ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ БОЛАЁҚАТ, ТАҲТИ РОҲБАРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - КАРИМЗОДА РАВШАН АЪЗАМ Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2024 таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Каримзода Равшан Аъзам дар бинои маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара" ҷаласаи навбатии Шурои ҳамоҳангсози фаъолияти муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат баргузор гардид. Ҳисоботи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо доир ба омӯзиши фаъолияти муассисаҳои давлатии таълимии "Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат" ва "Гимназияи ҷумҳуриявӣ" дар ноҳияи Данғара шунида шуда, дастовардҳо ва норасоиҳои мавҷуда дар муассисаҳои таълимӣ баррасӣ гардиданд. Сипас, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии норасоиҳо дар самтҳои таълим, тарбия, таъминоти моддию техникӣ ва нутқи шифоҳии хонандагон супоришҳои мушаххас дода, барои дар муҳлати кутоҳтарин бартараф кардани онҳо таъкид намуданд.
14
30.11.2024
-
БАРГУЗОРИИ СЕМИНАР-МАШВАРАТИ ОМӮЗИШИИ РОҲБАРОНИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ МИНТАҚАИ РАШТ Санаи 30-юми ноябри соли 2024 дар толори Колеҷи тиббии ноҳияи Рашт таҳти раёсати Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ Муяссара Давлатзода Семинар-машварати омӯзишии роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид. Дар семинар, раисони шуро ва мушовирони Созмони хонандагон, роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Нуробод, Лахш, Тоҷикобод ва Рашт ширкат намуданд. Семинарро Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ Муяссара Давлатзода ҳусни ифтитоҳ бахшид. Таъкид намуд: "Мақсади асосии Созмони хонандагон ин тарбия намудани насли наврас дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, омӯзиш ва эҳтироми таъриху фарҳанги милливу башарӣ, арҷгузорӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ ва ба ин васила ташаккули шахсият ва шаҳрванди фаъоли ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад". Сипас, дар идомаи Семинар-машварати омӯзишӣ доир ба мақсад, Вазифа ва шаклҳои фаъолияти Созмони хонандандагон, аъзои Созмон - ҳуқуқ ва вазифаҳои онҳо, ташкили кор ва идоракунии Созмони хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва роҳбарӣ ва назорати кори Созмони хонандагон ба шунавандагони семинар аз ҷониби масъулини семинар ёрии методиву амалӣ расонида шуд. Қобили зикр аст, ки бо мақсади беҳтар ва хубтар кардани фаъолияти кори Созмони хонандагон дар муассисаи таълимӣ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои минтақаи Рашт 500 адад (барои ҳар як ноҳияи минтақаи Рашт 100 ададӣ) дастури методии Роҳбари Созмони хонандагон дар шакли китоб ройгон дастрас гардиданд. Дар фарҷоми семинар ба иштирокчиён аз ҷониби Раиси Шурои ҷумҳуриявии Созмони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ ба иштирокчиёни семинар сертификат тақдим карда шуд.
14
30.11.2024
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА 29-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Сипас, гузориши сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш.Саъдуллозода оид ба «Натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2024» шунида шуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар робита ба ин масъала Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат бояд пурра бартараф карда шавад». Соли ҷорӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва бартараф намудани норасоии кадрӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 3168 нафар, аз ин шумора 2512 нафар (629 нафар тибқи квота) хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 656 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хатмкунандагони курсҳои 4-ум ва 5-уми равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷойи кор фиристода шуданд. Гуфта шуд, ки пурра бартараф намудани норасоии омӯзгорон, боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар рушду тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад. Инчунин, гузориши ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмилиихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н.Мирзозода оид ба «Робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Донишкада ва филиалҳои он» шунида шуд. Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва масъалаҳои иловагӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид. Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, боло бурдани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, бештар намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳа супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
48
29.11.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
26.11.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (INDIVIDUAL CONSULTANTS)
(SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
22.11.2024
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи чопи банерҳо...
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи чопи банерҳо... Бештар -
21.11.2024
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон