ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН» 10 феврали соли 2026 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №44 бо иштироки муовини раиси ноҳия, сарпарасти соҳа З. Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф А. Бобозода, роҳбарони муассисаҳои томактабии ҳудуди ноҳия дар доираи омодагӣ ва таҷлили 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни тарбиягирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия ҷиҳати амалигардонии "Бистсолаи омўзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" эълон гардидани солҳои 2020-2040", “Стратегияи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф ва илм дар давраи то соли 2030" даври ноҳиявии Озмуни шаҳрии "Ахтаракони ҳисобдон" баргузор гардид. Озмун бо мақсади баланд бардоштани ташаккули малакаҳои фаъолияти маърифатӣ, маҳорати дарки яклухту томи ҳаёти атроф ва истифодаи ахборот барои ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, рушди маҳорату малакаи фикррониву мушоҳида, муқоиса, ҷудо намудан ва хулосабарорӣ намудан, ташаккули тасаввуротҳои оддитарини математикӣ тартиб додану ҳал намудани масъалаҳои математикӣ, дарк кардан ва ҳал кардани муаммоҳои арифметикӣ, сайқал додани маҳорати ҷамъу тарҳ кардани рақамҳо, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди малакаҳои таҳлилӣ ва тафаккури мантиқӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиёну омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами онҳо доир мегардад. Дар озмун кўдакони гурўҳи калон ва гурўҳи омодагӣ ба мактаби муассисаҳои таълимии томактабии (5-7 сола) новобаста аз шакли моликият ва тобеият иштирок менамоянд. Иштирокчиёни озмун ба гурўҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд: - тарбиягирандагони гурўҳи калон (5-6 -сола); - тарбиягирнадагони гурўҳи омодагӣ (6-7-сола). Дар вақти баҳогузорӣ ва холгузорӣ ба маҳорату малакаи ҳал кардани мисолу масъалаҳои математикӣ, тафаккури мантиқии кӯдакон бартарӣ дода мешавад. Озмун асосан бо забони тоҷикӣ сурат гирифта, ба довталабоне, ки дар гурӯҳҳои таълим бо забони ғайритоҷикӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, имконияти бо забонҳои хориҷӣ (русӣ, англисӣ) баромад кардан дода мешавад. Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯи талаботи зерин муайян карда мешавад: - санҷиши тафаккури математикӣ (диктанти математикӣ) - ҳалли масъалаи математикӣ аз рӯи расми пешниҳодшуда дар тахта ва ҳисоб карда тавонистани амалҳо (кам ва зиёд кардан); - бо истифодаи шаклҳои геометрӣ сохтани ашёву манзараҳо (тибқи супориш); - ҳалли муаммоҳои математикӣ; - дар маводҳои таълимӣ муайян карда тавонистани тасаввуротҳо оид ба вақту фазо ва тарафҳо; - маҳорати истифодаи маводҳои таълимӣ ва бозичаҳои тафаккурро таҳрикдиҳанда (сохтани шаклҳои геометрӣ аз қоғаз, расму манзараҳо аз лото, лего, (пазлҳо, мазайкаҳо), пирамидаҳо ва истифода бурда тавонистани кубик - рубик). Ғолибон аз ҷониби ташкилкунандагони озмун ба таври моддию маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.41
10.02.2026
-
ҲАМОИШИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НАҚШИ БОНУВОН ДАР ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ” Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев бахшида ба Паёми Пешвои миллат ҳамоиши омӯзишӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат ва нақши бонувон дар таҳкими фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Кори ҳамоиши омӯзиширо ректори донишгоҳ, профессор Комилбек Амид Ёрбек ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши бонунувон дар ҷомеа андешаронӣ намуданд. Дар ҳамоиши омӯзишӣ муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои химия Давлатназарова М.Д. дар мавзуи “Очистка сточных вод сорбентами из растительного отхода”, муовини декани факултети таърих оид ба корҳои тарбиявӣ Карамшоева Г.Қ., дар мавзуи “Илм ва маориф асоси ташаккули давлати муосир” ва мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ Ҷонмамад М.Т. дар мавзуи “Нақши бонувон дар рушди илм ва технологияи муосир” маъруза намуданд.34
09.02.2026
-
БАЙНИ МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА KING’S COLLEGE LONDON ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад. Ёддошти тафоҳуми баимзорасида ба густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардида, фароҳам овардани имконияти мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Шоҳигарии Муттаҳида — King’s College London-ро дар назар дорад. Тибқи Ёддошти тафоҳум, ҷонибҳо имкон доранд дар самтҳои тарғиби имконияти таҳсил, мубодилаи иттилоот вобаста ба барномаҳои таълимӣ, раванди қабул ва хизматрасониҳои дастгирии донишҷӯён, инчунин ҳамоҳангсозии масъалаҳои марбут ба таҳсили донишҷӯёни бурсиявӣ ҳамкории судманд ба роҳ монанд. Дар доираи ин ҳамкорӣ King’s College London омодагии худро барои расонидани дастгирии маъмурӣ ва машваратӣ ба донишҷӯёне, ки аз ҷониби Маркази барномаҳои байналмилалӣ ба таҳсил равона мегарданд, иброз намуда, ҳамзамон таваҷҷуҳи худро ба ҷалби донишҷӯёни болаёқати тоҷик таъкид намуд. Зимни музокирот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки татбиқи Ёддошти тафоҳум ба таҳкими робитаҳои академӣ, болоравии сатҳи касбии ҷавонони тоҷик ва рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад.38
09.02.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
10.02.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
10.02.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
09.02.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор