ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ СОЗМОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲОҶИРАТ ДАР ТОҶИКИСТОН Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори миссия ҷаноби Виктор Лутенко баргузор гардид. Дар оғози мулоқот ҷонибҳо аҳаммияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шароити муосир таъкид намуда, зикр карданд, ки муҳоҷират ба як унсури муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа табдил ёфта, таҳкими пайванди маориф ва муҳоҷират аҳамияти муҳим касб намудааст. Зимни мулоқот қайд гардид, ки низоми маорифи кишвар имрӯз ҳамчун манбаи дониш василаи муҳимми таҳкими устувории иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ ва омодасозии ҷавонон ба зиндагии мустақил баромад мекунад. Дар ин замина, як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ муайян карда шуданд. Аз ҷумла, ҷонибҳо ба масъалаи дастгирии кӯдакони аз муҳоҷират осебдида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки барои чунин кӯдакон муассисаҳои таълимӣ бояд ҳамчун муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва равонӣ хизмат намоянд. Ҳамзамон, зарурати таҳияи механизмҳои муассири реинтегратсияи кӯдаконе, ки аз хориҷи кишвар, махсусан аз Федератсияи Россия бармегарданд, муҳим арзёбӣ гардид. Инчунин, рушди малакаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазирии ҷавонон яке аз самтҳои калидӣ номида шуд. Қайд гардид, ки густариши таҳсилоти касбӣ ва роҳнамоии дурусти касбӣ метавонад ба коҳиш додани хавфҳои муҳоҷирати ғайримунтазам мусоидат намояд. Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо рушди таълими фосилавиро ҳамчун абзори муҳимми нигоҳ доштани робитаи кӯдакони дар хориҷбуда бо барномаи таълимии миллӣ ва забони модарӣ арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, ворид намудани дониш ва малакаҳои муҳоҷирати бехатар ба барномаҳои таълимӣ муҳим дониста шуд. Дар рафти мулоқот фаъолияти амалии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси лабораторияҳои IT, дастгирии марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва татбиқи барномаҳои рушди малакаҳои рақамӣ, ҳамчун намунаи ҳамкории самаранок арзёбӣ гардид. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ, тақвияти механизми ҳамоҳангсозӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак, ки ба манфиати кӯдакон ва ҷавонон равона шудаанд, изҳор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон7
10.04.2026
-
РАФТИ ИҶРОИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БАРРАСӢ ГАРДИД Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рафти иҷрои Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 ва Нақшаи миёнамуҳлати амалисозии он барои солҳои 2025-2027 таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласа баргузор гардид. Зимни баррасии масъала, Д Раҳматзода, сармутахассиси шуъбаи сифати таҳсилот, вобаста ба рафти иҷрои бандҳои стратегияи мазкур маълумот пешниҳод намуда, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи самараноки ҳадафҳои пешбинишуда як қатор чорабиниҳои муҳим амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, такмили низоми арзёбии дохилӣ ва беруна, ҷорӣ намудани воситаҳои муосири санҷиши дониш, баланд бардоштани иқтидори касбии мутахассисони соҳа ва тақвияти заминаи меъёриву ҳуқуқӣ дар самти арзёбии сифати таҳсилот аз ҷумлаи дастовардҳои назаррас ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар самти ҳамоҳангсозии механизмҳои арзёбӣ ва фарогирии якхелаи муассисаҳои таълимӣ ба низоми ягонаи арзёбӣ ҳанӯз ҳам масъалаҳои ҳалталаб боқӣ мемонанд. Дар идомаи ҷаласа иштирокчиён вобаста ба беҳтар намудани сифати иҷрои бандҳои стратегия, таҳкими назорати дохилӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд. Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ноил шудан ба он моро зарур аст ҷиҳати иҷрои саривақтии бандҳои нақшаи чорабиниҳои стратегияи мазкур сарҷамъона кӯшиш намоем. Ҳамзамон, ба масъулин ҷиҳати таъмини иҷрои босифати вазифаҳои пешбинишуда дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон3
10.04.2026
-
НАМОИШИ ФИЛМИ «МОҲӢ ДАР ШАСТ» БАРОИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ИЛМ Шоми 9 апрели соли 2026 дар толори «Кохи Суруш» бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовинони вазир, кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеъ филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» намоиш дода шуд. Филми «Моҳӣ дар шаст» як асари муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, бо коргардонии Муҳиддини Музаффар соли 2025 рӯйи навор омадааст. Мазмуни филм саргузашти таъсирбахши писарбачаи даҳсола, тарбиятгирандаи мактаб-интернатро инъикос менамояд, ки ҳамроҳи қаҳрамони дигар - Самад, дар ҷустуҷӯйи модари худ аз шимол то ҷануби кишвар сафар намуда, бо рӯйдодҳои гуногун ва пурмоҷаро рӯ ба рӯ мегардад. Зимни намоиш тамошобинон, кормандони васеи соҳаи маориф, аз манзараҳои нотакрори табиати кишвар баҳравар гардид, ба ҷаҳони ботинии қаҳрамони хурдсол ворид шуда, орзуву ормон, дарду умед ва эҳсосоти поки ӯро бо тамоми ҳастӣ дарк намуданд. Филм бо мазмуни амиқ ва ҳассоси худ дар қалби ҳозирин таассуроти фаромӯшнопазир гузошт. Баъд аз анҷоми намоиши филм вазири маориф ва илм суханронӣ намуда, зикр кард, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз заминаи мусоидро барои рушди синамои миллӣ ва эҷоди филмҳои пурмазмуну тарбиявӣ фароҳам овардааст. Маҳаки филми мазкур бо як таъсиргузории амиқи эҳсосӣ бори дигар собит сохт, ки таъкидҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иззату эҳтироми падару модар ва арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси оилавӣ на танҳо шиори ахлоқӣ, балки як зарурати воқеии ҳаёти инсонӣ мебошанд. Ҳаёти пурдарди қаҳрамони хурдсоли филм қалбҳоро такон дода, бинандаро водор месозад, то бо эҳсоси баланд ба қадри меҳру муҳаббати волидайн бирасад ва масъулияти фарзандиро бо тамоми ҳастӣ дарк намояд. Ин паёми пурмаънои филм бо лаҳни самимиву таъсирбахш дар зеҳну қалби ҳар тамошобин нақш баста, арзиши муҳаббати хонаводагӣ ва пайванди ҷовидонаи фарзанду модарро ба таври равшан таҷассум мекунад. Таъкид гардид, ки муҳтавои филм бори дигар аҳаммияти иззату эҳтироми падару модар, қадршиносии арзишҳои инсонӣ ва масъулияти маънавиро равшан инъикос менамояд. Вазир ҳамзамон иброз дошт, ки филмҳои касбии миллӣ муаррифгари фарҳанг ва синамои тоҷик дар арсаи байналмилалӣ буда, рӯйи кор омадани чунин асарҳо барои таҳкими мавқеи синамои ватанӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд. Ба таъкиди коргардон Муҳиддини Музаффар, намоиши мазкур ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби филмҳои касбии миллӣ роҳандозӣ гардида, тасмим аст, ки чунин иқдом дар оянда низ идома ёбад. Ба таъкиди коргардон ин иқдоми фарҳангӣ дар таҳкими завқи зебоипарастӣ ва боло бурдани маърифати фарҳангии кормандон мусоидат намуд, ҳамчун як амали ҳамгиро ва муттаҳидкунанда, фазои самимиро миёни иштирокчиён тақвият бахшида, аҳаммияти дастгирии синамои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангиро боз ҳам равшантар намуд. Дар анҷом иштирокчиён таассуроти гарму самимии худро аз филм баён дошта, онро як асари пурмазмун, тарбиявӣ ва таъсирбахш арзёбӣ карданд.28
09.04.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
06.04.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
31.03.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор