ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид. Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт. Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик дар умум 51 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мебошад, инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад. Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини сарвазир - вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода ширкат варзида, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд. Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намуда, парчами илми тоҷикро баланд бардоранд.98
14.12.2025
-
СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати роҳбари синф, такмили фаъолияти тарбиявӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор озмуни вилоятии «Роҳбари синфи сол» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд баргузор гардид. Озмун тибқи талабот ва меъёрҳои тасдиқшуда аз рӯйи 5 бахш гузаронида шуда, дар он фаъолияти касбӣ, малакаи ташкилотчигӣ, кор бо хонандагону волидон, ташаккули тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ ва саҳми роҳбарони синф дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар ҷамъбасти шартҳои ниҳоии озмун муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҷӯразода оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши калидии онҳо дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа ибрози назар карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон, бахусус роҳбарони синф, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки роҳбари синф ҳамчун пайвандгари асосии мактаб, оила ва ҷомеа масъулияти муҳимро ба уҳда дошта, фаъолияти пурсамари ӯ метавонад дар беҳтар гардидани муҳити тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории мактабу волидон нақши муассир бозад. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, қадрдонии онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо дар ҷаласаи навбатии раёсати маорифи вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.53
13.12.2025
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ МУАССИСАҲОИ МАРБУТАИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ОИД БА ТАТБИҚИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ HSK Муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин дар шаҳри Пекин вохӯрии корӣ бо намояндагони ду сохтори асосии соҳаи омӯзиши забони чинӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқот доктор Ли Пейзэ роҳбари Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ, ки масъули баргузории озмоишҳои байналмилалии HSK мебошад, иштирок дошт. Ҳамзамон дар вохӯрӣ Ли Пан, муовини мудири шуъбаи маркетинги ширкати «ChinesePlus» низ ширкат варзид. Ҷонибҳо масъалаи муҳимми таъмини дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба имтиҳони байналмилалии HSK-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи пешниҳоди Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ҷониби чинӣ омодагии худро барои кушодани намояндагии расмии HSK дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои ройгони омодагӣ барои донишҷӯён ва муҳассилини тоҷик ва баргузории имтиҳони байналмилалии HSK дар кишвар изҳор намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки таъсиси маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK дар Тоҷикистон ба садҳо донишҷӯи тоҷик имконият медиҳад, ки бе хароҷоти сафар ба хориҷ, дар дохили кишвар сертификати байналмилалӣ ба даст оранд ва барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои беҳтарини Чин омода шаванд. Бояд гуфт, сертификати байналмилалии HSK яке аз муҳимтарин санадҳои забономӯзӣ ба шумор рафта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти калидӣ дорад. Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ ва платформаи «ChinesePlus», ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мекунанд, ташкилотҳои расмии давлатӣ буда, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва санҷишии забони чинӣ дар ҷаҳонро ҳамоҳанг месозанд.40
12.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
11.12.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
09.12.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор