07.10.2026

 img

7 октябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Забони давлатӣ - асоси ҳувияти миллӣ ва омили рушди маънавию фарҳангии ҷомеа» баргузор гардид.

 

Дар конференсия вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, муҳаққиқону мутахассисони соҳаи забон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии вазири маориф ва илм оғоз гардид.

 

Вазир зимни суханронӣ таъкид намуд, ки забони тоҷикӣ яке аз муҳимтарин рукнҳои ҳувияти миллӣ ва сарвати маънавии миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, ҳифзу рушди он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Арҷ гузоштан ба забони модарӣ арҷгузорӣ ба миллат ва гузаштаи он мебошад.

 

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки баъди ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ бо ташаббус ва иқдомҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду равнақ ва эҳёи забони тоҷикӣ тадбирҳои муҳим амалӣ гардида, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» низ дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид.

 

Дар идомаи конференсия Р. Зулфониён, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар мавзуи «Бознигарии сатҳи забондониву забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои таҳсилот» маъруза намуд. Дар баромади ӯ масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва забономӯзии донишандӯзон дар зинаҳои гуногуни таҳсилот мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

 

Ҳамчунин, Ш. Юсупов, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар мавзуи «Рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол» маъруза пешниҳод намуд.

 

Зимни музокира миёни иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, ҳифзи покии забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Дар фарҷоми конференсия вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки кормандони соҳаи маориф ва илм дар самти омӯзишу ҳифзи забони тоҷикӣ масъулияти муҳим дошта, бояд барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагону донишҷӯён ва риояи меъёрҳои забони адабӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Дар баробари донистани забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ барои ҷавонон аҳаммияти муҳим дорад.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА img
  • ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА img
  • ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА img
  • ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ - АСОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА ОМИЛИ РУШДИ МАЪНАВИЮ ФАРҲАНГИИ ҶОМЕА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар доираи Рӯзи омӯзгорон бо мақсади шиносоӣ аз ҳолу аҳвол ва қадршиносии хизматҳои бисёрсолаи омӯзгорон ба аёдати як қатор омӯзгорони собиқадор рафт.   Аз ҷумла, вазири маориф ва илм аз ҳолу аҳволи собиқадори соҳаи маориф Назаров Шоҳ дидан намуд. Номбурда 13 октябри соли 1942 ба дунё омада, соҳиби таҳсилоти олӣ буда, ихтисосаш омӯзгори математика мебошад.   Назаров Шоҳ фаъолияти меҳнатии худро соли 1960 ба ҳайси омӯзгори фанни математика оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси омӯзгор, директор ва муовини мудири шуъбаи маориф фаъолият кардааст. Аз соли 1994 то соли 1996 мудири шуъбаи маорифи ноҳия буд ва баъдан то ба нафақа баромадан фаъолияти омӯзгории худро идома додааст.   Дар идома вазири омӯзгори собиқадор Маҳмудова Шарофатро аёдат намуд. Номбурда 30 июни соли 1953 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, соли 1973 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро хатм кардааст.   Маҳмудова Шарофат фаъолияти меҳнатии худро соли 1973 оғоз намуда, то 1 августи соли 2025 дар вазифаи омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият кардааст. Давоми беш аз 50 соли фаъолияти омӯзгорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст.   Зимни аёдат вазири маориф ва илм бо собиқадорони соҳа суҳбати самимӣ анҷом дода, дар бораи дастгириҳои рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуд.   Таъкид гардид, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста рушд намуда, барои фаъолияти самараноки омӯзгорон ва таълиму тарбияи насли наврас шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.   Вазир саҳми собиқадорони соҳаи маорифро дар рушди соҳа ва тарбияи насли наврас баланд арзёбӣ намуда, таҷрибаи бисёрсолаи онҳоро мактаби бузурги касбӣ барои насли ҷавони омӯзгорон арзёбӣ кард.   Собиқадорони соҳа, дар навбати худ, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди соҳа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти омӯзгорон натиҷаи дастгириву таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои муаззами миллат мебошад.   Ҳамзамон, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гимназияи №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо омӯзгорони муассиса мулоқот анҷом дод.   Зимни мулоқот вазир бо омӯзгорон дар бораи шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат барои фаъолияти самараноки онҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи дониши хонандагон суҳбат намуд.   Таъкид гардид, ки омӯзгоронро зарур аст аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, бо дарки масъулияти касбӣ барои баланд бардоштани савияи дониш, ҷаҳонбинӣ ва маърифати хонандагон тамоми кӯшиши худро равона созанд.   Дар рафти мулоқот вазири маориф ва илм ба омӯзгори фанни забони англисии Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Шукурова Қурбонбӣ Нуралиевна барои фаъолияти самаранок ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илмро супорид.   Вазир таъкид намуд, ки дар шароити рушди муносибатҳои байналмилалӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони англисӣ, аҳаммияти муҳим дошта, омӯзгоронро зарур аст, бо истифода аз усулҳои муосири таълим барои баланд бардоштани сатҳи забондонии хонандагон ва омода намудани насли рақобатпазир саҳми арзанда гузоранд.   Ҳамзамон, таъкид гардид, ки таҷрибаи омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фаъолияти омӯзгорони ҷавону фаъол бояд ба ҳам пайваста, дар заминаи он барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    4

    06.10.2026
  •  img
    Гусел аз Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 6 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, ба шаҳри Душанбе баргаштанд.   Сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни бошукуҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ давоми се рӯз дар ноҳияҳои Фархор, Восеъ ва шаҳри Кӯлоб сурат гирифт.   Зимни сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фархор 21 иншоот, дар ноҳияи Восеъ 30-то ва дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 42 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.   Истиқлоли давлатӣ дастоварди беназири миллати тоҷик буда, давоми 35 сол ба сифати ҷашни давлатии муқаддас барои созандагиву бунёдкориҳои бемисл, рушду тараққиёт ва пешрафти Ватан заминаи устувор фароҳам овард.   Дар панҷсолаи охир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ҳазорҳо иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нишонаи он аст, ки сокинони сарбаланд ва заҳматпешаи вилоят барои ояндаи дурахшони Ватани маҳбуб ва ҳаёти шоиставу босаодат талошу кӯшишҳои зиёд менамоянд.   Маросим гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо  шаҳомати хоса бо иштироки ҳунармандон, фаъолон ва ҷавонони шаҳри Кӯлоб, барномаи рангини ҳунарӣ ва суруду таронаҳои ватандӯстона дар фазои фараҳмандӣ ва шодию нишот сурат гирифт.   Мардуми саодатманди шаҳри Кӯлоб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фазои эҳтироми хоса ва муҳаббати беандоза гусел намуданд.  

    46

    06.10.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ МТМУ №3-И НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар деҳаи Охҷари Ҷамоати деҳоти Миралиободи ноҳияи Восеъ корҳои таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 анҷом ёфта, муассисаи мазкур ба истифода дода шуд.   Дар маросими ифтитоҳи муассиса муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, менеҷери лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» Нарзия Азатуллозода, менеҷери амалиётии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Осиёи Марказӣ Инду Ҷон-Абрахам, менеҷери кишварии Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Гаэл Рабалланд, мутахассиси соҳаи маориф Алмира Закиева, мушовир оид ба робитаҳои ҷамъиятӣ Ҷаҳона Акбарова, муовини раиси ноҳияи Восеъ, намояндагони соҳаи маорифи ноҳия ва омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур иштирок намуданд.   Бинои муассиса барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст пешбинӣ шуда, аз се ошёна иборат мебошад. Дар он 37 синфхона, аз ҷумла, лабораторияҳои фанҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ, Маркази инкишофи барвақтии кӯдак ва 29 синфхонаи умумитаълимӣ, инчунин, ҳуҷраи кории директор, ҳуҷраи тиббӣ, хонаи омӯзгорон, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ ва ошхона ҷойгир шудаанд.   Дар ҳудуди муассиса инчунин ҳавзи зиддисӯхтор, дегхона, анбор ва манораи обфишор сохта шуда, корҳои ободонӣ ва маҳкам намудани гирду атрофи он анҷом дода шудаанд.   Дар муассиса 1371 хонанда, аз ҷумла 651 духтар, ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, дар Маркази инкишофи барвақтии кӯдак 92 нафар, аз ҷумла, 43 духтар, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои 78 нафар ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.   Дар раванди таъмиру азнавсозии муассиса ба фароҳам овардани муҳити таълимии бехатар, фарогир, солим ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст. Барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил, аз ҷумла барои кӯдакони имконияташон маҳдуд ва дорои эҳтиёҷоти махсус, роҳҳои дастрас, даромадгоҳҳо ва дигар унсурҳои зарурии муҳити дастрас пешбинӣ шудаанд.   Ҳамзамон, муассиса бо шароити зарурии об, санитария ва гигиена таъмин гардида, нуқтаҳои дастшӯӣ ва ҳоҷатхонаҳои мувофиқ ташкил карда шудаанд. Барои духтарон низ шароити муносиб ва бехатари риояи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардида, ҷудокунии санитарии писарону духтарон ба инобат гирифта шудааст.   Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии энергетикӣ ва устувории муассиса ба таъсири тағйирёбии иқлим, истифодаи равшанидиҳии самаранок, беҳтар намудани низоми гармидиҳӣ ва нигоҳдории ҳарорати мувофиқ дар дохили бино пешбинӣ шудааст.   Яке аз самтҳои муҳимми муассисаи нав фароҳам овардани инфрасохтори муосири таълимӣ ва рақамӣ мебошад. Синфхонаи компютерӣ ва шароити зарурӣ барои истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди малакаҳои рақамии хонандагону омӯзгорон заминаи мусоид фароҳам меорад.   Таъмиру азнавсозии МТМУ №3-и ноҳияи Восеъ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар самти беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва таъмини муҳити бехатару фарогири таълимӣ ба ҳисоб меравад.

    2

    06.10.2026