ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Вохӯрӣ бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Форуми сулҳ ва эътимод дар шаҳри Ашхобод бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов мулоқот намуданд. Дар мулоқот як зумра масоили вобаста ба таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҷонибдори дар руҳияи шарикии стратегӣ рушд додани ҳамкорӣ бо Туркманистон мебошад. Таваҷҷуҳи зиёд ба тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, густариши робитаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар самтҳо зоҳир гардид. Алоқамандии ҳарду кишвар ба густариши робитаҳои фарҳангию башарӣ таъкид гардид. Дар ҷараёни суҳбат, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ мавриди назари ҷонибҳо қарор доштанд.42
11.12.2025
-
Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд. Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.40
11.12.2025
-
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «НОБИҒАИ НАВРАС» 11 декабри соли ҷорӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Нобиғаи наврас» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан, муовини якуми ректори Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Айнулозода Наҳтулло, ҳайати роҳбарият ва кормандони маркази ҷумҳуриявӣ омӯзгорон ва наврасони лаёқатманд аз вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир гардид. Зимни суханронӣ муовини вазири маориф ва илм бо такя ба сиёсати маорифпарваронаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қайд намуд, ки омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа, рушду такомули тафаккури насли наврас ва омода намудани кадрҳои баландихтисос аҳамияти басо калон дорад. Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби хонандагон ба илмҳои дақиқ, дарёфти истеъдодҳои нав, таҳкими тафаккури муҳандисӣ ва баланд бардоштани қобилияти таҳлилӣ ташкил гардида, аз чор марҳила - мактабӣ, (ноҳиявӣ, шаҳрӣ), вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иборат буд. Дар тамоми марҳилаҳо зиёда аз 2720 нафар хонандагони фаъол ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар даври ҷумҳуриявӣ хонандагон дониши худро аз рӯи чор номинатсия - математика, физика, химия, биология, нишон дода, тибқи натиҷаи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун сатҳи омодагии иштирокчиён назаррас баланд гардида, рақобати солим миёни наврасон таъмин шуд. Дар анҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бо ифтихорнома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.21
11.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
11.12.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
09.12.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор