
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БОЗДИДИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КАРИМЗОДА РАВШАН АЗ ИСТИРОҲАТГОҲИ БЕРУНАЗШАҲРИИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ "ШАРОРА" Санаи 2 июли соли 2025, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан бо мақсади шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат ва барномаҳои таълимиву тарбиявии кӯдакон ва наврасон аз истироҳатгоҳи беруназшаҳрии шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе боздид ба амал овард. Дар ҷараёни боздид, муовини вазир бо роҳбарияти истироҳатгоҳ, тарбиятгирандагон ва роҳбарони гурӯҳҳо вохӯрӣ анҷом дода, аз шароити будубоши кӯдакон, барномаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ шинос гардид. Ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар мавсими тобистони 2025 ва татбиқи сиёсати давлатии наврасону ҷавонон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии кӯдакон дар рӯзҳои истироҳат таъкидҳои зарурӣ баён карда шуданд. Каримзода Равшан ташаббусҳои роҳбарият ва кормандони истироҳатгоҳро ҷиҳати фароҳам овардани муҳити солим ва фаъол барои истироҳати кӯдакон мусбат арзёбӣ намуда, пешниҳоди ҷорӣ намудани унсурҳои таълими экологӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳиро дар барномаҳои истироҳатӣ муҳим шуморид. Дар анҷоми боздид, роҳбарияти истироҳатгоҳ барои таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Вазорати маориф ва илм изҳори сипос намуда, иброз доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва истироҳати кӯдакон минбаъд низ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.
0
02.07.2025
-
ВОХӮРӢ БО ПРЕЗИДЕНТИ ЛАНДТАГИ МУЗОФОТИ ФЕДЕРОЛИИ САКСОНИЯ-АНҲАЛТИ ҶУМҲУРИИ ФЕДЕРАТИВИИ ОЛМОН Имрӯз, 1 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Гуннар Шелленберген баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини якуми вазир, муовини вазир, сардорони раёсатҳои дахлдори вазорат, инчунин, директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ иштирок доштанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки рушди ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад. Айни замон, дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон таълими забони олмонӣ ба роҳ монда шуда, шумораи умумии донишҷӯёне, ки ин забонро меомӯзанд, ба 1708 нафар мерасад. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд. Бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, вазир таъкид намуд, ки то кунун ҳамкориҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Олмон ба таври кофӣ ба роҳ монда нашудаанд. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм пешниҳод менамояд, ки робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон ба роҳ монда шаванд, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ миёни муассисаҳо густариш ёбанд, курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шаванд, ҳамкориҳо миёни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад, донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд, фаъолияти Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD) дар шаҳри Душанбе васеъ баррасӣ шавад ва масъалаи идомаи лоиҳаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (НСИФТ – марҳилаи 4), ки аз ҷониби Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ мегардад, мавриди муҳокима қарор гирад. Ҷаноби Гуннар Шелленберген, Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалт, зимни суханронии худ ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот таъкид намуд. Ӯ пешниҳод кард, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим ба роҳ монда шаванд. Ҳамчунин, ҷиҳати тақвият бахшидани омӯзиши забони олмонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавон, марҳила ба марҳила чораҳои амалиро якҷо амалӣ намуда, имкониятҳои бурсиявӣ ва омӯзишӣ барои донишҷӯёни тоҷик бештар фароҳам оварда шаванд. Дар фарҷоми мулоқот, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз намуда, изҳори умед карданд, ки дидору гуфтугӯҳои баргузоршуда ба таҳкими муносибатҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав заминаи боэътимод мегузоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
66
01.07.2025
-
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА БОЗОМӮЗИИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 30-юми июни соли ҷорӣ дар Донишкада ҷаласаи ҳайати шурои олимон таҳти раёсати ректори Донишкада Мирзозода Наврӯз «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» баргузор гардид. Дар ҷаласаи ҳайати шурои олимон ректори Донишкада, муовинони ректор, директорони филиалҳо, сардорони раёсату шуъба ва шахсони масъул иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҳисоботи ректори Донишкада «Оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда» шунида шуд. Ректори Донишкада аз дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ёдовар шуда, фаъолияти Донишкада ва филиалҳоро дар самти таҳияи санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқӣ, локалӣ, таъминоти кадрӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таълимӣ, илмӣ, методӣ, мониторинг, иқтисод, хоҷагӣ, зимистонгузаронӣ, самаранок истифода намудани маблағҳои буҷҷетӣ, иҷрои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои давраи то соли 2030, таҳияи санадҳои нав дар самти бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф, беҳтар намудани пояи моддӣ-техникӣ, рушди ҳамкориҳо бо шарикони рушд ва кишварҳои хориҷ дар самти такмили ихтисос, ҷалби шунавандагон ба курсҳои такмили ихтисос, ҷалби омӯзгорону кормандони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Дар гузориш махсус қайд гардид, ки агар дар нимсолаи якуми соли 2024 дар Донишкада ва филиалҳо 12497 нафар омӯзгорону кормандони соҳаи маориф дар низоми 5 солаи такмили ихтисос аз курсу семинарҳо гузашта бошанд, ин нишондиҳанда дар нимсолаи якуми соли 2025 дар низоми се сола 21216 нафарро ташкил дод. Ҳамзамон, 39 барномаҳои таълимии курсҳои такмили ихтисос ва семинарҳои махсус тасдиқ гардида, айни ҳол 22 барномаҳои таълимии шаклҳои нав ва тибқи талаботҳои байналмилалӣ мавриди коркард қарор доранд. Инчунин, дар ҷаласа оид ба татбиқшавии Стратегияи рушди Донишкада барои давраи то соли 2030, амалишавии соли 2025 эълон гардидани "Соли муҳити психологӣ дар ҷараёни таҳсилот", аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани кормандону омӯзгорони Донишкада аз ҷониби муассисаҳои хориҷи кишвар, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи Норвичи Британия Кабир, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия, Мактаби зеҳнии Назарбоев Ҷумҳурии Қазоқистон, таъсиси 5 озмоишгоҳи намунавӣ барои фанҳои физика, химия ва биология дар Донишкада ва филиалҳо, сохтмони бинои нави филиали Донишкада дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ва дигар иқдомҳо баррасӣ гардиданд. Дар идома фаъолияти ҳар як филиали Донишкада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода таъкид дошт, ки гарчанде дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби кормандону омӯзгорони Донишкада форуми байналмилалӣ, конфросу семинарҳо, трененгу мастеркласҳо, вебинар ва ҳамоишу хонишҳои кафедравии зиёде гузаронида шуда, корҳои назаррас ба сомон расонида шуда бошад ҳам, дар низоми такмили ихтисос, мушкилоту норасоиҳо ҳанӯз ҷой доранд ва бартараф кардани онҳо аз ҳар кадоми мо масъулияти баландро тақозо мекунад. Сипас, дар қисмати музокира омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маориф, аълочии маориф ва илм ва аълочии фарҳанг Имомназар Холназаров, директори филиали Донишкада дар шаҳри Бохтар Шарифзода Муҳаммадҷон баромад намуда, маърузаи ректори Донишкадаро вобаста ба фаъолияти Донишкада ва филиалҳо дар нимсолаи якуми соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Ҷаласаро ректори Донишкада ҷамъбаст намуда, дар охир бори дигар ба масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати шурои олимон, фармоишҳои ректори Донишкада ва масъалагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 дастуру супоришҳои мушаххас дод. Дар фарҷом рафти татбиқшавии Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар Донишкада баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.
35
30.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор