникӣ, ҷаҳонбинии илмии наврасону ҷавонон ва рақамикунонии соҳаи маориф якчанд иқдомотеро рӯи кор овардааст. Зеро истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ дар шароити рушди бомароми технологияи рақамиву зеҳни сунъӣ талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва амри воқеӣ аст.   Барномаҳои электронии “eDonish” ба тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа мусоидат намуда, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар пойтахт заминаҳои мусоидат фароҳам овардааст.   Ҷиҳати иҷрои “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” корҳои назаррас амалӣ гашта, бо мақсади ҳарчи бештар ҷалб намудани насли наврас ба омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо озмунҳои шаҳрии “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” дар байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” барои донандагони забони тоҷикӣ, русӣ ва англисии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор карда мешавад.   Дар 4 соли иҷрои “Барномаи мақсадноки давлатии рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табии барои солҳои 2021-2025”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳавасманд намудани хонандагон барои омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ ва риёзӣ, дарёфту рушди қобилиятҳои онҳо, дар байни наврасон тарғиб ва паҳн намудани донишҳои илмӣ - амалӣ аз фанҳои табиӣ риёзӣ, ташвиқи бурдани корҳои илмӣ, таҳқиқотӣ ва ихтироъкорӣ, ташаккули тафаккури илмӣ ва мантиқӣ, бедор намудани завқи кӯдакону наврасон дар ҳалли масъалаҳои ғайриодӣ ва мусоидат намудан дар интихоби бошууронаи касб корҳои назаррас ба сомон расонида шуд.   Ҳамасола ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”, Форуми наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе оид ба технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин нахустозмунҳои шаҳрӣ дар байни тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ “Ахтаракони ҳисобдон”, дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ “Илм ва амал”, дар байни омӯзгорон зери унвони “Омӯзгори муосир” тадбирҳоест, ки ҷиҳати тадбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” андешида шудааст.   Бо мақсади муҳайё намудани шароит барои таълиму тарбия, дарёфт, дастгирӣ ва рушди истеъдоди хонандагон, таъмин намудани шароит барои қонеъгардонии эҳтиёҷоти хонандагони болаёқат, таҳсилоти босифат, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тавассути иштирок ва ғолибияти хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ, кашфиётҳои нави илмӣ, дастгирии омӯзгорони навовару эҷодкор, паҳн намудани таҷрибаи корӣ ва усулҳои пешқадами онҳо, дастгирии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ки қобилияти фавқулода доранд, “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” амалӣ гашта истодааст.   Натиҷаи босамари татбиқи барномаи мазкур аст, ки соли сипаришуда новобаста аз ворид намудани маҳдудият дар шумораи довталабон ва зиёд намудани ҳадди ақали холҳои ба дастоварда тибқи Низомнома аз ҳисоби довталабони пойтахт 812 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ гашта, шаҳри Душанбе аз лиҳози шумораи ғолибон ва ҳам сифатнокӣ дар миқёси ҷумҳурӣ мақоми аввалро нигоҳ дошт.   Дар соли 2024 хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт бо теъдоди 3326 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ (фосилавӣ, зеҳнӣ, лоиҳавӣ) ширкат варзида, сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.   Ғолибони даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо дар назардошти шоҳҷоиза 43 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” 76 нафар, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” 57 нафаро ташкил дода, дар сатҳи ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бо шумораи ғолибон дар ҷойи аввал қарор дорад.   Омӯзгоре, ки шогирдонашон дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ғолибони даври шаҳрии озмунҳои касбии “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” мегарданд, ҳамасола дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ қадрдонӣ мегарданд.   Дар партави татбиқи ҳадафҳои неки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар марҳилаи сифати нави рушди шаҳри Душанбе мо - аҳли маориф кӯшиш мекунем, ки бо ташкили дуруст ва самараноки раванди таълим ва таъмини таълими босифат ба баландшавии сифати таҳсилот ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ноил гашта, дар баробари ин, барои дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли ояндасози миллат ва ба онҳо омӯзонидани ҳифз намудан ва пойбарҷо нигоҳ доштану мерос мондани давлати соҳибистиқлол муваффақ гардем.   Баҳром ИСМОИЛЗОДА, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

    33

    18.04.2025