ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид. Дар роҳпаймоии мазкур аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд. Роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии мазкур фаъолона ширкат намуданд.25
24.11.2025
-
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРИЯТИ МАРКАЗИ ТИББИИ ДОНИШГОҲИ ҲАКЕНСАК ДАР НЮ-ЙОРК Дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин бо роҳбарияти Маркази тиббии Донишгоҳи Ҳакенсак мулоқоти корӣ баргузор намуд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти таҳсилоти тиббӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо бахусус вобаста ба имкониятҳои гузаронидани резидентураи тиббӣ, ташкили таҷрибаомӯзии амалӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби мутахассисони ҷавони тоҷик ба барномаҳои таълимии Маркази тиббии Донишгоҳи Ҳакенсак табодули назар намуданд. Роҳбарияти Маркази тиббӣ омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои нави ҳамкорӣ, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва ҷалби донишҷӯён ва табибони ҷавон аз Тоҷикистон изҳор кард. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки рушди ҳамкориҳои тиббӣ миёни муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои клиникии ҷаҳонӣ ба таҳкими кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб мусоидат хоҳад кард.36
22.11.2025
-
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО РОҲБАРИ ТАШКИЛОТИ АКАДЕМИИ «BRIGHT» Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода бо роҳбари Ташкилоти академии «Bright» Довлет Кличнийязов мулоқот анҷом дод. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар самти рушди ҳаракати олимпӣ ва боло бурдани сатҳи тайёрии хонандагони болаёқат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки ҳамкории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ташкилоти академии «Bright» бомақсади тақвияти иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ роҳандозӣ мегардад. Ташкилоти «Bright» таҷрибаи ғании баргузории 17 олимпиадаи байналмилалӣ, аз ҷумла Angkor Mathematics Competition, Kangaroo, Komodo Math Competition, Spirit of Math, International Math Challenge, IMEC, Young Master Challenge, World Scholar’s Cup, Teen Eagle, HIPPO, Bright Youth Model United Nations, Owlypia, Genius, IWISE, VILIPO, STEMCO ва дигар мусобиқаҳои бонуфузро дорост. Хонандагони тоҷик солҳо боз дар ин олимпиадаҳо фаъолона ширкат мекунанд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки консепсияи ҳамкорӣ ҳадафҳои стратегӣ ва амалии дуҷонибаро дар бар гирифта, ҷанбаҳои илмӣ, методӣ ва технологиро фаро мегирад. Зимни суҳбат ҷонибҳо барномаҳои ҳамкории муштарак, аз ҷумла, фароҳамовардани шароити мусоид барои иштироки хонандагони тоҷик дар даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии АМС, бароҳ мондани баргузории олимпиадаи байналмилалии Хайём «KhIMIO» аз фанҳои математика ва информатика дар Тоҷикистон бо ҷалби ҳарчи бештари кишварҳои хориҷ, такмили ихтисоси омӯзгорон бо истифода азтехнологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири таълим, ташкили курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ барои омӯзгорони мактабҳои президентӣ, гимназияҳо ва литсейҳои барои хонандагони болаёқат, ки бо забони англисӣ дарс мегӯянд, барқарорсозии синфҳои англисизабон дар муассисаҳои махсус барои хонандагони боистеъдод, омодасозии омӯзгорони кор бо хонандагони боистеъдод, баргузор намудани курсу семинарҳои махсус, ташкили лагерҳои истироҳатӣ-таълимӣ барои ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ, роҳнамоии ғолибон барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ ва дарёфти стипендияҳо, ташкили табодули таҷриба миёни омӯзгорон ва кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои Тоҷикистон бо мутахассисони «Bright» ва ғайраро баррасӣ намуданд. Муовини вазир ҳамкории навро барои рушди ҳаракати олимпӣ, дастгирии хонандагони боистеъдод ва боло бурдани сатҳи таълим дар кишвар муҳим арзёбӣ намуд. Дар охир ҷонибҳо омодагии худро барои татбиқи нақшаҳои муштарак ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд.35
22.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор