ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МАРКАЗИ ИЛМ ВА ФАРҲАНГИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 5 майи соли равон вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баргузор гардид. Зимни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои гуманитарӣ ва таълимӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Россотрудничество), ки аз соли 2011 фаъолият дорад, ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангиву илмии ду кишвар табдил ёфтааст. Фаъолияти марказ тавассути «Русский дом» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки ҳамкориҳо, бахусус дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон, сол ба сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилотӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамасола садҳо довталаби тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи Федератсияи Россия ба таври ройгон таҳсил намоянд. Ҳамчунин, ба аҳаммияти ташкили курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон, аз ҷумла барномаи «Здравствуй, Россия!» ишора карда шуд. Дар идомаи мулоқот вазири маориф ва илм ба масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи барномаҳои таҳсилотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия таҳсил менамоянд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва таъмини идомаи бемонеаи таҳсили донишҷӯён, тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду кишвар муҳим мебошад. Дар ин замина, масъалаҳои вобаста ба будубош ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён, инчунин пешгирии ҳолатҳои номатлубе, ки метавонанд ба идомаи таҳсили онҳо таъсир расонанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вазири маориф ва илм пешниҳод намуд, ки ҷиҳати такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилотӣ ҳамкориҳои Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ боз ҳам тақвият дода шавад. Ҳамчунин, бо мақсади баррасии саривақтии масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, пешниҳод гардид, ки механизми ҳамоҳангсозии муштараки миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар роҳандозӣ карда шавад. Ҷонибҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор дошта, таъкид намуданд, ки чунин ҳамкориҳо барои рушди сармояи инсонӣ, таҳкими робитаҳои дӯстона ва густариши ҳамкориҳои илмиву фарҳангии ду кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон46
05.05.2026
-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОНИ РАВИЯИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ СЛАВЯНИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ Имрӯз, 5 майи соли 2026 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2026-2027 баргузор гардид. Дар тақсимоти мутахассисон сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия И. Иброҳимзода, намояндагони вазорат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, инчунин намояндагони сарраёсат, раёсатҳо, шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки омода намудани мутахассисони соҳибкасбу рақобатпазир ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони ҷавон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Қайд карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус омӯзгорони ҷавон, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, рушди неруи инсонӣ ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорро омили асосии пешрафти давлат ва ҷомеа арзёбӣ мекунанд. Ҳамзамон, зикр гардид, ки омӯзгорони ҷавон ҳамчун неруи пешбарандаи соҳа дар татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст нақши муҳим доранд. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки бо эҳсоси баланди масъулият, дониш ва маҳорати касбии худро барои рушди соҳаи маорифи кишвар равона созанд. Дар ҷараёни тақсимот 141 нафар хатмкунандае, ки тариқи буҷавӣ донишгоҳро хатм менамоянд, мутобиқ ба ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон17
05.05.2026
-
ИДОМАИ ФЕСТИВАЛИ "РӮЗИ НАВ" Дар рӯзи дуюми Фестивали фарҳангӣ-маърифатии “Рӯзи нав”, ки дар театри ҷумҳуриявии “Лӯхтак” баргузор гардид, тамоми 10 устохонаҳо ҷамъ омада, фаъолияти кориро тибқи барномаи тарҳрезишуда идома доданд. Аъзоёни коргоҳи “Картон” аз бинои театр дидан намуда, ҷойи амсиларо, ки дар алоҳидагӣ ва якҷоя аз картону коғазҳо бояд сохта шуда, рӯзи охири фестивал муаррифӣ мегардад, интихоб намуданд. Сипас, дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи “Урбанистика” (соҳаи илме, ки шаҳрҳо ва тарзи зиндагии одамонро дар шаҳр меомӯзад) дар қисмати дуюми кор, ки дар бинои Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ идома ёфт, бозиҳои факултативӣ гузаронида шуда, бо хонандагон дар бораи шаҳри Душанбе, аз ҷумла хусусиятҳои фарқкунандаи он аз дигар шаҳрҳо, андешаҳо нисбати сохтмони биноҳои баландошёна, нақлиёти мусофиркаш, тозагии обу ҳаво суҳбати самимӣ ороста шуд. Дар қисмати “Зеҳни сунъӣ” ба аъзоёни ин гурӯҳ аз хусуси аҳамияти зеҳни сунъӣ дар фаъолияти инсон ва истифодаи барномаҳои он машғулиятҳои ҷолиб гузаронида шуданд. Ҳайати гурӯҳи “Кино ва актёрон” бо ҳунармандони театри “Лӯхтак” ва барномаи фарҳангии пешниҳодшуда шинос шуда, вобаста ба мавзуъҳои маҳорати саҳна, тарзи наворгирӣ ва бозидани этюдҳо машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуданд.14
05.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор