25.06.2025

 img

 

25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

 

Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

 

Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.

 

Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.

 

Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.  

 

Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.

 

Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.

 

Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.

 

Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.

 

Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.

 

https://president.tj/event/news/51280

  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img
  • Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    АЗ ВАҲДАТ ТО ШУКУФОӢ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ -НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТ 24 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ – ҳастии давлат ва бақои миллат» баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.   Зимни сухани ифтитоҳии муовини якуми вазири маориф ва илм Ваҳдати миллиро муҳимтарин дастоварди таърихии даврони Истиқлол арзёбӣ намуда, онро заминаи асосии субот, рушди устувор ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ маънидод намуд. Мавсуф иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сарнавиштсоз ба хотири таъмини сулҳ ва барқарорсозии амнияту оромӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди солҳои душвору пурфоҷеаи ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омада, маҳсули иродаи қавии сиёсӣ, хиради таърихӣ ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар таърихи навини миллат Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 27 июни соли 1997, ки рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ҳамчун рамзи олии сулҳу субот ва оғози марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ба ҳисоб меравад.   Дар ҷараёни конференсия баромадҳои муҳимми илмӣ ироа гардиданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои таърих, омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Баҳриддини Пирмуҳаммад дар мавзуи «Истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ – омили муҳимми рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъруза намуд. Мавсуф Ваҳдати миллиро на танҳо дастоварди сиёсиву ҳуқуқӣ, балки падидаи фарҳангию маънавии ҷомеаи тоҷик номид, ки дар шароити печидаи минтақа ва ҷаҳон, пойдории онро вазифаи ҳар як шаҳрванди миллат донист.   Ҳамзамон, доктори илмҳои сиёсӣ, декани факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод дар мавзуи «Ваҳдати миллӣ – такягоҳи устувори ҷомеа» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маҳз ваҳдат шароити мусоиди рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишварро фароҳам оварда, ҷомеаи тоҷикро ба марҳилаи сифатан нави рушди миллӣ ворид сохт.   Қайд гардид, ки мақсади асосии баргузории конференсия бознигарии аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ, таҳкими мафкураи миллӣ, арҷгузорӣ ба сулҳу субот ва тарғиби эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ миёни ҷавонон мебошад. Конференсия дар фазои ҳамандешӣ ва таҳлил ҷараён гирифта, иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва музокираҳо андешаву пешниҳодҳои худро оид ба роҳҳои ҳифзу густариши Ваҳдати миллӣ баён доштанд.   Дар ҷамъбасти конференсия таъкид гардид, ки Ваҳдати миллӣ арзиши муқаддас ва кафили бақои давлату миллат буда, посдориву ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордили ҷомеа ба шумор меравад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    17

    24.06.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ КӮЛОБ   23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқоти ҳамчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок намуданд.   Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон мавқеи баланд ва аҳамияти сарнавиштсоз дорад, самимона табрик намуд. Вазир бо ифтихор аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати сулҳофаринии Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои осуда барои рушди соҳаи маориф талош меварзем.   Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазир таъкид кард, ки таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии рушди маънавию зеҳнии кӯдаконро ташкил медиҳад ва дар ин самт таваҷҷуҳ бояд бештар гардад.   Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ, вазир ҷараёни сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимиро таҳлил намуда, ба масъулин супориш дод, ки раванди сохтмони иншооти таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир ва босифат ба анҷом расонида шаванд.   Вазири маориф ва илм дар идома қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълим, муассисаҳо бояд бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва лавозимоти омӯзишӣ таъмин бошанд. Ин омилҳо барои дар амал татбиқ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот ва рушди қобилияти хонандагон мусоидат мекунанд.   Яке аз масъалаҳои муҳимми муҳокимашуда дар вохӯрӣ, ин сарфа намудани неруи барқ буд. Вазир аз директорони муассисаҳо даъват ба амал овард, ки неруи барқро оқилона истифода намоянд.   Дар интиҳои вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ба иштирокчиён барои заҳмати пайваста дар самти рушду пешрафти маориф изҳори сипос намуда, баён дошт, ки мо, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои рӯзафзуни Пешвои миллат беш аз пеш кӯшиш намоем ва баҳри пешрафти соҳаи маориф саҳми шоиста гузорем.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    84

    24.06.2025
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ   23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб ошно гардид.   Зимни боздид вазир бо роҳбарият ва сохтмончиёни муассисаи таълимӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ таъкид намуд.   Тибқи иттилои пешниҳодшуда, айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 480 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди умумии омӯзгорон 68 нафарро ташкил медиҳад. Муассиса дорои 16 синфхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи технологияи меҳнат, китобхона, ошхона, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ ва 10 утоқи иловагӣ мебошад.   Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуда, ба истифода супорида шавад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    37

    24.06.2025