
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ДУРАХШИ АХТАРОН ДАР ҲАФТАИ «БОЗЁФТ» Дар шаҳри Хоруғ рӯзи нахустини Ҳафтаи «Бозёфт» бо ҷалби хонандагон ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо оғоз гардид. Чорабинӣ шумораи зиёди иштирокдоронро ба Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Хоруғ ҷалб намуд. Бо мақсади шиносоӣ бо раванди баргузории ҳафтаи мазкур, ҳайати намояндагон аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо иштирок намуда, оид ба ҳадафҳо ва вазифаҳои он суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки машғулиятҳо бо усулҳои муосири интерактивӣ ба роҳ монда шуда, барои ҳамаи хонандагон комилан ройгон пешниҳод мегарданд. Ҳафтаи «Бозёфт» имконият фароҳам меорад, то хонандагони лаёқатманд самтҳои қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар озмуну олимпиадаҳо омода гарданд.
25
15.09.2025
-
«БОЗЁФТ» -И БӮСТОН Имрӯз дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Бӯстон маросими ифтитоҳии Ҳафтаи «Бозёфт» барои хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони шуъбаи маориф ширкат намуда, оид ба аҳаммият ва ҳадафҳои чорабинӣ суханронӣ карданд. Таъкид гардид, ки ин иқдом барои дарёфти хонандагони лаёқатманд, рушди истеъдодҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва такмили дониш равона шудааст. Ҳафтаи «Бозёфт» бо машғулиятҳои интерактивӣ баргузор гардида, имконият фароҳам меорад, ки хонандагон қобилият ва завқи худро муайян намуда, дар оянда барои иштирок дар олимпиадаҳо ва озмунҳо омодагӣ гиранд. Ин иқдом ҷиҳати дастгирӣ ва тарғиби истеъдодҳои нав дар шаҳр ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва рушди хонандагони лаёқатманд роҳандозӣ мешавад. Шаҳри Бӯстон аз натиҷаи ин ҳафта бозёфтҳои навро интизор аст!
25
15.09.2025
-
«БОЗЁФТ» ДАР ҲИСОР Имрӯз ҳайати кории Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо раванди баргузории Ҳафтаи "Бозёфт"-и Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Ҳадафи баргузории ҳафта дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдод, ҷалби хонандагони болаёқат ба таҳсилоти иловагӣ ва омодасозии онҳо ба озмуну олимпиадаҳо мебошад. Дар ҳафта намояндагони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, директори МДРИ шаҳри Ҳисор Аброр Азизов, сармутахассиси шуъбаи маорифи ш.Ҳисор Муҳаммадшариф Мирзоев ва директори МТМУ № 3-и ш. Ҳисор иштирок ва суханронӣ карданд. Бо сабаби надоштани бино рӯзи аввали ҳафта дар МТМУ №3-и шаҳри Ҳисор баргузор гардид. Зикр шуд, ки Марказ ва маҳфилҳои фаннӣ ва гурӯҳҳои таҳсил маҳз ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат ва рушди онҳо фаъолият мекунанд. Аз суолу ҷавоби хонандагон маълум шуд, ки онҳо иштиёқи омӯзиши донишҳои иловагиянд. Аз ҷумла, аз ҷониби хонандагон чунин саволҳо пешниҳод шуданд: Ба ду маҳфил шомил шудан мумкин аст? Аз синфи чанд ба маҳфилҳои фаннии МДРИ шомил шудан мумкин аст? Ман дар маҳфили фанни ҳуқуқ таҳсил мекунам, метавонам боз ба маҳфили забони англисӣ шомил шавам? ва ғ. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба ҳамаи саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои муфассал дода шуд.
21
15.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.09.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
11.09.2025
Запрос на Выражение заинтересованности
Запрос на Выражение заинтересованности Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор