ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ПАЁМ - РОҲНАМОВУ РОҲКУШОИ АҲЛИ ИЛМУ МАОРИФ Имрӯз, 14-уми январи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои марбут ба соҳаи маориф, ки дар Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардиданд, таҳти унвони «Паём - роҳнамову роҳкушои аҳли илму маориф» конференсияи илмӣ - назариявӣ баргузор гардид. Дар конференсия муовинони вазири маориф ва илм, раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар командони соҳаи маориф иштирок намуданд. Конференсияро муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон зикр карданд, ки «Имрӯз дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамояд». Ин таъкидҳо моро водор месозанд, ки Паёми имсоларо ҳадафи аслии сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри рушди соҳа, беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия ва саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳарчи бештар чораҳои дахлдор андешем. Сипас, маърузаҳои раиси кумитаи маориф, илм, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Насиба Содиқӣ ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Изатулло Маҳмудов дар мавзуи «Паём-омили муҳимми соҳаҳои калидии ҷомеа» шунида шуд. Иброз гардид, ки нуктаҳое, ки дар ҳар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа мегарданд, маҳз ба хотири муҳайё сохтани шароити зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошанд. Сарвари давлат ба ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, нияти неку азми қатъӣ ва саъю талоши созандаи мардуми шарафманди Тоҷикистон эътимоди комил доранд ва моро месазад, ки бо кору фаъолияти худ ва бо нишон додани натиҷаҳои самаранок сазовори эътимоди Роҳбари давлат гардем. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
73
14.01.2025
-
РАҚАМИКУНОНИИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ 14 январи соли 2025 дар филиали Муассисаи давлатии "Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон дар мавзуи "Рақамикунонии соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Пешвои миллат" бо иштироки меҳмонони даъватӣ аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, роҳбарияти Филиал, мудирони шуъбаву кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва шунавандагони курсҳои такмили ихтисос конференсияи илмӣ-назарявӣ доир гардид. Сараввал бо садо додани Суруди миллӣ директори филиали Донишкада дар шаҳри Душанбе, Мутриба Аҳмадӣ чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун барномаи мушаххаси корбарӣ барои ҳар як фарди фаъоли ҷомеаи маданӣ, муассисаҳову идораҳои давлатӣ, махсусан, аҳли маорифи кишвар ироа гардидааст, моро водор менамояд, то ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хидматӣ ва ҷамъиятӣ масъулияти баланди маданӣ эҳсос намуда, барои татбиқи амалии нишондодҳои он саҳми назаррас гузорем. Чунки Паём роҳнамои асосии зиндагӣ ва воситаи муҳайёкунандаи зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Сипас дотсенти кафедраи методикаи таълими фан дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, Мавлоназаров Силмон дар мавзуи "Масъалаҳои рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикситон", омӯзгори калони кафедраи иқтисод ва идора дар соҳаи маорифи Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Холназаров Имомназар дар мавзуи"Таҳлили Паёми Пешвои миллат дар соҳаи маориф ва илм" ва муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ва илмӣ-методӣ, Умедҷони Файзалӣ дар мавзуи"Рақамикунонии низоми такмили ихтисос дар партави Паёми Пешвои миллат" баромад намуданд. Ва зикр намуданд, ки дар Паём масъалаҳои муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи мадании Тоҷикистон ҳамчун чароғи фурӯзон ва роҳнамову пешбарандаи ҷомеа нишон дода шудааст. Дар анҷом бо садо додани Суруди миллӣ конфренсия кори худро ба анҷом расонид.
29
14.01.2025
-
ВОХӮРИИ МУОВИНИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ БРИТАНИЯИ КАБИР 13-уми январии соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода бо сафири Британияи Кабир хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ ва намояндагони сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Нахуст муовини вазири маориф ва илм иброз дошт, ки вохӯрии имрӯза худ далели рушду тавсеаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Британияи Кабир дар соҳаҳои маориф ва илм аст. Гуфта шуд, ки ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир 15 январи соли 1992 барқарор шудааст. Дар заминаи ҳамкориҳои судманди дуҷониба, 20 декабри соли 2001 дар шаҳри Душанбе Сафорати Британияи Кабир ва 11 феврали соли 2008 дар шаҳри Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шуд. Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки омӯзиши забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст. Хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаҳои гуногун, ки дар курсҳои омӯзишӣ тариқи онлайн ва ё дигар усулҳо таҳсил карда, онро хатм мекунанд, барои гирифтани ҳуҷҷати тасдиқкунанда – сертификат, шаҳодатнома, диплом ва ғайра мувоҷеҳи мушкилот мешаванд, ки ҷониби Вазорати маориф ва илм дар таъсис додани намояндагии British Council дар шаҳри Душанбе барои ҳалли ин мушкилот ҳавасманд мебошад. Дар навбати худ хонум Кэтрин Смиттон омодагии ҷониби Британияи Кабирро ҷиҳати дар сатҳи хубтар ба роҳ мондани ҳамкориҳо иброз намуда, ба ҳамкории тарафҳо дар самти таҳсилоти олии касбӣ ва табодули таҷрибаву дониши донишҷӯёну устодон ишора кард. Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои бурсияҳои таҳсилӣ, лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, омӯзиши забони англисӣ ва равобити байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
65
13.01.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала методистов отделов образования школ по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала методистов отделов образования школ по проекту LEARN Бештар -
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала директоров школ по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала директоров школ по проекту LEARN Бештар -
25.12.2024
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала учителей истории по проекту LEARN
ЗАПРОС НА ВЫРАЖЕНИЕ ЗАИНТЕРЕСОВАННОСТИ. Индивидуальный консультант по разработке учебного пакета для наращивания потенциала учителей истории по проекту LEARN Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон