ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
УСУЛИ МАКТАБ БА МАКТАБ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №4-И ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ Дар доираи корҳои фаҳмондадиҳӣ таҳти унвони “Усули мактаб ба мактаб” бо роҳбарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар муассисаи таълимии №4-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини соҳаи иҷтимоии раиси шаҳр, мудири шуъбаи маориф, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, падару модарони толибилмон ва дигар фаъолони ҷомеа иштирок намуданд. Ёдовар мешавем, ки давоми рӯз гурӯҳҳои корӣ фаъолияти муассисаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, дар назди падару модарон вобаста ба ҳолати ҷойдошта ҳисобот пешниҳод карданд. Гурӯҳи корӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва афзоиши дастовардҳои хонандагон тавсияҳои мушаххас ироа намуд. Зимни суханронӣ З. Абдулзода доир ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳаммияти дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф андешаронӣ намуд. Ҳамчунин, мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» шарҳ дода шуда, зарурати таҳкими ҳамкории падару модарон бо муассисаҳои таълимӣ таъкид гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими таълим, аз ҷумла риояи талаботи либоси ягонаи мактабӣ, таъмин будани хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва дигар лавозимоти хониш, назорати давомот ва рӯзномадорӣ, иштироки фаъолонаи толибилмон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва фаъол гардонидани падару модарон баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба эълон гардидани солҳои 2026–2030 ҳамчун “Солҳои фарҳанги китобхонӣ” равона гардида, ҷиҳати беҳтар намудани шароити китобхонаҳои муассисавию ҷамоавӣ ва истифодаи самараноки китобҳои электронӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд. Ҳамзамон, масъалаҳои эмин нигоҳ доштани насли наврас аз ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва дигар амалҳои номатлуб мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор гирифтанд. Лозим ба таъкид аст, ки аз тарафи сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон нисбат ба масъалаи давомоти хонандагон дар дарс, назорати дохилимуассисавӣ ва донишу ҷаҳонбинии толибилмони муассиса изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид шуд, ки татбиқи “Усули мактаб ба мактаб” бо дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо амалӣ гардида, ба иҷрои амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат равона шудааст. Дар идомаи вохӯрӣ инчунин аз дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, зарурати баланд бардоштани масъулияти омӯзгорон ва падару модарон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва афзоиши дастовардҳои хонандагон таъкид гардид.29
21.02.2026
-
ДАВРИ ДОХИЛИМУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ДАСТАВИИ “ҶИЛОИ ДОНИШ” МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 6-УМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ 21 - уми феврали соли ҷорӣ даври дохилимуассисавии озмуни даставии "Ҷилои дониш" дар 51 муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе миёни хонандагони синфҳои 6 – ум баргузор гардид, ки дар ин озмун зиёда аз 10 ҳазор нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд. Озмун дар синфҳои мазкур аз фанҳои забони модарӣ, русӣ, англисӣ, таърих, математика, ботаника ва география гузаронида шуд. Бовар дорем, ки баргузории чунин озмунҳо дар муассисаҳои таълимӣ ояндаи равшан, зиракии зеҳнӣ ва худбоварии насли наврасро таъмин хоҳад намуд.30
21.02.2026
-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 20 феврали соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратии назди вазири маориф ва илм баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати вазири маориф ва илм баргузор шуда, дар кори он муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва дигар масъулони соҳа иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа, нахуст масъалаи таҳқиқи вазъи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллии хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала мудири шуъбаи педагогика ва методикаи таълими Академия Ф. Гулмадов гузориш пешниҳод намуд. Зикр гардид, ки ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар миёни хонандагон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф буда, тақвияти корҳои тарбиявӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн дар ин раванд аҳамияти калидӣ дорад. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбиявӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Сипас, масъалаи хизматрасонии психологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Аз рӯи масъалаи мазкур директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ С. Ниёзӣ маъруза намуда, вазъи кунунии хизматрасонии психологӣ, нақши равоншиносон дар муҳити таълимӣ ва зарурати тақвияти корҳои машваратӣ бо хонандагону омӯзгоронро шарҳ дод. Дар ҷараёни муҳокима таъкид гардид, ки беҳтар намудани фазои равонӣ дар муассисаҳои таълимӣ, пешгирии ҳолатҳои номатлуб миёни хонандагон ва баланд бардоштани маърифати психологии иштирокчиёни раванди таълим аз вазифаҳои муҳимми соҳа маҳсуб меёбанд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулон ҷиҳати иҷрои босифати вазифаҳои гузошташуда ва андешидани тадбирҳои иловагӣ барои таҳкими корҳои тарбиявию психологӣ дар муассисаҳои таълимӣ супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон101
20.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» Бештар -
18.02.2026
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол»
Озмуни ҷумҳуриявии «Магистранти сол» Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор