ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҲАВАСМАНДСОЗИИ ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «IJSO-2025» 8 декабри соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» маросими ҳавасмандсозии ғолиби Олимпиадаи байналмилалии фанҳои табиатшиносӣ International Junior Science Olympiad – IJSO-2025 баргузор гардид. Дар маросими ҳавасмандсозӣ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Каримзода Равшан Азам, роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва дигар шахсони масъул иштикор намуданд. Аз ҷониби муовини вазири маориф ва илм Каримзода Равшан Азам, ба Артём Батрудинов, хонандаи Муассисаи давлатии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Олимпиадаи бонуфуз бо муваффақият намояндагӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардидааст, бо сипоснома қадрдонӣ шуд. Ҳамзамон, бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳмати омӯзгорону мураббиён, устоди роҳбарикунанда Умаров Руҳулло барои омодасозии хонандаи лаёқатманд ва саҳми арзандааш дар расидан ба ин дастоварди байналмилалӣ бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд. Муовини вазир зимни суханронӣ зикр кард, ки дастоварди Артём ва заҳмати омӯзгоронаш натиҷаи талошҳои пайваста, кори дастаҷамъона ва дастгирии давлату Ҳукумат аз истеъдодҳои ҷавон мебошад.81
08.12.2025
-
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР 11-УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ ВА МАҲОРАТҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД Дар шаҳри Манилаи Филиппин 11-умин Форуми байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» иштирок намуданд. Форум аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳавии БОР буда, сиёсатмадорон, роҳбарон, коршиносон ва мутахассисони пешсафи соҳаи маорифро аз мамлакатҳои гуногун гирд овард. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои ҷаҳонии таълим, истифодаи технологияҳои нав, рушди маҳоратҳои навбатии бозори меҳнат ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки сармоягузории стратегӣ дар соҳаи маориф буд. Дар доираи форуми макзур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми вазир бо муовини директори БОР ҷаноби Йонг Йе мулоқот намуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, таъмини дастрасии баробар ба маориф, рушди маҳорати ҷавон, мутобиқсозии таълим ба талаботи бозори меҳнат ва густариши ҳамкориҳои минбаъда қарор доштанд. Роҳбарияти БОР омодагии худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои маорифӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд. Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ ва сессияҳои мавзуии форум намояндагони кишварҳо таҷрибаи худро оид ба амалисозии лоиҳаҳои БОР муаррифӣ карданд. Дар ин қисмат муовини якуми вазир суханронӣ намуда, зарурати ислоҳоти муассири таълим, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва нақши лоиҳаҳои БОР-ро дар рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» А. Бобохон дар қисмати муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории БОР баромад карда, оид ба ҷараёни татбиқи ду лоиҳаи калидӣ - «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» ва «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар қисмати мубоҳисаҳои форум масъалаҳои марбут ба истифодаи энергияҳои сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Форум бо натиҷаҳои созанда, мубодилаи таҷрибаи муфид ва ташкили заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳои соҳаи маориф дар минтақа анҷом ёфт.69
08.12.2025
-
УМЕДА ШАРИФОВА: БО ИРОДАИ ҚАВӢ, БОВАРИИ КОМИЛ ВА ОМӮЗИШИ ВАСЕЪ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗА ШУДАМ Ӯ ҳангоми суҳбат ҳарфҳоро бо нармӣ ба забон меовард, гӯё намехост, ки эҳсосоти ботинияш ошкор гардад. Ором, андешаманд ва бо эҳтиром сухан мекард. Аз ҳар ҷумлааш маълум мешавад, ки китоб барои ӯ ҳамсафари зиндагист. Аз ангезаи иштирок дар озмун то машаққатҳои шабонарӯзиву муваффақ шуданаш нақл кард. Умеда Шарифова-хонандаи синфи 4-и МТМУ №4-и ноҳияи Масчоҳ, ғолиби Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. -Ман дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гардидам, тайёриамро пухтатар карда, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омода шудам. Мехостам, аққалан, ҷойи сеюмро гирам, аммо намедонистам, ки ин комёбӣ ба ман даст медиҳад,-бо ҳаяҷон мегӯяд Умеда. Модараш низ бо ифтихор мегуфт: “Умеда аз хурдӣ ба китоб дил баста буд. Ҳар китобе, ки ба дасташ меафтод, ҳатто агар барои синну соли ӯ душвор бошад ҳам, онро мехонд”. Ҳамин дастгириву роҳнамоии муҳити оила буд, ки дар дили ӯ меҳр ва эҳтироми хосса ба китоб парвариш ёфт. У. Шарифова барои иштирок дар озмун шабу рӯз заҳмат кашида, бештари вақташро барои мутолиаи асарҳои бадеӣ ва аз бар намудани осори адибон сарф мекард. Ҳар боре, ки ба китоб рӯ меорад, гӯё ба олами рангини маънавӣ ворид мешавад. Барояш мутолиаи китоб амсоли нафас кашидан шудааст, ки бидуни он фаъолияти худро тасаввур карда наметавонад Хомӯшии шаб, рӯшноии чароғи мизи корӣ ва китобҳои парешоне, ки гирду атрофро пур карда буданд, ҳамсафари ҳамешагии ӯянд. Бале, Умеда барои соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза 20 роман, 40 повест, 6 очерк, 115 ҳикоя, 3 асари ёддоштӣ, 3 асари драммавиро мутолиа намуда, 137 ғазал, 150 рубоиву дубайтӣ, 250 байт достон ва 150 байт аз дигар навъҳои шеъриро аз бар кардааст. Меҳру муҳаббат ба китоб дар дар ниҳоди Умеда ҳанӯз 6 сол дошт, пайдо гардид. Дар ин давра тамоми дарсҳои хонандагони синфи якумро аз худ карда буд, аз ин рӯ, ба мутолиаи китобҳои бачагона пардохт. Албатта, дар ин роҳ модараш, ки дар деҳа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият менамояд, кумак намуд. Ба ин мазмун, ду сол аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд, вале сазовори ҷойи намоён нагардид. Баъдан, ба хулосае омад, ки аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик иштирок кунад. Дар соли аввали иштирок дар ин номинатсия, то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт, аммо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ нашуд, аз ин ҳолат руҳафтода нагардид. Баръакс, ҳар як нокомӣ барояш неру мебахшид, ки бештар бихонаду биёмӯзад ва аз ёд кунад. Ҳамин иродаи қавӣ ва боварӣ ба хеш буд, ки ба ин дастоварди бузург ноил гардид. -Дастрасӣ ба китоб каме мушкил буд, аммо омӯзгори ман, ки худ пештар иштирокчии озмуни мазкур аст, аксари китобҳоро дошт. Баъзе асарҳоеро, ки дастрас карда наметавонистем, омӯзгор шакли электронии онро аз интернет боргирӣ карда, дар варақ чоп менамуд, онҳоро ба монанди китоб дӯхта, мутолиа мекардам,-иброз дошт қаҳрамони мо. Барои ӯ, аз ҳама бештар асари “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода писанд аст ва ҳеҷ гоҳ аз такрор ба такрор омӯхтани он хаста намешавад. Ӯ бо ифтихор мегӯяд: “Ман китобхониро дӯст медорам. Хондани китоб ва илмомӯзӣ роҳи ояндаи моро равшан ва ҷаҳонбиниамонро васеъ мекунад. Дар оянда мехоҳам табиб шавам ва барои саломатии мардуми сарбаланди кишварамон саҳм гузорам”. Ҳамин тариқ, 4 декабр толори пур аз одам, ҳар як иштирокчӣ садо додани номи худро мунтазир. Волидон барои шунидани номи фарзанди худ интизорӣ мекашиданд ва омӯзгорон аз шунидани номи шогирди хеш ба ваҷд меомаданд. Вақте ки номи Умеда Шарифова ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза эълон шуд, ашки лолагуне дар чашмонаш ҳалқа зад ва танҳо чизе, ки гуфт, ин буд: “Ман Шоҳҷоизаи худро ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин (Мастчоҳ) мебахшам”. Дар интиҳои суҳбат Умеда миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар, волидони азизаш, омӯзгораш – Одинамуҳаммад Раҷабзода ва дигар масъулин иброз намуд. Ваъда дод, ки дар оянда Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифӣ мекунад. Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Омӯзгор”75
07.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
09.12.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор