ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ДОНИШ ХУРШЕДИ ОЛАМОРОСТ Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2026-2027 Ҳамватанони азиз! Устодон, шогирдон ва падару модарони гиромӣ! Дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, инак, боз соли нави таҳсил оғоз гардида, паём аз марҳалаи тозаи омӯзиши илму дониш ва фарҳангу маърифат меоварад. Ин пайки басо фараҳбахшу нишотоварро ба аҳли таълиму тарбия ва тамоми алоқамандони соҳаи маорифи кишвари маҳбубамон самимона табрик мегӯям. Дар ҷумҳурии мо солҳост, ки дар оғози ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳо Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш таҷлил мегардад. Маълум аст, ки ҳадаф аз таҳсил донишандӯзист ва бузургон донишро ҳамбаста ба нерую тавоноӣ, комёбию шарафмандӣ донистаанд. Ҳамосасарои бузург Абулқосими Фирдавсӣ дар ин боб фармудааст: Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад, Ба гуфтору кирдор беҳтар бувад. Дониши комил омӯхтан, албатта, дар шароити созгор, дар муҳите, ки сулҳу амният пойдору устувор бошад, муяссар мешавад. Хушбахтона, дар диёри арҷманди мо ба шарофати сиёсати хирадбунёду ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи саодатбахш тантана дорад ва дар ин замина, аҳли кишвар ба бунёдкорию созандагӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла, соҳаи маориф машғуланд. Ин равандро ташаббуси нави Президенти муҳтарами мо оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, ки чанде пеш аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд, боз ҳам тақвият бахшид. Дарси сулҳе, ки ҳамасола Пешвои миллат дар оғози соли таҳсил баргузор мекунанд, саршор аз ғояҳои ватандӯстию ваҳдатпарастӣ, ҳувияти миллию хештаншиносист. Зимни чунин дарс дар оғози соли таҳсили гузашта Сарвари кишвар иброз дошта буданд: «Бояд ҳама якҷояву ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсозаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем». Соли таҳсил имсол дар вазъи гуворою тантанавие оғоз меёбад, ки тамоми сокинони мамлакат ба таҷлили бошукӯҳтарин ҷашни миллат – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Ин фархундаҷашн бори дигар ва ба таври хеле барҷаста собит месозад, ки тоҷикон, воқеан, дар давлатдорию бунёдкорӣ мумтозанд, истеъдоду тавоноии дерину табиӣ доранд ва комёбиҳои миллатро шарафмандона ҳифз мекунанд. Дар давраи соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, махсусан, соҳаи маориф хеле рушд ёфта, соҳаи афзалиятнок эълон шуд ва ба дастовардҳои фаровоне ноил гашт. Дар ин давра таълимгоҳҳои зиёде бунёд ёфтаву ба таври замонавӣ муҷаҳҳазонида шуданд. Чандест, ки вобаста ба татбиқи комёбиҳои илму инноватсия ва зеҳни сунъӣ дар соҳа марҳалаи тозае оғоз ёфтааст ва дар ин замина, барномаҳои нави фаъолият тарҳрезӣ мешаванд. Кулли таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастуру раҳнамоҳои илмию методӣ ва дигар воситаҳои ёвар комилан таъминанд. Ин ҳама ба болоравии сатҳи таҳсил ва дониши шогирдони мо мусоидат кардааст ва онҳо дар баробари омӯзиши ҳамарӯза дар таълимгоҳҳо дар озмунҳои бонуфузи кишвар – «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок мекунанд. Аҳли маорифи мамлакат дар нахустсолҳои татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Боиси ифтихору қаноатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат обрӯю эҳтироми омӯзгорон пайваста боло меравад, заҳмати онҳо ба таври шоиста арҷгузорӣ мешавад. Таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар ҳаёт ва фаъолияти аҳли таълиму тарбия давраи навинеро ифтитоҳ бахшид ва бори дигар собит кард, ки дар кишвари мо омӯзгор сарчашмаи ҳамаи комёбиҳо ва равшангари роҳи фардои миллат эътироф шудааст. Аҳли маорифи ҷумҳурии азизамон 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии кишварро бо ифтихору сарбаландӣ ва бо дастовезҳои арзанда – комёбиҳои нав ба нав дар арсаи таълиму тарбияи насли наврас ва мутахассисони ҷавон пешвоз мегиранд ва минбаъд низ ҷидду ҷаҳд менамоянд, ки Ватани маҳбубамон боз ҳам пешрав бошад, шуҳраташ ҳамчун диёри бахту саодат, сулҳу ваҳдат ва қаламрави мардумони тамаддунпарвару бунёдкор дар арсаи байналмилалӣ пайваста биафзояд. Бори дигар ҳамаи шумо – омӯзгорону шогирдони азиз, тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва волидайни муҳтарамро бо оғози соли нави таҳсили 2026-2027 табрик мегӯям. Ҳамеша комёбу сарбаланд ва садоқатпеша ба Ватану миллат бошед. Соли нави таҳсил муборак!13
01.09.2026
-
Ба истифода додани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 барои 2400 хонанда дар ду баст ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ташриф оварданд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-ро мавриди истифода қарор доданд, ки барои 2400 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави соҳаи маориф аз 5 қисм иборат буда, бунёди он аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овард, ки наврасону ҷавонони 3 маҳаллаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар дар шароити муосир ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар фаро гирифта шаванд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 аз 130 синфхона ва ҳуҷраҳои корию ёрирасон иборат аст, ки аз ин, дар 10 синфхона хонандагон ба омӯзиши фанҳои физика, химия, биология, информатика, забонҳои хориҷӣ, мусиқӣ, тайёрии ҳарбӣ ва таълими меҳнат фаро гирифта мешаванд. Тадбирандешиҳои пайвастаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе имкон фароҳам овардааст, ки барои омӯзиши илмҳои дақиқ ва татбиқи намунавии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар пойтахти кишвар шароити намунавӣ таъмин гардад. Дар синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон ва духтарон насли наврас аз хурдӣ дар баробари илму дониш, ҳамзамон касбу ҳунар меомӯзанд, ки ин дар давраи афзоиши талабот ба мутахассисони баландихтисос дар бозори меҳнат ба ташаккули ҳунармандӣ дар байни ҷавонон боис мегардад. Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105 дорои маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона бо 290 курсӣ, толори варзишӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои навбунёди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 иқдомҳои шаҳрдориро дар самти бунёди биноҳои таълимӣ ва дар шароити муосир ба таҳсил фаро гирифтани наврасон намунавӣ арзёбӣ карда, инро ҷиҳати ба камол расондани насли донишманду хештаншинос ва мутахассисони баландихтисос басо муҳим арзёбӣ карданд. Сохтмони иншооти нави соҳаи маориф аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Сомонтаъминот бо ҷалби мутахассисони маҳаллию истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ анҷом дода шудааст. Ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105 дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ туҳфаи арзишманди маънавӣ номида шуд. Дар саҳни бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе майдони варзишӣ ва сафороӣ барои дарсҳои омодагии ҳарбӣ бунёд гардида, саҳни муассиса чароғон ва сабзкорӣ шудааст. Бояд ёдовар шуд, ки дар нуҳ соли охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 55 муассисаи нави таълимӣ бо зиёда аз 95 ҳазор ҷойи нишаст ва 42 кӯдакистони замонавӣ барои 8 ҳазор тарбиягиранда бунёд ва ба истифода дода шудааст. Танҳо соли равон ба ифтихори 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар пойтахти мамлакат 7 муассисаи нави таълимӣ бо 10 ҳазор ҷойи нишаст ва 8 муассисаи томактабии наву замонавӣ барои 1000 кӯдак ба фаъолият оғоз менамояд.59
31.08.2026
-
Оғози сафари корӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 31 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вориди шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон шуданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бишкек Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Девони вазирон - Роҳбари маъмурияти Президенти Қирғизистон Адилбек Касималиев ва дигар намояндагони расмии кишвар истиқбол гирифтанд. Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.39
31.08.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар -
28.08.2026
Специальное уведомление о закупках
Запрос на подачу заявок на выполнение небольших работ (Одноконвертная процедура проведения торгов) Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор