ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҲАМАДОНӢ: ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №22 ДАР МАҲАЛЛАИ ФАЗЛ НАБӢ 2 март зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-ро дар маҳаллаи Фазл Набии деҳоти Даштигуло мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи мазкур дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба таҳкими соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити муносиби таълим барои хонандагон равона шудааст. Маҳаллаи навбунёди Фазл Набӣ дар қисмати шимолии деҳаи Тагноби деҳоти Даштигуло воқеъ буда, соли 2013 таъсис ёфтааст. Маҳалла аз 148 хоҷагӣ иборат буда, дар он 1038 нафар аҳолӣ истиқомат мекунанд. Бо сабаби набудани муассисаи таълимӣ хонандагони маҳалла маҷбур буданд ҳар рӯз зиёда аз 3 километр роҳро тай намуда, роҳи автомобилгарди аҳамияти байналмилалии Гулистон-Фархорро гузашта, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18 ва №52, ки дар деҳаҳои Тагноб ва Файзободи деҳоти Даштигуло ҷойгиранд, таҳсил намоянд. Бо дарназардошти ин зарурат, бунёди муассисаи нави таълимӣ дар маҳаллаи мазкур иқдоми муҳим арзёбӣ мегардад. Сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 240 хонанда аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Элдорадо 05” амалӣ гардида, айни ҳол пурра ба анҷом расонида шудааст. Фармоишгари иншоот гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” мебошад. Бино аз ду ошёна ва 10 синфхона иборат буда, дар он синфхонаҳои фанҳои химия, биология, физика, синфхонаи компютерӣ, синфхонаи инкишофи кӯдак, утоқи директор, утоқи омӯзгорон ва дигар синфхонаҳои таълимӣ ҷойгир шудаанд. Иншоот бо маблағи 6 миллиону 356 ҳазору 594,31 сомонӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Муассиса дар масоҳати 1,3 гектар бунёд гардида, дорои буғхона, амбор, ҳоҷатхона, обанбори ҳаҷмаш 50 метри мукааб ва майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла барои футбол мебошад. Зимни ифтитоҳи муассиса таъкид гардид, ки фароҳам овардани шароити муосири таҳсил барои насли наврас яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, бунёди чунин иншоотҳо ба баланд гардидани сатҳи донишандӯзии хонандагон ва рушди минбаъдаи соҳаи маориф мусоидат менамояд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон42
02.03.2026
-
РУШДИ ИНДУСТРИАЛӢ-АГРАРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: ВАЗЪИ МУОСИР ВА ДУРНАМО Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии «Рушди индустриалӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъи муосир ва дурнамо» баргузор гардид. Конференсияро ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва иштирокдорони ҳамоиш, аз ҷумла муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва намояндагони муассисаҳои илмиву таҳсилоти олии кишварро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронї ректори Донишгоҳ таъкид намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои давлатдории миллӣ таҳким ёфта, заминаҳои рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ фароҳам оварда шуданд. Қайд гардид, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар — расидан ба истиқлоли энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати миллӣ, ба рушди босуботи иқтисодиёт мусоидат намуданд. Аз ҷумла, соҳаи саноат чун муҳаррики иқтисоди миллӣ бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва таҳкими иқтидори содиротӣ нақши калидӣ мебозад. Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан вобаста ба сиёсати иқтисодии давлат ва аҳаммияти рушди индустриалӣ-аграрӣ маъруза ироа намуд. Мавсуф зикр кард, ки сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули иқтисоди рақобатпазир, васеъ намудани самтҳои истеҳсолот ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ равона гардидааст. Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои иқтисодӣ, рушди ҳамоҳанги бахшҳои саноат ва кишоварзӣ заминаи асосии таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, татбиқи стратегияҳои давлатӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, иқтисоди сабз ва рушди иқтисоди рақамӣ, барои ворид намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат шароити мусоид фароҳам меорад. Сипас, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Мирпочоев Далерҷон дар мавзуи «Экосистемаи саноатӣ ҳамчун механизми институтсионалии рушди саноатӣ-аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Алиҷонов Ҷамшед дар мавзуи «Заминаҳои назариявии татбиқи рушди индустриалӣ-аграрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад карда, ҷанбаҳои илмӣ ва методологии рушди мутаносиби бахшҳои саноат ва кишоварзиро шарҳ доданд. Дар анҷоми конференсия таъкид гардид, ки натиҷаҳои илмӣ ва пешниҳодҳои назариявию амалии ироагардида метавонанд барои таҳкими ҳамгироии илм бо истеҳсолот, такмили сиёсати иқтисодӣ ва татбиқи босамари ҳадафҳои стратегии давлат дар самти рушди индустриалӣ-аграрии кишвар заминаи мусоид фароҳам оваранд. Конференсия нимаи дуюми рӯз дар бахшҳо кори худро идома хоҳад дод. Таъкиди ин нукта низ муҳим аст, ки маводи конференсия ба шакли маҷмуа чоп ва дастраси иштирокдорони конференсия гардид.55
27.02.2026
-
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ 12 СОЛАИ ТАҲСИЛ ТАҚОЗОИ ЗАМОН Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ мизи мудаввар дар мавзуи «Аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим: мутобиқат ба стандарти ҷаҳонӣ ва дурнамо» баргузор гардид. Дар мизи мудаввар вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои марбута иштирок намуданд. Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Саидвализода Барно зикр намуд, ки ҳадаф аз баргузории мизи мудаввар аз он иборат аст, ки масъалаи ҷорӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф дар мамлакат яъне, гузариш ба таҳсилоти 12 сола ҳамчун тақозои замон арзёбӣ шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил ва рақобатпазирии байналмилалии хатмкунандагон зарур дониста мешавад. Таълими замонавӣ бояд ба рушди тафаккури зеҳнию техникӣ, қобилияти кор дар гурӯҳ, малакаю муошират, саводи рақамӣ ва ташаббускории насли наврас мусоидат намояд. Бинобар ин, дар баробари таҷдиди назар гардидани стандарту барномаҳо ва адабиёти таълим, фароҳам овардани шароити мусоид оид ба гузариши низоми 12 солаи таълим бояд равишҳои муосири таълим ва методикаи омӯзгорӣ низ такмил дода шаванд. Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума зимни баромади хеш зикр намуд, ки гузариш ба низоми 12 солаи таълим тақозои замон буда, аз масъулини соҳа масъулияти бештарро талаб менамояд. Вакили Маҷлиси намояндагон Наҷмиддиниён Асадулло, Саидзода Муҳаммадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Каримзода Равшан – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо гузоришу маърузаҳо баромад намуданд.60
27.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
25.02.2026
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» Бештар -
18.02.2026
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол»
Эълони озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор