ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»

18.03.2024

18-уми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи дуюми Шурои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» доир гардид. Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорат, намояндагони дигар вазорату идораҳо ва мушовирони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Сараввал, вазири маорфи ва илм ҳозиринро бо фарорасии фасли зебои сол - баҳори нозанин ва ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» роҳандозӣ гардид, ки мақсад аз амалигардонии лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омӯзиш дар ҳар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Дар натиҷаи ба пуррагӣ ва самаранок иҷро шудани иқдомоти ба нақша гирифташудаи лоиҳаи мазкур муассисаҳои таълимӣ боз ҳам бо шумораи бештари таҷҳизоти фаннӣ ҷиҳозонида мешаванд, муҳити таълим замонавӣ ва имконияти таҳсилоти босифат фарох мегардад.

Сипас, маърӯзаи муовини вазири маориф ва илм Дилшод Сафарзода вобаста ба нуқтаҳои асосии фаъолияти лоиҳа оид ба дастгирии таҳияи «Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.

Дар идома, Музаффарзода Бадриддин - ҳамоҳангсози лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» вобаста ба рафти татбиқи лоиҳаи болозикр ва аъзоёни шуро вобаста ба самтҳои гуногуни лоиҳа баромад намуданд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img
  • ҶАЛАСАИ ДУЮМИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ БАЙНИИДОРАВӢ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «МУҲИТИ ТАЪЛИМ – АСОСИ ТАҲСИЛОТИ БОСИФАТ»  img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Дар филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе семинари ҷадвали 10-холаи баҳодиҳӣ баргузор гардид Бо дастгирии лоиҳаи "Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 4 то 5 ноябр дар филиали Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорон дар шаҳри Душанбе семинари ҷадвали 10-холаи баҳодиҳӣ баргузор гардид. Дар ин семинар намояндагони шӯъбаҳои маорифи ноҳияви ва методистони мактабҳо ҷамъ шуданд барои омӯхтани системаи нави баҳодиҳӣ, ки дар 140 мактаб озмоиш мешавад. Семинар ҳамчун платформа барои иштирокчиён барои муҳокима ва ҳамкорӣ дар бораи усулҳои инноватсионии арзёбӣ дар таҳсилоти миёна хидмат кард. Ҷадвали баҳодиҳии 10-хола инъикоси дақиқи фаъолияти донишҷӯёнро таъмин карда, дар муқоиса бо ҷадвали 5-хола эътирофи бештар ба саъю кӯшиш ва пешрафти донишҷу фароҳам меорад.

    91

    06.11.2024
  •  img
    Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии WALS-2024 баргузор гардид. Аз 24 то 26 сентябри соли 2024, дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии WALS-2024 (Асотсиатсияи ҷаҳонии омузиши дарс) баргузор гардид. Дар конфронс ректори Донишкадаи такмили ихтисос Наврӯз Мирзозода ва сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода иштирок карданд. Чаҳорчӯби WALS аҳамияти банақшагирии муштараки дарс, мушоҳида ва такмилро ҳамчун воситаи баланд бардоштани сифати таълим таъкид мекунад. Мисолҳои амалӣ аз Ҷопон, Малайзия ва Қазоқистон таъсири мусбатии омузиши дарсро (LS-ро) ба рушди омӯзгорон ва фаъолияти донишҷӯён нишон доданд. Мақсади иштирок дар чорабинии мазкур мутобиқ кардан ва амалӣ намудани таҷрибаҳои WALS ва омузиши дарс (LS) дар Тоҷикистон барои рушди касбии муаллимон, беҳтар кардани натиҷаҳои дарсҳо ва баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим.

    85

    27.09.2024
  •  img
    Озмоиши системаи баҳогузории 10-холӣ дар 140 мактаб бо дастгирии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид. Озмоиши системаи баҳогузории 10-холӣ дар 140 мактаб бо дастгирии лоиҳаҳои Иттиҳоди Аврупо оғоз гардид. Бо дастгирии лоиҳаи «Иттиҳоди Аврупо аз соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мешавад, аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар 140 мактаб дар саросари Тоҷикистон озмоиши системаи баҳодиҳии 10-холаро шурӯъ кардаанд. Ин система арзёбии муфассалтар ва дақиқитари фаъолияти донишҷуёнро таъмин намуда, дар муқоиса бо ҷадвали 5-хола эътирофи бештар ба саъю кӯшиш ва пешрафти донишҷу фароҳам меорад. Озмоиш давоми соли хониш идома медиҳад ва баъд аз он Вазорати маориф ва илм самаранокии онро барои татбиқи эҳтимолӣ дар саросари кишвар арзёбӣ мекунад. Ин ташаббус қадами муҳим дар самти баланд бардоштани стандартҳои таҳсил дар Тоҷикистон мебошад.

    80

    18.09.2024