11.09.2024

 img

11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

 

Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

 

Корҳои сохтмонӣ соли 2019 бо гузоштани санги асос аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, бино дар муҳлати муайяншуда бо тарҳи муосир ва риояи унсурҳои миллии шаҳрсозӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 30 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардида буданд.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои нави Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор 10 ҳуҷраи корӣ ва 44 ҷойи нишаст дошта, ҳуҷраҳо бо мизу курсӣ ва дигар ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

 

Маҷлисгоҳ дар ошёнаи сеюми бино сохта шуда, 100 ҷойи нишаст дорад. Толор бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла, курсиҳои нав ҷиҳозонида шудааст. Минбаъд имкон аст, ки конфронсу мулоқот ва дигар чорабиниҳои маърифатию фарҳангӣ дар ин толор гузаронида шавад.

 

Бино ҳамчунин дорои китобхона, бойгонӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасону шабакаи мустақили гармидиҳӣ мебошад.

 

Дар ошёнаи сеюми бинои маъмурӣ меҳмонхонаи хурд дар 3 ҳуҷра таъсис дода шудааст. Бинои навбунёд бо гармидиҳӣ таъмин гардидааст.

 

Атрофи бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Сангвор чароғон ва сабзу хуррам гардонида шуда, ба маркази ноҳия зебоии хос зам мекунад.

 

Бо бунёд ва мавриди истифода қарор додани бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор барои кормандону мутахассисони соҳа шароити арзандаи корӣ фароҳам оварда шуд. Акнун, аҳли маорифи ин ноҳияи баландкӯҳ имкон доранд, ки фаъолиятро беҳтар ба роҳ монда, барои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва таълиму тарбияи хонандагон саҳми муносиб гузоранд.

 

Ҳоло дар ноҳияи Сангвор 58 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 5 ҳазору 176 нафар хонанда фаъолият дорад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо иншооти нав ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба кормандони соҳаи маориф ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсил, истифодаи васеи технологияҳои муосир, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 

Қариб 50 дарсади кормандони шуъбаи маорифи ноҳияи Сангворро занон ташкил медиҳанд. Соли равон 22 нафар тибқи квотаи президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дохил шудаанд, ки 11 нафарашон духтарон мебошанд. Дар маҷмуъ давоми солҳои охир 200 нафар духтарони ноҳия тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои олии таълимӣ дохил шудаанд.

  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img
  • Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маориф дар ноҳияи Сангвор img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи 7 муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Ванҷ   25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар стоун” ба таври маҷозӣ 7 муассисаи таълимии томактабӣ, ки дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Бунай, Техарв ва Ғуҷовасти ноҳияи Ванҷ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.   Муассисаҳои таълимии томактабии навбунёд аз 20 синфхона иборат буда, барои 380 тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Дар онҳо 34 нафар бо кори доимӣ таъмин гардиданд.   Иҷрои корҳои сохтмонии муассисаҳои мазкур моҳҳои феврал-июни соли 2025 ҷараён ёфтааст.   Мувофиқи маълумот 4 муассисаи таълимии томактабӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллии вилоят ва 3 муассисаи дигар аз ҳисоби сокинони деҳаҳо тариқи ҳашар сохта шудааст.   Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур ба мушкилоти фарогирии кӯдакон ба зинаи аввали таҳсилот дар ин деҳаҳои дурдаст хотима мебахшад.     Муассисаҳои таълимии томактабӣ дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар хусуси бунёду барқарорсозии муассисаҳои томактабӣ баён гардида буд, сохта шудааст.   Тадбири мазкур аз як тараф иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳаст.   Дар муассисаҳои томактабии навтаъсис 17 гуруҳи таълимӣ амал намуда, машғулиятҳо бо ду забон – тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар деҳаҳои дурдаст, хусусан минтақаҳои кӯҳӣ таъсис додани муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба истифода додани онҳоро туҳфаи арзанда ба кӯдакон маънидод карданд.   Қобили зикри хос аст, ки ҳоло дар ноҳияи Ванҷ 2 ҳазору 867 кӯдаки синни томактабӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бо бунёд гардидани 7 муассисаи томактабӣ, фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 38 фоиз баробар мегардад. Аз ин бармеояд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ ва муҳайёсозии инфрасохтор дар ин зинаи таълим ҳамеша даст ба кор аст ва натиҷаҳо низ дар ин раванд бороваранд.   Бояд гуфт, ки тарбия ва ба таҳсили хушсифат фаро гирифтани насли наврас аз ҳадафҳои муҳимми давлат дониста мешавад ва талошҳо ба он равона шудаанд, ки кӯдакон дар шароити хуб парвариш ёфта, оянда барои пешрафти диёри худ саҳми арзанда гузоранд.   https://president.tj/event/news/51280

    13

    25.06.2025
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №9-И ШАҲРИ КӮЛОБ   23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и шаҳри Кӯлоб ошно гардид.   Зимни боздид вазир бо роҳбарият ва сохтмончиёни муассисаи таълимӣ мулоқот анҷом дода, ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ таъкид намуд.   Тибқи иттилои пешниҳодшуда, айни замон дар муассисаи таълимии мазкур 480 хонанда дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Теъдоди умумии омӯзгорон 68 нафарро ташкил медиҳад. Муассиса дорои 16 синфхона, 2 синфхонаи компютерӣ, 1 синфхонаи технологияи меҳнат, китобхона, ошхона, толори варзишӣ, толори фарҳангӣ ва 10 утоқи иловагӣ мебошад.   Ҳамзамон, дар назар дошта шудааст, ки дар назди муассиса Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуда, ба истифода супорида шавад.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    30

    24.06.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ КӮЛОБ   23 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқоти ҳамчунин муовини раиси шаҳри Кӯлоб ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон низ иштирок намуданд.   Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм ҳамаи иштирокчиёнро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар таърихи навини Тоҷикистон мавқеи баланд ва аҳамияти сарнавиштсоз дорад, самимона табрик намуд. Вазир бо ифтихор аз хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ёдовар шуда, таъкид дошт, ки маҳз бо роҳбарии оқилона ва сиёсати сулҳофаринии Сарвари давлат имрӯз мо дар фазои осуда барои рушди соҳаи маориф талош меварзем.   Дар ҷараёни вохӯрӣ як қатор масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вазир таъкид кард, ки таҳсилоти томактабӣ заминаи асосии рушди маънавию зеҳнии кӯдаконро ташкил медиҳад ва дар ин самт таваҷҷуҳ бояд бештар гардад.   Вобаста ба талаботи рӯзафзуни ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ, вазир ҷараёни сохтмон ва таъмири муассисаҳои таълимиро таҳлил намуда, ба масъулин супориш дод, ки раванди сохтмони иншооти таълимӣ бо назардошти талаботи замони муосир ва босифат ба анҷом расонида шаванд.   Вазири маориф ва илм дар идома қайд кард, ки барои баланд бардоштани сатҳи таълим, муассисаҳо бояд бо кабинетҳои фаннӣ, таҷҳизоти ҳозиразамон ва лавозимоти омӯзишӣ таъмин бошанд. Ин омилҳо барои дар амал татбиқ намудани стандартҳои давлатии таҳсилот ва рушди қобилияти хонандагон мусоидат мекунанд.   Яке аз масъалаҳои муҳимми муҳокимашуда дар вохӯрӣ, ин сарфа намудани неруи барқ буд. Вазир аз директорони муассисаҳо даъват ба амал овард, ки неруи барқро оқилона истифода намоянд.   Дар интиҳои вохӯрӣ, вазири маориф ва илм ба иштирокчиён барои заҳмати пайваста дар самти рушду пешрафти маориф изҳори сипос намуда, баён дошт, ки мо, аҳли маорифи кишварро зарур аст, ки дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои рӯзафзуни Пешвои миллат беш аз пеш кӯшиш намоем ва баҳри пешрафти соҳаи маориф саҳми шоиста гузорем.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    73

    24.06.2025