
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 17 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласа дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф бахшида шуд. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равия ва самти омӯзгорӣ, сардорони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳамчун самти калидии рушди устувори ҷомеа ва давлат мақоми махсусро доро буда, барои рушди он ва баланд бардоштани сифати таълим тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, фаъолияти худро ба самтҳои калидии афзоиши ҷойи таҳсил дар ихтисосҳои томактабӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, густариши гурӯҳҳои таълим бо забонҳои русиву англисӣ, таҳияи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, боло бурдани сатҳи такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, инчунин, татбиқи чорабиниҳои амалии зиддикоррупсионӣ равона месозад. Ҳамзамон, вазир афзуд, ки кормандони соҳа дар маҷмуъ бояд бо масъулиятшиносии баланд, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои стратегияҳои соҳавӣ талош варзида, дар рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд. Дар рафти ҷаласа миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба такмили ихтисоси омӯзгорон, омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вазъи иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои барномаю стратегияҳои давлатии муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи либоси мактабӣ ва фарҳанги миллӣ, иштироки бевоситаи донишҷӯён дар раванди дарсҳои шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ, беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба тасилоти томактабӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуд, ки иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, рушди равияи фанҳои дақиқу табиӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъули соҳа ба шумор рафта, роҳбарон ва кормандон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, саҳми арзандаи худро дар рушду такомули низоми маорифи кишвар гузоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
6
17.09.2025
-
Семинари омӯзишӣ барои ғолибони даври вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид Санаи 16-уми сентябри соли 2025 дар толори маҷлисии литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар семинари омӯзишӣ барои ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Семинар бо ташаббуси Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он мусоидат ба омодагии довталабон барои иштироки шоиста дар даври ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар кори семинар 54 нафар ғолибони даври вилоятӣ, ки аз ҳисоби хонандагон мебошанд, ширкат варзиданд. Ҳамчунин, устодони ғолибон, китобдорон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони шуъбаҳои маориф низ ҳузур доштанд. Ёдовар мешавем, ки аз даври вилоятӣ 90 нафар довталаб ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, ки 54 нафари онҳо хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Нахуст, сардори Раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода оид ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва рушди фарҳанги китобхонӣ суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки “ҳадафи асосии ташкили озмуни ҷумҳуриявии ‘Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст’ баланд бардоштани савияи маърифатӣ ва ҷалби аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мебошад.” Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки ҳамасола шумораи ғолибони даври ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби хонандагон ва омӯзгорони вилояти Хатлон бештар мегардад. Дастоварди хонандагони солҳои охир, ки чандин маротиба Шоҳҷоизаи озмунро ба даст овардаанд, далели равшани пешравии хонандагони вилоят мебошад. Дар ҷараёни семинар бо ҳар як ғолиби озмун суҳбати инфиродӣ сурат гирифт. Аз сатҳи омодагӣ, шароити омӯзиш дар хона ва китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ пурсон шуда, ба мудирони бахшу шуъбаҳои маориф, директорони мактабҳо, китобдорон ва падару модарон дастур дода шуд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо ба довталабон кӯмак расонанд. Сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода ҳамчунин хотиррасон намуд, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид соли 2025 “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон гардидааст. Дар ин замина фаъолияти китобхонаҳо беҳтар шуда, маҳфилҳои дӯстдорони китоб ва бахши “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимӣ роҳандозӣ шудаанд. Дар қисмати дигари семинар суолу ҷавоби озод бо ғолибон баргузор гардид, ки дар он мушкилиҳо ва норасоиҳои ҷойдошта мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар анҷом, ғолибони солҳои қаблӣ, ки имсол шогирдонашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд, бо Сипосномаи Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Хадамоти матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон
35
16.09.2025
-
Ифтитоҳи меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” 16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе”-ро (Crowne Plaza Dushanbe) бо Маркази бузурги тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Иттилоъ дода шуд, ки ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 18-ошёна мебошад. Ёдовар мешавем, ки 4 сентябри соли 2019 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари пойтахт - кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино дар соҳили рӯди Лучоб бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшида буданд. Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар ин иншооти замонавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи 5 ситорадори “Кровн Плаза Душанбе” аз 124 ҳуҷра, аз ҷумла 1 ҳуҷра дар ошёнаи 15-ум барои меҳмони воломақом бо масоҳати 260 метри мураббаъ, 34 ҳуҷраи люкс, 30 ҳуҷраи нимлюкс ва 59 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад. Дар маҷмуъ меҳмонхона барои 150 мизоҷ дар як вақт имкони будубошро фароҳам меоварад. Баъди бунёди иншооти мазкур аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ 150 кас соҳиби кори доимӣ шуд. Имкон аст, ки дар меҳмонхона 200 нафар ба кор таъмин гардад. Аксари коргарон дорои ихтисосҳои хизматрасонию меҳмондорӣ ва донандаи чанд забони хориҷӣ мебошанд. Сатҳи баланди донишу омодагии кормандон имконият медиҳад, ки ба мизоҷон хизмати баландсифат расонида шавад. Мавриди зикр аст, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ 400 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштанд. Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ 1,18 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Элит-Строй-Сервис” мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ба анҷом расонида шудааст. Соҳибкорони ватанӣ аз 1 июли соли 2023 ба муҳлати 20 сол бо ширкати Интерконтинентал Ҳотелз Групи Лондон (Intercontinental Hotels Group) таҳти бренди “Кровн Плаза” (Crowne Plaza) шартнома ба имзо расонида буданд. Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст. Бо завқу салиқаи баланд ва бо истифода аз санъати баланди меъморӣ оро ёфтани дохили бино, ҳуҷраҳои хоб, роҳраву макони қабули мизоҷон иншоотро зебову диданӣ намудааст. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 3 тарабхона, толор барои зиёфатҳои расмӣ бо 150 ҷой, 3 қаҳвахона, кошонаи ҳусн, ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи дуюм толорҳои конфронс бо номҳои зебои марказҳои маъмурии шаҳрҳои кишвар номгузорӣ шуда, инчунин макони баргузории вохӯриҳои сатҳи баланд, омода гардидааст. Дар ду қабат таҳхонаи бинои меҳмонхона таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 100 нақлиёт ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасони техникӣ сохта шудааст. Иншооти бошукӯҳ дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни фархундаи миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Мақомоти иҷроияти ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибикорони ватанӣ бунёд гардид. Аснои шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои меҳмонхона Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба услуби кори меъморон ва сифати корҳои сохтмонию шароити фароҳамгардида баҳои баланд дода, сохтмони чунин иншоотро дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ карданд, зеро шумораи сайёҳон ба кишвари мо сол то сол зиёд мегардад. Дар маркази калони тиҷоратӣ, ки аз 18 ошёна иборат мебошад, барои доираҳои васеи соҳибкорӣ шароити муосири кор фароҳам гардидааст. Аз ҷумла, аз ошёнаҳои аз 1 то 8 идораи маъмурии ширкатҳо ва дар ошёнаҳои аз 9 то 18 дигар ҳуҷраҳои корӣ ҷойгир карда шудааст. Баъди ифтитоҳи маркази тиҷоратӣ дар ин ҷо барои 100 нафар ҷои кори доимӣ ташкил гардид. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд гардида, дар рафти корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст. Бо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ ҳамзамон ба пойтахти кишвар зебогии нав зам гардид. Бунёди гулгашти зебо дар назди меҳмонхона ба ҳусни иншоот зебогии дигар зам намуда, хоса шомгоҳон ин макон дилкашу назаррабо мегардад. Ҳудуди он бо чароғҳои ранга зинат ёфта, барои сайругашт ва истироҳати мизоҷон дар ҳавои тоза шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Баъди шиносоии пурра бо шароити кору хизматрасонӣ дар меҳмонхонаи “Кровн Плаза Душанбе” Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ, бунёд кардани иншооти муосир изҳори сипос карда, онҳоро ба риояи меъёрҳои баланди соҳавӣ, одобу рафтор ва суннатҳои баланди меҳмондории миллӣ ва дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ҳидоят намуданд.
30
16.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.09.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
11.09.2025
Запрос на Выражение заинтересованности
Запрос на Выражение заинтересованности Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор