11.02.2025

 img

11 феврали соли ҷорӣ дар Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо”вохӯрии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо намояндагони Фонди Саудии Рушд дар ҳайати муҳандис Муҳаммад Ал-Масъуд – директори амалиёт дар Осиёи Марказӣ, Абдулраҳмон Ас-Соғар – сармутахассиси қарз, Абдуллаҳ Аллуҳайдан – мутахассис лоиҳа баргузор гардид. Ҳамчунин, дар вохӯрии мазкур роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” низ ширкат намуданд.

 

Зимни вохурии мазкур масъалаҳои техникӣ ва молиявӣ оид ба рафти татбиқи марҳилаи V Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо” мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ба ҳайати кории Фонди Саудии Рушд вобаста ба масоили ҳамкории судбахш, барои дастгириҳои пайвастаи ҷониби Тоҷикистон нисбати рафъи мушкилиҳои ҷойдошта арзи сипос карда шуда, тарафҳо изҳорӣ бовар намуданд, ки минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ФОНДИ САУДИИ РУШД img
  • ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО НАМОЯНДАГОНИ ФОНДИ САУДИИ РУШД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ГУШАИ НАВРӮЗИИ ДОНИШГОҲ - МУАРРИФГАРИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ 20 марти соли 2025 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар чорабинии бошукӯҳи идона, ки бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.   Донишгоҳ дар ин чорабинии бузурги фарҳангӣ гӯшаи Наврӯзии худро ташкил намуда, анъанаҳои миллиро муаррифӣ намуд. Гӯшаи донишгоҳ бо анъанаҳои хоси Наврӯз, аз ҷумла дaстурхони наврӯзӣ бо таомҳои миллии тоҷикӣ, суманакпазӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ оро ёфта буд.    Ҳамзамон, омӯзгорону донишҷӯён бо меҳмонон ва иштирокчиёни чорабинӣ оид ба таъриху суннатҳои Наврӯз, нақши он дар рушди фарҳанг ва сайёҳӣ, инчунин таъсири ҷашн ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди соҳибкорӣ табодули назар намуданд.   Иштироки Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ин чорабинӣ на танҳо барои тарғиби анъанаҳои миллӣ, балки барои муаррифии имкониятҳои донишгоҳ дар самти рушди сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва соҳибкорӣ саҳми арзанда гузошт.

    77

    20.03.2025
  •  img
    НАВРӮЗИ ТОҶДОРОН Чунин унвон гирифта буд, барномаи театрикунонидашуда ба муносибати Наврӯзи байналмилалии 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи мазкур ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия имрӯз, 19 марти соли 2025 пешкаши ҳозирин гардонида шуд.   Ёдовар мешавем, ки барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони “Нарӯзи тоҷдорон” бо дарназардошти аҳаммияти таърихию фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ таҳия гардида, аз бахшҳои “Шоҳ Ҷамшед”, “Баҳор ва деҳқон”, “Баромади наврӯзӣ”, “Рақси умумии гулдухтарон”, “Суруди чилдухтарон”, “Суруди наврӯз меояд”, суруди фолклории “Духтари қаратоғӣ” суруди ҳаҷвии “Мурғи марҷон” ва суруди “Пешвои Наврӯзӣ” иборат буданд, ки ҳар як бахши фарҳангӣ мазмун ва хусусиятҳои хосси худро доштанд.   Иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ бо хушҳолӣ аз файзи Истиқлол, накҳати баҳори гулбасар ва Наврӯзи байналмилалӣ барномаи театрикунонидашударо тамошо намуда, бо худ таасуроти маънавӣ бардоштанд. Ҳамзамон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандону сарояндагони кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуда, иштирокчиён таҳти суруду мусиқиҳои дилнишин шодию хурсандӣ намуданд.

    74

    19.03.2025
  •  img
    ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 19 марти соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид.   Дар рафти чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонони беруна иштирок намуданд.   Чорабиниро ректори Донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, қайд намуданд, ки ҷaшни Нaврӯз,  дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст.   Сипас чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.

    67

    19.03.2025