ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
Суханронӣ дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии истиқлоли давлатӣ Ҳамватанони азиз! Сокинони меҳмоннавозу сарбаланди вилояти Суғд! Чанд рӯз пештар кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони вилояти Суғд муқаддастарин ҷашни миллӣ – сиюпанҷумин солгарди истиқлоли давлатиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо дастовардҳои арзанда истиқбол намуданд. Ба ифтихори ин ҷашни бузург кулли сокинони вилояти Суғд ва шумо – ҳозирини гиромиро бори дигар сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям. Истиқлолу озодӣ – арзишмандтарин неъмат, бузургтарин дастовард ва беҳтарин нишонаи ҳастии миллати тоҷик аст. Маҳз ба шарофати ин неъмати бебаҳо мо соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллии худ гардидем, суннату анъанаҳои бостонии аҷдодӣ ва арзишҳои миллиамонро эҳё кардем ва мавқеи шоистаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар арсаи олам таъмин намудем. Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ лар кишварамон, аз ҷумла дар вилояти Суғд корҳои бузурги созандагиву ободкорӣ амалӣ гардиданд. Танҳо дар панҷ соли охир, яъне дар давраи омодагӣ ба ҷашни 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда 3400 иншоот зиёд мебошад. Тайи 35 соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят, бартарафсозии мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд. Қобили зикр аст, ки таъмин гардидани тараққиёти соҳаҳои саноати сабук, маҷмааи сӯзишворию энергетикӣ, истихроҷу коркарди маъдан, металлургия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон дар вилоят ҳоло ба рушди устувори иқтисоди миллӣ мусоидат карда истодааст. Сокинони вилоят хуб дар ёд доранд, ки тайи даҳсолаҳои гузашта рафтуомад ба пойтахти мамлакат ва дигар минтақаҳои он тавассути роҳу ағбаҳои душворгузар бисёр мушкил ва дар фаслҳои тирамоҳу зимистон ғайриимкон буд. Бо амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузург дар соҳаи роҳу нақлиёт – бунёди нақбҳои ҳаётан муҳимми «Истиқлол» ва «Шаҳристон», таҷдиди шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ ва Айнӣ – Панҷакент имрӯз робитаи шабонарӯзӣ ва бехатари сокинони вилоят бо тамоми гӯшаву канори кишвар ва давлатҳои хориҷӣ таъмин гардидааст. Қобили зикр аст, ки дар давраи омодагӣ ба ҷашни истиқлоли миллиамон дар қатори ободониву бунёдкориҳои зиёди бахши давлатӣ аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии вилоят ҳазорҳо километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Ҳамчунин, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ – муассисаҳои таълимиву тандурустӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд ва ба истифода дода шуда, дар онҳо даҳҳо ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардидаанд. Ҳамватанони гиромӣ! Дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯза ҳифзи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ ва таъмин намудани амнияти кишвар аз ҳар як фарди ватандӯст, бахусус ҷавонон масъулияти баланд ва талоши доимиро талаб менамояд. Ман ба ҳисси баланди милливу ватандӯстии мардуми шарафманд ва заҳматқарини вилояти Суғд бовар дорам ва итминони комил дорам, ки мо ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо ва неруманду пешрафта мегардонем. Бори дигар кулли мардуми сарбаланду фарҳангдӯсти вилояти Суғд ва ҳамаи ҳозирини арҷмандро ба ифтихори сию панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик мегӯям! Ба хонадони ҳар як сокини вилоят саломативу саодатмандӣ, сулҳу оромӣ ва иқболи нек орзу менамоям. Бигзор, парафшонии парчами истиқлол бар фарози кишвари азизамон ҷовидон бошад! Ҷашни 35-солагии истиқлолу озодии давлати тоҷикон муборак бод! Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!37
24.09.2026
-
Мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд 23 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. Дар оғози сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сокинони заҳматқарину ватандӯсти вилояти Суғдро ба ифтихори 35-умин солгарди истиқлоли давлатӣ самимона табрик гуфтанд. Президенти кишвар изҳор доштанд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ бунёд ва навсозӣ гардид. Зикр карда шуд, ки танҳо дар се рӯзи охир дар доираи сафари кории Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 43 иншооти навбунёди истеҳсоливу иҷтимоӣ, аз ҷумла корхонаҳои бузурги саноатӣ дар шаҳрҳои Истиқлолу Гулистон, даҳҳо муассисаи таълимиву тиббӣ ва иншооти хизматрасонӣ бо беҳтарин шароиту таҷҳизоти замонавӣ ба истифода дода шуд, ки дар онҳо ҳазорҳо ҷойи кории нав муҳайё гардид. Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дастовардҳо аз дастгирии сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва иштироки фаъолонаи сокинони вилояти Суғд дар ободониву пешрафти Ватани азизамон гувоҳӣ медиҳанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи вилоят ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ баҳри татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд. Дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад. Зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, оид ба дастовардҳои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, дигар бахшҳои иҷтимоӣ ва самтҳои асосию стратегӣ бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар ҳудуди вилоят 781 корхонаи нави саноатӣ бо беш аз 8 ҳазор ҷойи кории нав бунёд ва ба истифода дода шуд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо вуҷуди пешравиҳои назарраси соҳа, зарур аст, ки коркарди пурраи ашёи хоми дохилӣ, боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ва истифодаи пурраи иқтидори содиротии корхонаҳои ватанӣ таъмин карда шавад. Дар бахши энергетика бунёди хатти интиқоли барқи 500-киловолтаи “Ҷануб - Шимол” ба масофаи 264 километр, инчунин, зеристгоҳҳои барқии “Душанбе - 500” ва “Суғд - 500” ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ намунаи олии тадбирҳои Ҳукумати кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ номида шуд. Зарур шумурда шуд, ки ба истифодаи самараноки иқтидорҳои энергетикӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва коҳиш додани талафоти неруи барқ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир карда шавад. Таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд то имрӯз 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаи нақлиёт ба маблағи зиёда аз 6,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо 568 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 90 пул ва 11,7 километр нақб сохта, ба истифода дода шудааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки масъулон минбаъд низ ба нигоҳдории роҳҳо, истифодаи самараноки онҳо ва баланд бардоштани сифати инфрасохтори нақлиётӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намоянд. Гуфта шуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба маблағи умумии 1,4 миллиард сомонӣ 986 муассисаи таълимӣ барои 470 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Таъкид гардид, ки тайи замони соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 417 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону масъулони соҳа супориш доданд, ки ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, рушди тибби рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳа ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми шарафманду заҳматқарини вилояти Суғд минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созанда дар роҳи пешрафти кишвар ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ саҳми арзишманд мегузоранд. Дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд, ҳамчунин, донишҷӯ Азиза Ҷумазода, соҳибкор Исроилхуҷа Самандаров ва собиқадори меҳнат, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулафзо Савриддинова доир ба таъмини шоистаи зиндагӣ ва илмомӯзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.39
23.09.2026
-
Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 20 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти соҳаҳои гуногун, шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, суҳбату мулоқот бо сокинон ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода масъулон ва сокинони шарафманди вилоят самимӣ истиқбол гирифтанд. Тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар таҷассуми ифтихору сарбаландии мардуми тоҷик аз ин неъмати муқаддасу бузурги таърихист. Таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ҳифзу таҳким ёфт, поя ва сарчашмаи давлатсозиву давлатдории навини миллӣ гардид ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ давлати амну пешрафта ва ташаббускор эътироф шуд. Маҳз бо сиёсати оқилонаю созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон бо татбиқи ҳадафҳои бунёдкорӣ баҳри таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди босуботи иқтисоди миллӣ, фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум ба сӯи ояндаи неку боз ҳам дурахшон қадамҳои устувор мегузорад. Истиқболи гарму самимӣ ва пуршукӯҳи намояндагони сершумори аҳли ҷомеа бо барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ ва фазои фараҳмандию шодӣ, ифтихору шукргузорӣ аз давлати соҳибистиқлол таҷассумгари садоқат, ибрози меҳру муҳаббати бепоёни сокинони вилояти Суғд ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.83
21.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
02.09.2026
Приглашение к участию в запросе на котировки.
«Закупка 1с бухгалтерия», для Группа Реализация Проекта при Министерство образовании и наук Республики Таджикистан Бештар -
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор