ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО БОНКИ УМУМИҶАҲОНӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Имрӯз, 4 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи миссияи корӣ оид ба арзёбии рафти амалигардонии лоиҳаи “Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва лоиҳаи мазкур иштирок намуданд. Вохӯриро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфт. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳо дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои судманд миёни вазорат ва Бонки Умумиҷаҳонӣ нақши муҳим доранд. Зикр шуд, ки лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» яке аз лоиҳаҳои калидии соҳаи маориф ва илм ба шумор рафта, барои татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот барои давраи то соли 2044 заминаи устувор фароҳам меорад. Дар доираи татбиқи лоиҳа як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим, аз ҷумла, “Чаҳорчӯбаи миллии рушди таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, санадҳои меъёрӣ оид ба мониторинг ва арзёбии сифати таълим, аттестатсия ва аккредитатсияи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, инчунин роҳнамоҳо ва методикаҳои дахлдор таҳия ва ба тасвиб расонида шуданд. Ҳамзамон, ҷиҳати татбиқи тартиби нави арзёбии сифати таҳсилот барои кормандони сохторҳои марбута ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Дар ҳамкорӣ бо Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 120 нафар тренерон омода гардида, зиёда аз 3500 нафар омӯзгорон ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки доираи лоиҳа 2 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шуда, дар 9 муассисаи дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд. Таъкид карда шуд, ки соли 2025 озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS бо иштироки хонандагони синфҳои 4-ум дар 42 муассисаи таҳсилоти умумии 25 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор гардида, айни замон марҳилаи асосии он аз 14 апрел то 6 майи соли 2026 дар 171 муассисаи таҳсилоти умумии 52 шаҳру ноҳия идома дорад. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо ба таври муфассал масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, ҷалби сарчашмаҳои иловагӣ, баланд бардоштани сифати банақшагирӣ ва лоиҳакашии иншооти таълимӣ, мутобиқ намудани онҳо ба стандартҳои муосири байналмилалӣ, инчунин суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои таҳсилоти умумиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба масъалаи таъмин ва васеъ намудани дастрасии муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, тақвияти инфрасохтори иттилоотию коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи саводнокии рақамии омӯзгорону хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Иштирокдорон инчунин оид ба такмили механизмҳои мониторинг ва арзёбии сифати таҳсилот, густариши таҷрибаҳои пилотӣ, истифодаи усулҳои муосири идоракунии лоиҳаҳо, тақвияти иқтидори кадрӣ ва идоракунӣ дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда, татбиқи марҳилаҳои минбаъдаи лоиҳа ва ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ дар соҳаи маориф таъкид намуданд. Дар фарҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба Бонки Умумиҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста, саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф ва илм, татбиқи лоиҳаҳои муҳим ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори миннатдорӣ баён намуда, изҳор доштанд, ки чунин ҳамкориҳо дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва фароҳам овардани муҳити муосири таълимӣ дар кишвар нақши калидӣ мебозанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон6
04.05.2026
-
Ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 май таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амният, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти кишвар баргузор гардид. Дар ҷаласа, ки бо иштироки аъзои Шурои амният, Раиси Маҷлиси миллӣ, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони сохторҳои қудратию низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, масоили вобаста ба бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табиӣ, рафти даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ, риояи тартиботи ҳуқуқӣ ва оинномаҳои низомӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар воҳидҳои ҳарбӣ, идомаи бомароми сохтмони биною иншооти зарурӣ дар сарҳадот, таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа баррасӣ шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши роҳбарони масъулро доир ба ин ва дигар масоили ҳалталаб шунида, барои бартараф намудани мушкилу камбудиҳои мавҷуда дар назди сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд.5
04.05.2026
-
БАРРАСИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН 2 майи соли 2026 дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманду муҳимми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо фаъолони ноҳия баргузор гардид. Вохӯрии мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 апрели соли 2026 баён гардиданд, доир шуда, ҳадафи он татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар маҳал ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар оғози вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, барои ҳамаи сохторҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардида, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ба 108,3 фоиз баробар шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз устувории иқтисоди миллӣ ва самаранокии тадбирҳои андешидашуда шаҳодат медиҳанд. Ҳамзамон, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла коҳиш додани бақияпулиҳои андоз, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, дар ин замина зарурати афзоиши фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, татбиқи босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад. Дар идомаи суханронӣ омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун вазифаи калидӣ арзёбӣ гардида, зикр шуд, ки иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар сатҳи кишвар ба 106,7 фоиз расонида шудааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда набуда, тақозо мегардад, ки корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият дода шаванд. Ба масъулини ноҳияи Кӯшониён супориш дода шуд, ки то 15 май барномаи мукаммали омодагӣ ба ҷашни мазкурро таҳия ва тасдиқ намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ, ки барои ноҳияи Кӯшониён аҳамияти калидӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки ноҳия ҳамчун яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзӣ бояд бо истифодаи самараноки замин, афзоиши майдони кишти зироатҳо ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас гузорад. Дар баробари ин, масъалаи рақамикунонӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ низ матраҳ гардида, зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мавҷуда қонеъкунанда бошанд ҳам, талаботи замон тақозо мекунад, ки гузариш ба низоми пурраи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъмин карда шавад. Дар қисмати марбут ба соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 64,9 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда масъулияти кормандони соҳа ва мақомоти маҳаллиро дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия боз ҳам бештар мегардонад. Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва сокини кишвар ба шумор меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон41
02.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор