05.03.2025
4 марти соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамои расмии Системаи иттилоотии идоракунии маориф (EMIS) баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ роҳбарияти Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти КВД “Шаҳри ҳушманд”, намояндагони Вазорати маориф ва илм, инчунин дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд.
Лоиҳаи EMIS як системаи муосири иттилоотӣ мебошад, ки бо мақсади рақамикунонии пурраи низоми маориф таҳия шудааст. Ин система барои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумоти оморӣ ва таълимӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, идоракунии муассисаҳои таълимиро шаффоф ва самаранок мегардонад.
Тавре дар ҷараёни муаррифӣ зикр гардид, то имрӯз зиёда аз 300 муассисаи таълимӣ ва 72 шуъбаи маориф ба системаи EMIS пайваст шудаанд. Бо густариши минбаъдаи ин лоиҳа, интизор меравад, ки тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба ин низоми рақамӣ ворид хоҳанд шуд.
Масъулини Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм зарурати рушди минбаъдаи EMIS-ро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин система метавонад идоракунии муассисаҳои таълимиро ба сатҳи нав бардошта, таҳлили дақиқи равандҳои таълимиро таъмин намояд.
Ҳамзамон ҷорӣ намудани ин низомро қадами муҳиме дар самти модернизатсияи низоми таҳсилот, боло бурдани сифати таълим ва таъмини шаффофияти равандҳои таълимӣ арзёбӣ кард.
Бо татбиқи пурраи EMIS, идоракунии маориф дар кишвар ба сатҳи нав ворид шуда, тамоми равандҳои таълимӣ бо истифода аз технологияҳои рақамӣ муосир ва самаранок хоҳанд гардид. Ин раванд на танҳо раванди қабули қарорҳоро дар соҳаи маориф беҳтар месозад, балки заминаи устувореро барои рушди соҳаи маориф дар оянда мегузорад.
🇷🇺 ПРЕЗЕНТАЦИЯ ИНФОРМАЦИОННОЙ СИСТЕМЫ УПРАВЛЕНИЯ ОБРАЗОВАНИЕМ (EMIS)
4 марта текущего года в Государственном учреждении «Республиканский центр информационных технологий и коммуникации» Министерства образования и науки Республики Таджикистан состоялась официальная презентация Информационной системы управления образованием (EMIS). В мероприятии приняли участие руководство Агентства по надзору в сфере образования и науки при Президенте Республики Таджикистан, представители Национального центра тестирования при Президенте Республики Таджикистан, руководство ГУП «Умный город», представители Министерства образования и науки, а также других соответствующих структур.
Проект EMIS представляет собой современную информационную систему, разработанную с целью полной цифровизации системы образования. Эта система предоставляет широкие возможности для сбора, обработки и анализа статистических и учебных данных, делая управление образовательными учреждениями более прозрачным и эффективным.
Как было отмечено в ходе презентации, на сегодняшний день к системе EMIS подключено более 300 образовательных учреждений и 72 районных отделов образования. С дальнейшим расширением этого проекта ожидается, что все образовательные учреждения страны будут интегрированы в эту цифровую систему.
Представители Агентства по надзору в сфере образования и науки подчеркнули необходимость дальнейшего развития EMIS, отметив, что эта система позволит вывести управление образовательными учреждениями на новый уровень и обеспечит точный анализ учебных процессов.
Внедрение этой системы также было оценено как важный шаг в направлении модернизации системы образования, повышения качества обучения и обеспечения прозрачности образовательных процессов.
С полным внедрением EMIS управление образованием в стране выйдет на новый уровень, а все учебные процессы станут современными и эффективными благодаря цифровым технологиям. Этот процесс не только улучшит принятие решений в сфере образования, но и создаст прочную основу для дальнейшего развития образовательной системы в будущем.