ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВӢ ТАҲТИ УНВОНИ «НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ИЛМУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОНИ МУОСИР» 12 ноябри соли 2025 дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ бо ташаббуси муштараки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон конференсияи илмию назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар рушди илму маорифи Тоҷикистони муосир» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори конференсия ходимони илмӣ, олимону муҳаққиқон, устодон ва намояндагони ниҳодҳои марбутаи соҳаи маориф ширкат варзиданд. Конференсияро директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Сироҷиддин Ниёзӣ ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулоҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба рушди босуръати соҳаҳои илму маориф, таҳкими пояҳои зеҳнии ҷомеа ва болоравии мақоми омӯзгор дар кишвар такони ҷиддӣ бахшид. Таъкид шуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садҳо муассисаи таълимӣ, коллеҷу донишгоҳҳои нав ва марказҳои инноватсионӣ бунёд шуда, заминаи воқеӣ барои рушди илму маорифи миллӣ фароҳам омадааст. Сипас, Шодӣ Сафаров, президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, сухани табрикии худро баён намуда, иштирокчиёнро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфт. Ӯ зикр кард, ки саҳми Пешвои муаззами миллат дар таҳкими соҳаи маориф ва рушди илмҳои миллӣ беандоза бузург аст. Ба таъкиди мавсуф, сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат боис гардид, ки низоми таҳсилоти кишвар сифатан нав шавад ва барои таҳсилу камоли насли ҷавон шароити мусоиди зисту таҳсил муҳайё гардад. Дар идомаи конференсия С. Туронов ва Б. Зулфонов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва И. Гадоев, корманди Пажӯҳишгоҳ бо маърузаҳои илмии худ дар мавзуъҳои «Ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳаввул ва азнавсозии маорифи миллӣ», «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Пешвои миллат — ҳомии сулҳ ва кафили муттаҳидии миллат» баромад намуданд. Дар маърузаҳо таъкид шуд, ки ташаббусҳои стратегӣ ва дурнигаронаи Пешвои миллат дар соҳаи маориф на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақа намунаи ибрат буда, ба такмили мазмуну муҳтавои таҳсилот ва рушди кадрҳои илмӣ мусоидат кардааст. Маҳз сиёсати дурандешона ва роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишварро таъмин карда, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба сатҳи эътирофи байналмилалӣ расондааст. Инчунин, дар рафти конференсия C. Неъматов, Ф. Гулматов, кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Д. Имомназаров-корманди Пажӯҳишгоҳ ба сухан баромада, таъкид доштанд, ки сиёсати Пешвои миллат дар бахши илму маориф на танҳо ба рушди низоми таҳсилот, балки ба ташаккули тафаккури миллӣ ва худшиносии насли нав мусоидат кардааст. Ба андешаи онҳо нақши Пешвои миллат дар пешбурди ислоҳоти таълимӣ, боло бурдани мақоми омӯзгор, ҷорӣ намудани технологияҳои нав дар таҳсил ва дастгирии ҷавонони боистеъдод аз омилҳои асосии муваффақияти соҳаи маориф дар даврони истиқлол мебошад. Дар фарҷоми ҳамоиш ба олимону мутахассисони соҳа «Сипоснома»-и Академияи таҳилоти Тоҷикистон барои саҳми муносиб гузоштан дар татбиқу амалӣ намудани сиёсати маорифпарварона, ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди касбӣ, саривақт иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ супорида шуд. Роҳбарияти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ натиҷаҳои конференсияро ҷамъбаст намуда, таъкид карданд, ки арҷгузорӣ ба шахсияти таърихии Пешвои миллат, ин арҷгузорӣ ба илму маърифат, худшиносии миллӣ ва истиқлоли давлатӣ аст.50
12.11.2025
-
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ДОМИНИКАН 11 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо сафири Ҷумҳурии Доминикан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алехандро Ариас Сарсуэла баргузор гардид. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илмро баррасӣ намуда, омодагии худро барои таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд иброз доштанд. Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ аз ташрифи расмии сафири Ҷумҳурии Доминикан изҳори хушнудӣ намуда, онро қадами муҳим дар таҳкими робитаҳои дуҷониба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ кард. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Доминикан аз соли 2010 равобити дипломатӣ барқарор намудаанд ва дар давоми солҳои охир тавассути ҳамоишҳои сатҳи баланд ва ташаббусҳои муштарак заминаи мусоиди ҳамкорӣ дар арсаи байналмилалиро фароҳам овардаанд. Таъкид шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ҳамкориро дар самтҳои мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва касбӣ, рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули донишҷӯён, дастгирии лоиҳаҳои таҳсилоти техникӣ ва касбӣ бо ҷалби шарикони байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ густариш диҳад. Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ғании Ҷумҳурии Доминикан дар идоракунии таҳсилоти олӣ изҳор шуд, ки Тоҷикистон омода аст, имкониятҳои нави табодули мутахассисон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро мавриди баррасӣ қарор диҳад. Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи дипломатии сафир ҷаноби Алехандро Ариас Сарсуэла, ки дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла, Бразилия, Перу ва Испания фаъолият намудааст, изҳори итминон карда шуд, ки ин ташриф дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маориф нақши муҳим хоҳад дошт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон56
11.11.2025
-
БАРРАСИИ ЛОИҲАИ “ТАҶДИДИ ТАҲСИЛОТИ ТЕХНИКӢ ВА КАСБӢ” ДАР ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ KOICA Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо намояндагони Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) вобаста ба баррасии лоиҳаи нави «Таъсиси маркази таҳсилоти техникӣ ва касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар оғози вохӯрӣ муовини вазир аз номи роҳбарияти Вазорати маориф ва илм ба намояндагони KOICA барои ташрифи расмӣ ва таваҷҷуҳ ба соҳаи маорифи кишвар изҳори сипос намуд. Ӯ таъкид кард, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар самти маориф ва илм дар доираи Созишномаи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва ҷаласаҳои Комиссияи муштараки Тоҷикистону Корея ба таври пайваста рушд мекунанд. Гуфта шуд, ки дар доираи ҳамкориҳо бо ташкилоту созмонҳои кореягӣ, аз ҷумла, бо KOICA, як қатор лоиҳаҳои муҳим ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори технологӣ, фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва рушди неруи инсонӣ дар самтҳои технологияҳои иттилоотӣ, саноати сабук ва омӯзиши фарҳанг ва забони Корея татбиқ гашта истодаанд. Муовини вазир изҳори итминон намуд, ки бо татбиқи лоиҳаи нави KOICA дар Тоҷикистон ҳамкориҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав баромада, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ҷиҳати амалигардонии пурраи Лоиҳаи “Таъсиси маркази таҳсилоти техникӣ ва касбӣ” ҳамкории ҳамаҷонибаро ба роҳ монад. Дар анҷом ҷонибҳо омодагии худро барои тақвияти минбаъдаи робитаҳои дуҷониба ва густариши ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Корея дар самти таҳсилоти касбӣ ва инноватсионӣ иброз доштанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон30
11.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор