ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ШОҲМАНСУР: БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2026» Имрӯз, 6 майи соли 2026 дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2026” дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 баргузор гардид. Дар озмун довталабон аз муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди касбӣ, сатҳи дониш, малакаи педагогӣ ва эҷодкории худро муаррифӣ намуданнд. Иштирокчиён бо дарсҳои намунавӣ, баромадҳои методӣ ва пешниҳоди таҷрибаи пешқадам сазовори баҳои баланд гардиданд. Бо мақсади таъмини шаффофият ва баҳогузории одилона, ҳайати доварони озмун аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар мутахассисони соҳаи маориф таъсис дода шуд. Ҳамзамон, барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ кумитаи тадорукот фаъолият бурда, ҷараёни озмунро мувофиқи талаботи муқарраргардида ба роҳ монд. Дар рафти чорабинӣ инчунин намояндагони иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия иштирок доштанд, ки саҳми онҳо дар ташкили чорабинӣ назаррас арзёбӣ мегардад. Даври ноҳиявии Озмун бо сухани ифтитоҳии муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур З. Зуҳурзода оғоз гардида, зимни баромади худ ӯ аҳамияти баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, рушди малакаҳои касбӣ ва дарёфти истеъдодҳои навро таъкид намуд. Бояд қайд намуд, ки баргузории чунин озмунҳо дар баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, рушди методикаи таълим ва табодули таҷрибаи пешқадам нақши муҳим дошта, барои пешрафти соҳаи маориф мусоидат менамояд.31
06.05.2026
-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДБЗХТ БА НОМИ СОТИМ УЛУҒЗОДА Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 6 майи соли 2026 маросими тақсимот ва сафарбарнамоии донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар он сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори Донишгоҳ Ж. Гулназарзода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вазорат, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорат ва 25 намоянда аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои кишвар ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат доштанд. Дар оғоз иттилоъ дода шуд, дар соли таҳсили 2025-2026 ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва карера 735 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 67 нафар зиёд мебошад. Аз он 316 нафар хатмкунадагони равияи омӯзгории шуъбаи рӯзона (нисбат ба соли гузашта 74 нафар зиёд мебошад). Ҳамчунин 419 нафар хатмкунандагони равияи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (нисбат ба соли гузашта 7 нафар кам мебошад) ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил мекунанд 42 нафар мебошанд. Ректор донишгоҳ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар бораи касби пуршарафи омӯзгорӣ, имконот ба омӯзгорони ҷавон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, эътимоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгириву иқдомоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи маориф ва илм сухан гуфта, инчунин, донишҷӯён, ки омӯзгорони оянда ҳастанд, ба масъулиянокиву дақиқкорӣ дар ин ҷодаи пурифтихору масъулиятпазир ҳидоят кард. Дар идома, сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илм хатмкардагони донишгоҳро ҷавонони саодатманду хуштолеъ номида, иброз дошт, ҷавонон бояд ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар ба донишандӯзиву забономӯзӣ машғул шуда, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баландтар бардоранд. Инчунин таъкид гардид, ки дар оянда хатмкардагони донишгоҳ бо дониши воло ва забондонӣ ҳамчун омӯзгорони муваффақ дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавони миллат саҳми назаррас гузошта, онҳоро дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят менамоянд.33
06.05.2026
-
БАРРАСИИ РАВАНДИ ОМОДАСОЗИИ КИТОБҲОИ ДАРСИИ НАСЛИ НАВ ВА ТАТБИҚИ ТАЪЛИМИ STEM Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо роҳбари лоиҳаи «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ, риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Айҷан Кидиралиева ва намояндаи ЮНЕСКО Нурбек Тилешалиев баргузор гардид. Дар мулоқот инчунин дигар шахсони масъули вазорат ва лоиҳа иштирок намуданд. Ҳадафи асосии вохӯрии мазкур баррасии масъалаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар рушди таълими фанҳои дақиқ (STEM) дар Тоҷикистон ва дастгирии ислоҳоти ҷорӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб мерафт. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои судманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Ташкилоти ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо, ки маблағгузори лоиҳаи мазкур мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ҷараёни суҳбат таваҷҷуҳи махсус ба вазъият ва сатҳи омодашавии китобҳои дарсии насли нав равона карда шуд.16
06.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор