
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
МАРОСИМИ РАСМИИ ИФТИТОҲИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 21 октябри соли 2025 дар толори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, аъзои ҳакамон ва иштирокчиёни озмун иштирок намуданд. Муовини Сарвазири кишвар зимни сухани ифтитоҳӣ иброз намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи илм, татбиқи сиёсати илмӣ-техникӣ, таҳкими заминаҳои илмомӯзӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқону навовари миллӣ ба яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Маҳз дар партави ин сиёсати созанда ва бо мақсади боло бурдани нақши илму дониш дар рушди ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он иборат аз ҳавасманд гардонидани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиӣ, таҳкими тафаккури таҳлилӣ, рушди қобилиятҳои илмии насли наврас ва татбиқи донишҳои илмӣ дар амалия мебошад. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷамъбасти даври сеюм 667 нафар довталаб, аз ҷумла, 227 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типпи нав, 183 нафар донишҷӯ ва 41 нафар намояндаи касбу кори гуногун ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Пас аз анҷоми қисми расмии ифтитоҳ, муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илм ва дигар намояндагони расмӣ аз рафти баргузории озмун боздид намуда, бо ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён суҳбат оростанд. Сипас, раиси комиссияи озмун аз рафти пурсишу посухи аъзои ҳакамон ва иштирокдорони озмун аз наздик шинос шуд. Муовини Сарвазир аз сатҳи омодагии довталабон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён дар озмун муваффақият таманно кард. Ҳамзамон, раиси комиссия ба масъулин дастур дод, ки фаъолияти комиссияи аппелятсионӣ пурра таъмин гардад, то дар ҳолати пайдо шудани савол ё эътироз аз ҷониби иштирокчиён, баррасии масъалаҳо дар муҳити одилона, тибқи Низомнома амалӣ карда шавад. Дар идома, муовини Сарвазир, вазири маориф ва илм ва дигар аъзои ҳайати роҳбарикунанда дар саҳни донишгоҳ бо устодон, волидони иштирокчиён ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ мулоқот намуда, аз аҳамияти озмуни мазкур, нақши волидон дар дастгирии истеъдоди фарзандон ва масъулияти муассисаҳои таълимӣ дар рушди неруи зеҳнии хонандагону донишҷуён ёдовар шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
39
21.10.2025
-
ДУРДОНАҲОИ ИЛМ Бобозода Билол-донишҷӯи соли чоруми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар ш. Хуҷанд мебошад. Ӯ дар номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок дорад. Дастоварди Билол Бобозода дар озмун ин барномаи веб-замимаҳои тиббӣ-интеллектуалӣ мебошад. - Ин барнома ба кормандони тиб имкон медиҳад, то дақиқ беморонро ташхис намуда, бемориашонро аниқ кунанд. Яъне, ин барнома сифати ташхисро беҳтар месозад. Барнома зиёда аз даҳ ҳазор бемориҳо, аз қабили антология, диабет, дилу рагҳои хунгард, майнаи сарро аниқ мекунад. Мо пеш аз коркарди барнома дар сатҳи байналмилалӣ тадқиқот гузаронидем, ки дурустии ташхиси духтурон 85 дарсад буда, дурустии ташхиси зеҳни сунъӣ 95 дарсадро ташкил мекунад. Мақсади мо ин аст, ки барои духтурон ёрдамчии интеллектуалӣ созем, ки барои ташхиси хуб ёрӣ расонад. Ҳашт моҳ мешавад, ки ин барнома дар панҷ беморхонаи шаҳри Хуҷанд мавриди амал қарор дорад ва ният дорем, онро дар тамоми беморхонаҳои кишвар роҳандозӣ намоем. Шаш моҳ пеш дар Форуми байналмилалии “Стартап Азия”, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, мо бо барномаи худ иштирок кардем, дар он ҷо аз тамоми давлатҳои Осиё иштирокчиён буданд ва барномаи мо дар қатори 100-гонаи беҳтарин дохил шуд. Дар он ҷо кормандони соҳаи тиб буданд, бо мо дар алоқа шуданд, то барномаро дар он давлатҳо роҳандозӣ намоем ва мо иқдом дорем, ки аввал дар Тоҷикистон амалӣ намуда, пас ба он ҷо барем,-мегӯяд Бобозода.
34
21.10.2025
-
БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДИЛРАБО МАНСУРӢ АЗ ҶАРАЁНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ” 21 октябри соли равон дар факултетҳои технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот ва сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз рӯи номинатсияҳои “Иътироъкорӣ ва навоварӣ”, “зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ” ва “технологияи иттилоотӣ” оғоз гардид, ки дар маросими ифтитоҳии озмун муовини Сарварзири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ташриф оварданд. Муовини Сарварзир аз маконҳои баргузории озмун, утоқи волидайн муҷаҳҳаз бо оинаи нилгун, ки рафти баргузории озмунро ҷиҳати шаффоф баргузор гаштан назорат мебаранд, аз ҳуҷраи комиссияи апелиатсионӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ошхона ва толори баргузории озмун дидан намуда, ба масъулин таъкид намуданд, ки даври ҷумҳуриявии озмунро бо риоя намудани шаффофият ва дар сатҳи баланд бо истифода аз озмоишгоҳҳои замонавии дорои шароити хуби корӣ баргузор намоянд. Ҳамзамон қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», бевосита таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Соли 2025 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун, бедор намудани завқи эҷодкориву кашфиёт дар ниҳоди довталабон дар озмун номинатсияи нав - «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» илова карда шуд. Дар анҷом, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндаи Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳои дахлдор, аъзои ҳакамон ва масъулини Донишгоҳи техникии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани озмун супоришҳои мушаххас дод.
14
21.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар - 30.09.2025 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор