ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
НИШАСТИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 30 январи соли 2026 нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Адҳам Маъмурзода, муовини якуми вазир, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои вилоятҳои Хатлон, ВМКБ ва 40 нафар намояндаи васоити ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд. Дар нишаст аз ҷониби 17 нафар намояндаи ВАО 29 савол пешниҳод гардид, ки ба ҳар кадоми он вазири маориф ва илм, муовинони вазир, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳо посухҳои мушаххас доданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон246
30.01.2026
-
БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ МТМУ №26-И НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз ҷараёни сохтмони бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дидан намуд. Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншооти мазкур бо риояи меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шуда, дорои синфхонаҳои барҳаво, утоқҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо ва дигар шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи босифат мебошад. Қайд гардид, ки бинои нави муассисаи таълимӣ тибқи нақша дар нимсолаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешавад. Иҷрои ин лоиҳа имкон медиҳад, ки мушкилоти норасоии ҷойи нишаст бартараф гардида, сатҳи фарогирии хонандагон ба таҳсил беҳтар шавад ва инфрасохтори соҳаи маориф дар маҳал рушд ёбад. Бояд гуфт, сохтмон бинои мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарикии Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна» ба нақша гирифта шудааст.197
26.01.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 26.01.2026 Бештар
-
26.01.2026
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! Бештар -
09.01.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (EXTENSION OF DEADLINE) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор