ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ» 1 ноябри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси комиссияи озмун Раҳим Саидзода, муовини якуми вазир, муовинони вазири маориф ва илм, дигар намояндагони расмӣ, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, олимону устодони донишгоҳ, довталабону иштирокчиёни озмун ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд. Сараввал муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуда, таъкид кард, ки ин иқдоми арзандаи Пешвои муаззами миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст. Қайд гардид, ки озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад. Муовини Сарвазири кишвар иброз дошт, ки вазорат дар посух ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди соҳаи маориф ва илм тадбирҳои амалӣ меандешад ва озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» ҳамчун як ташаббуси созанда дар баланд бардоштани шавқи таҳқиқотӣ ва илмомӯзии ҷавонон нақши муҳим бозида, ҳамасола шумораи бештари иштирокчиёнро фаро мегирад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар даври сеюми озмун 4852 нафар довталаб иштирок намуданд, ки аз онҳо 667 нафар, аз ҷумла 227 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 216 хонандаи муассисаҳои типи нав, 183 донишҷӯ ва 41 намояндаи касбу кори гуногун ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври ҷумҳуриявии озмун аз 21 то 25 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар умум 156 нафар ғолиб дониста шуд, ки аз ин шумора 26 нафар соҳиби ҷойи якум, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ҷойи сеюм гардиданд. Ҳамзамон, мувофиқи натиҷаҳои озмун ба 139 нафар волидайни ғолибон нишони «Маърифатпарвар», ба 51 омӯзгор нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон» ва ба 36 нафар «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илм супорида шуд. Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 ҷойи якум, 16 ҷойи дуюм ва 16 ҷойи сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 ҷойи якум, 6 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифт. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 ҷойи якум, 3 ҷойи дуюм ва 7 ҷойи сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд. Даври ниҳоии озмун нишон дод, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими иқтидори зеҳнӣ дар байни наврасону ҷавонон, ҳавасмандсозии омӯзгорон ва волидон, боло бурдани мақому нуфузи илму дониш дар ҷомеа ва дарёфти ҷавонони боистеъдод мусоидат мекунад. Озмун ба ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва густариши фарҳанги илмомӯзӣ такони ҷиддӣ бахшид. Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолибони озмун дар номинатсияҳои гуногун ҷойҳои якум, дуюм, сеюм супорида шуда, онҳо бо дипломҳо, ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. Маросим бо барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ иҷро гардид, анҷом ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон6
01.11.2025
-
БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ВА ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими имзои ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва Донишгоҳи лифти Корея баргузор гардид. Санади мазкур ба рушди муносибатҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея равона гардида, заминаи устувор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад. Мақсади асосии он рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби донишҷӯёни нав, амалигардонии барномаҳои табодули донишҷӯён, таъсиси курсҳои забони кореягӣ, ҳамчунин таъсиси Маркази таълимии лифтсозӣ дар Тоҷикистон мебошад. Пас аз маросими имзо, намояндагони Донишгоҳи лифти Корея бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуда, дар бораи донишгоҳи худ, раванди таҳсил, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва дурнамои шуғли хатмкунандагон маълумот пешниҳод карданд.4
01.11.2025
-
Ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии озмуни «Тирамоҳи заррин» Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ҷумҳуриявии озмуни «Тирамоҳи заррин» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассомиддинзода Шарофиддин, роҳбарият ва кормандони Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва вилоятии озмун аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҷамъ 75 нафар иштирок намуд. Озмун дар доираи амалӣ намудани "Барномаи давлатии маҷмўии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади фаъол гардонидани кори маҳфилҳо ва дигар иттиҳодияҳои кўдаконаи экологӣ дар самти омўзиши табиати диёри азиз, бунёдкорӣ, инкишофи шахсияти эҷодкор ва ғанӣ сохтани ҷаҳони маънавӣ аз рўи се номинатсия: – ташкили намоишгоҳ аз маводи табиӣ, намунаҳо аз маҳсулоти кишоварзӣ, гербарияҳо, коркарди дубора аз партовҳо, стенду лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти «Нозирони сабз»; - намоиши маводҳои видеоӣ оид ба кабудизоркунӣ ва муҳофизати муҳити зист дар маҳалли зист ё муассисаи таълимӣ; -ҳимояи рисолаву рефератҳо дар мавзўи муҳити зист ва экология баргузор гардид. Зимни суханронии хеш қайд гардид, ки ки дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои муҳим ин ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, зеро он шарт ва заминаи асосии таъминкунандаи ҳаёти наслҳои ояндаи инсониятро ташкил медиҳад. Мавриди қайд аст, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри муҳофизати муҳити зист ва таъмини аҳолии ҷаҳон бо оби тозаву ошомиданӣ омӯзанда ва шоистаи таҳсин мебошад. Дар робита бо ин, дар даврони соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод аз қабили Наврўзи аҷам, Меҳргон, Тиргон, Сада аз нав эҳё гардида, барои минбаъд ҳам ғанӣ гардонидани иқтисодиёти кишвар ва рушди соҳаи кишоварзӣ заминаи мустаҳкам гузоштанд. Бисёр хурсандибахш аст, ки иди аҷдодии Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5-уми августи соли 2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гӯшаю канори кишварамон дар яке аз фаслњои зебои табиат - тирамоҳ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Тирамоҳ фаслест рангину пурбаракату зебо, аз ин рӯ хуҷастагиҳову зебоиҳои онро бештар адибону шоирон сутудаанд. Тирамоҳ фасли қазоватҳост, фаслест, ки деҳқон ҳосили тухми кошта, ҳосили заҳмати худро мебинад. Тирамоҳ ҷамъбаст ва подоши ҳама ҳунарҳову заҳматҳои инсон аст. Бешубҳа баргузории чунин озмун дар нигоҳубин ва ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии наврасон нақши муҳиме дорад. Дар ҷараёни баргузории озмун аз ҷониби ҳайати ҳакамон – намояндагон аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчӣ баҳои холисона дода шуда, ғолибони он бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҳавасманд гардонида шуданд.105
31.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор