
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ 22 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вализода Илҳомиддин Муовини вазири корҳои дохилӣ таъин карда шуд. Мутобиқи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи милитсия” дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар як қатор раёсатҳои дастгоҳи марказии Вазорати корҳои дохилӣ, раёсату шуъбаҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои гуногун кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону варзида таъин карда шуданд. Сардорони шӯъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, Панҷакент, Гулистон, Конибодом, Левакант, ноҳияҳои Муминобод, Данғара, Хуросон, Шаҳритус, Ёвон, Балҷувон, Спитамен, Мастчоҳ, Айнӣ, Ванҷ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур аз ҳисоби мутахассисони варзида таъин гардиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба давлат ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуда, ба онҳо доир ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу тартибот, волоияти қонун ва иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ дар асоси савганди садоқати худ ва қонунгузории кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас доданд. Таъкид гардид, ки ба одоби муошират бо мардум, омӯзиши забонҳои байналмилалӣ ва истифодаи техникаю технологияҳои муосири иттилооотӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, назорати татбиқи ҳамаҷонибаи талаботи нави қонунгузорӣ дар истифодаи дурусти неруи барқ, аз раванди таълиму тарбия дур намондани насли наврас ва ба хусус ба тарбия ва забономӯзии кадрҳои ҷавон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
86
22.04.2025
-
БАРРАСИИ ИҶРОИ НАҚША-ЧОРАБИНИҲОИ ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ДАР ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ 22 апрели соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии назоратӣ баргузор гардид. Дар он муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ иштирок намуданд. Дар оғоз, муовини якуми вазир ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, изҳор дошт, ки таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои муҳим амалӣ шуда истодааст. Зимни ҷаласа рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.07.2022, №305) ва Нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар ин замина (фармоиши ВМИ ҶТ аз 20.07.2022, №1058) мавриди муҳокима қарор гирифт. Масъалаҳои муҳиме чун сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ, тарғибу ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, баргузор намудани конференсияҳои илмӣ-назариявӣ, семинар, мизи мудаввар, вохӯриҳо вобаста ба мавзуи Истиқлол ва нақши он дар рушду нумӯи кишвар, фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, ободониву тозагии гирду атрофи муассисаҳо, ташкили чорабиниҳои фарҳангиву илмӣ, таҳия ва ба табъ расонидани китобҳои «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди таҳсилот дар Тоҷикистон» ва «Рушди маориф дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ», бештар намудани ихтисосҳои нав ва серталаб дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар, густариши ҳамкориҳо бо давлатҳои пешрафтаи дунё, таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар хориҷи кишвар, ташвиқу тарғиби дастовардҳои соҳаи маориф, чопи мақолаҳои илмӣ ва таҳлилию тарғиботӣ, инчунин баргузории конфронсҳо ва вохӯриҳо бо ҷалби аҳли илму маориф баррасӣ гардиданд. Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, ташвиқи мазмун ва моҳияти Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма, вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ ва боло бурдани сифати таълиму тарбияи насли наврас ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
64
22.04.2025
-
БОНУВОН - ПОСДОРОНИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ: БАРГУЗОРИИ ШУРОИ БОНУВОНИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО Имрӯз, 22-юми апрел дар маҷлисгоҳи Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, бо ҳадафи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва иҷрои банди 10-и Нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм оид ба амалигардонии қонуни мазкур ҷиҳати ҳифзи рукнҳои фарҳангӣ ва тарғиби либоспӯшии миллӣ Шурои бонувони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо баргузор карда шуд. Кори Шуроро раиси Шурои бонувони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо – Сафарова З. ифтитоҳ намуда, маърӯзаро дар мавзуи “Саҳми Шурои бонувон дар пешрафти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зан-модар” қироат намуданд. Пас аз он, мутобиқи рӯзномаи Шуро намояндагон аз марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Фирдавсӣ бобати аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷойгоҳи занон дар посдошти фарҳанги миллии тоҷикон суханронӣ намуданд.
46
22.04.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.04.2025
Assessment Specialist
Assessment Specialist Бештар -
28.03.2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН! Бештар -
27.03.2025
Запрос на Выражение заинтересованности. Проект «Улучшение среднего образования в области точных наук, технологии, инженерии и математики»
Запрос на Выражение заинтересованности. Проект «Улучшение среднего образования в области точных наук, технологии, инженерии и математики» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор