ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ифтитоҳи маҷозии 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистон дар шаҳри Истаравшан 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд. Ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд. Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои нави Маркази ташхисию табобатии хусусии Салоҳиддин аз 5 ошёна иборат буда, бо риояи талабот ва меъёрҳои сохтмонӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Машҳура Ҳайдарова бунёд шудааст. Дар Маркази нави ташхисӣ 35 мутахассиси соҳа ба кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон Маркази офиятбахшӣ ва солимгардонии Хушвахт низ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хушбахт Бафоев сохта шудааст, ки бо се ошёна дорои 8 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз мебошад. Дар иншооти мазкур 15 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин бинои навтаъсиси филиали Корхонаи воҳиди давлатии Саноатсодиротбонк дар шаҳри Истарвшан аз ҷониби Сарвари давлат ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Бо мавриди истифода қарор гирифтани филиали мазкур зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар ин рӯз, ҳамчунин, бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маҳаллаи Имоми Аъзам барои қабули 720 хонанда дар ду баст ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Иншооти сеошёна бо таҷҳизоти муосири соҳа таъмин буда, бо маблағгузории мақомоти маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша сохта шудааст. Инчунин дар деҳаи Тутки деҳоти Пошкент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 барои 540 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Муассисаи навбунёд дорои шароити мусоиди таълиму тадрис буда, дорои 12 синфхонаи муҷаҳҳаз мебошад. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар муассиса толори барҳавои варзишӣ сохта шудааст. Ҳамчунин, дар ин рӯз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69 дар деҳаи Чорбоғ барои 2 ҳазору 600 хонанда дар ду баст бо 50 ҷойи корӣ тариқи фосилавӣ ифтитоҳ гардид. Иншоот дуошиёна буда, дорои 36 синфхона мебошад. Хонандагон имкон доранд, ки бо истифода аз кабинетҳои фаннии химия, биология, физика ва география дониши худро сайқал диҳанд. Муассисаи зебову муосири таълимӣ имкон медиҳад, ки минбаъд наврасону ҷавонони деҳаи Чорбоғ дар шароити муосир бо таҳсил фаро гирифта шаванд. Ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62 дар деҳаи Сӯфиорифи деҳоти Зарҳалол дар идомаи ҳамин иқдом амалӣ гардида, барои бо таҳсил фаро гирифтани 500 хонанда дар ду баст аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Бинои ин муассиса аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он шароити муосири таълим фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар муассиса зиёда аз 30 омӯзгор, ки 90 фисади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба кор ҷалб шудаанд. Иншооти нав дорои маҷлисгоҳ бо 120 ҷойи нишаст аст. Инчунин, дар ин рӯз 3 кӯдакистон ба фаъолият оғоз намуд. Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Се муассисаи таҳсилоти томактабии тозабунёд дар деҳаҳои Сандағундак, Тутк ва Вогат дар маҷмуъ зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шудааст, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби соҳибкорон ва саҳми сокинони маҳал бунёд гардидааст. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва сатҳу сифати шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, масъулонро ба таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят намуданд. Бояд гуфт, ки танҳо имрӯз дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти миёнаву томактабӣ ба истифода дода шуд, ки барои 4 ҳазору 200 хонанда дар ду баст ва 400 кӯдак пешбинӣ шудаанд.10
19.11.2025
-
Ба истифода додани бинои Муассисаи томактабии хусусии ҶДММ Фортуна Ко, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи 2 кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ ва 8 маркази инкишофи кӯдак дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Фортуна Ко, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд. Кӯдакистони Арча дар асоси татбиқи нишондоди Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ оид ба бунёди муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар маҳаллаҳои аҳолинишин бунёд гардида, мақсади он фарогирии бештари кӯдакон ба низоми ибтидоии таълим арзёбӣ мешавад. Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст. Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд. Ин лоиҳа ҳамчун намунаи равшани сармоягузорӣ ба муассисаҳои иҷтимоии хусусӣ ва як қадами калидии стратегии рушди захираҳои инсонӣ дар Тоҷикистон маънидод мегардад. Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расондани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст. Боғча бо инфрасохтори инноватсионӣ, синфхонаҳои интеллектуалӣ, фазои мусоиди экологӣ ва барномаҳои тарбияву рушди ҳамаҷониба барои кӯдакони синни томактабӣ таъсис дода шудааст. Дар муассисаи томактабӣ 18 гурӯҳ ташкил шудааст, ки ҳар кадоме бештар аз 20 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегирад. Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад. Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад. Дар синфхонаҳои замонавӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои пазируфташуда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарбиятгирандагони кӯдакистон суҳбати самимӣ анҷом доданд. Гурӯҳҳо ба маҳфилҳои бозӣ, китобхонӣ, санъат, бозиҳои нақшофарӣ, табиатшиносӣ ва ғайра ҷудо карда шудааст. Ба рушди нутқи кӯдакон ва тафаккури тарбиятгиранда афзалият дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз ин иншоот, ки бо санъати муосири меъмории миллию аврупоӣ бунёд шудааст, баҳои баланд доданд. Дар ҳамин ҷо пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони Азизи дилҳо дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд. Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад. Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, 1 кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт. Кӯдакистони Фаринӯш дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд. Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи деҳа сохта шудааст. Дар кӯдакистони нав имкони ба таълими томактабӣ фаро гирифтани 40 кӯдак мавҷуд буда, он дорои шароити муосир мебошад. Ҳуҷраҳо барои гузаронидани машғулиятҳо, ҳуҷраҳои хоб ва фароғат дар муассисаи томактабӣ дорои шароити мусоид буда, бо лавозимоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст. Марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути маблағгузории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши инсонӣ дар Тоҷикистони назди Вазорати молияи кишвар бунёд гардидааст. Дар ҳар яке аз ин муассисаҳо аз 25 то 60 кӯдак ба таҳсилоти иловагӣ фаро гирифта мешаванд. Зимни суҳбат бо масъулони тарҳи бунёди марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро барои ҳиссагузории бештар дар пешрафти низоми маорифи Тоҷикистон, бахусус саҳмгузорӣ бобати рушди зинаи ибтидоии таълим, ҳидоят карданд.49
18.11.2025
-
Ба истифода додани Муассисаи томактабии Аркон, тариқи маҷозӣ ифтитоҳи Гимназияву муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Хуҷанд, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва майдончаи варзишӣ дар ноҳияи Айнӣ 18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии Арконро мавриди истифода қарор доданд. Иншооти навбунёд аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Умеда Гадойбоева дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти давлат дар масоҳати умумии 2264 метри мураббаъ бо сифати баланд ва шароити замонавӣ бунёд ёфтааст. Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти навбунёд 360 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои кор бо онҳо 30 парастори соҳибтаҷриба ва дорои ихтисоси педагогӣ ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии кормандон дар муассисаи томактабӣ 75 касро ташкил медиҳад. Иншооти навбунёд аз ҷониби меъморони маҳаллӣ дар ҳамкорӣ бо меъморони олмонӣ таҳия шудааст. Ин равиш омехтаи эстетикаи аврупоӣ ва ниёзҳои фарҳангии тоҷикӣ мебошад. Ҳар ҷузъи бино аз равзанаҳо то гузаргоҳҳо бо усули Муҳити амн барои кӯдак тарҳрезӣ шудааст. Бино дорои 26 ҳуҷраи барҳавои машғулият, аз ҷумла 12 ҳуҷраи хобу истироҳат, ошхона, нуқтаи тиббӣ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳар кадоми он бо таҷҳизоти зарурӣ ва воситаҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар синфхонаҳо бо мақсади ташаккулу инкишофи зеҳнии кӯдакон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Инфрасохтори мувофиқ ба стандартҳои муосири ҷаҳонӣ ва методикаи байналмилалии таълимии, ки ба мустақилият, худомӯзӣ ва рушди табиии қобилиятҳои кӯдакон равонашуда, аз бартариҳои дигари ин муассисаи наву замонавӣ мебошад. Бозӣ ва корҳои амаливу тафаккурӣ, таваҷҷуҳ ба рушди интеллектуалӣ ва иҷтимоӣ ба ҳар кӯдак, барномаи рангинкамон, инкишофи нутқ, коммуникатсия, саводи аввалия бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса раванди таълим ва машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, барои бедор сохтани завқи эстетикии кӯдакон толори мусиқӣ низ фаъолият мекунад. Саҳни бинои Муассисаи томактабии Аркон бо дарахтон ва гулу буттаҳои ороишиву ҳамешасабз ороста шуда, даромадгоҳи он пештоқи ҷолибу назаррабое дорад, ки бо завқу салиқаи баланд ороиш ёфтааст ва барои бедор сохтани ҳисси зебоиписандии кӯдакон муассир мебошад. Ҳамзамон дар саҳни бино айвончаи тобистона барои гузаронидани машғулиятҳо сохта шудааст. Зимни боздид аз шароити кӯдакистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва имкониятҳои фароҳамгардида баҳои баланд дода, аз иқдомҳои созандаи соҳибкори ватандӯст изҳори қаноатмандӣ намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо масъулин, онҳоро барои ба роҳ мондани таълими босифат, ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир ба кӯдакон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ ҷой додани эҳтирому садоқат ба обу хоки Ватан дар қалби онҳо, дастуру ҳидоятҳо доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду иншооти дигари соҳаи маориф – марҳилаи якуми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон дар маҳаллаи Темурмалик ва Гимназияи рақами 4-ро дар шаҳри Хуҷанд ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Аркон, ки бо шароити муосир бунёд ёфтааст, дорои имкони фаро гирифтани 600 хонанда дар ду баст мебошад. Дар Гимназияи рақами 4 бошад, 1700 хонандагон дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-ро дар деҳаи Томин ва майдончаи нави варзишии замонавиро дар деҳаи Ғаберуди ноҳияи Айнӣ тариқи фосилавӣ ба истифода доданд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26-и деҳаи Ғаберуд бо иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо маблағгузории корхонаи маъдантозакунии муштараки Тоҷикистону Амрико – Анзоб бунёд ёфтааст. Бинои нави муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, барои фаро гирифтани 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Иншооти нави варзишӣ бошад, бо саҳми соҳибкори ватандӯст Сайфиддин Нуров бунёд гардидааст. Майдончаи варзишӣ барои баргузории мусобиқаҳои гуногун пешбинӣ шуда, барои ҷалби бештари наврасон ба варзиш имконият фароҳам меорад.43
18.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор