ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИСТИҚБОЛ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ВКОШП» Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе дар фазои тантанавӣ бо ширкати масъулони Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагон, омӯзгорон ва волидайн, ғолибону иштирокдорони XVI Олимпиадаи авруосиёӣ аз фанни информатика, ки рӯзҳои 13-14 декабри соли 2024 дар шаҳри Алмато баргузор гардида буд, истиқбол гирифта шуданд. Дар Олимпиадаи мазкур 39 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кишвари моро намояндагӣ карданд. Аз ин миён хонандагони тоҷик дар ин сабқат сазовори 3 медали нуқра ва дипломи дараҷаи II ва 15 медали биринҷӣ ва дипломи дараҷаи III гардиданд. Дастоварди мазкур баёнгари рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар ва афзоиши таваҷҷуҳи хонандагон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ буда, натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзии хонандагон ва омӯзгорони кишвар мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки дар даври ниҳоии Олимпиада 77 даста бо фарогирии 231 нафар хонанда аз субъектҳои ФР, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат варзида, он дар заминаи Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои иттилоотӣ гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории Олимпиада тавсеаи салоҳияти иттилоотии хонандагон, баланд бардоштани фарҳанги иттилоотӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод дар бахши технологияи иттилоотӣ, фанноварӣ ва моделсозии компютерӣ мебошад.
71
19.12.2024
-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ ДАР СОЛИ 2024 Имрӯз, 19-уми декабри соли 2024 дар Кохи Суруш маросими ҷоизасупории ғолибони даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпиадаҳои фаннӣ дар соли 2024 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо ва кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои тобеъ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, хонандагону омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ иброз намуд, ки соҳаи маориф дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи меҳварӣ дошта, дар яке аз суханрониҳои худ Сарвари давлат чунин таъкид доштанд: «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ ба илму маориф, яъне, ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта - сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». Ҳамчунин қайд гардид, ки ғолибияти хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои сатҳи гуногун ба муаррифии мактабу маорифи миллӣ ва ташкили фазои рақобатпазир дар ин соҳа мусоидат мекунад. Чунончи, дар соли 2024 барои хонандагони синфҳои 5-11 олимпиадаҳо аз рӯйи 13 фанни таълимӣ, Олимпиада оид ба Шоҳмот ва Олимпиадаи Спелинг-би ташкил ва баргузор гардиданд. Дар даври ҷумҳуриявии ин олимпиадаҳо 5340 нафар хонандагон иштирок намуда, шаҳри Душанбе бо гирифтани 811 ҷой дар мақоми аввал, вилояти Хатлон бо гирифтани 541 ҷой дар мақоми дуюм ва вилояти Суғд бо гирифтани 450 ҷой дар мақоми сеюм қарор доранд. Дар ин давра хонандагони болаёқати тоҷик дар 33 олимпиадаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, 2287 ҷойи намоёнро ба даст оварданд. Соли равон дар олимпиадаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки бо ҷалби хонандагони зиёда аз 130 кишвар баргузор гардиданд, хонандагони тоҷик 3 медали биринҷии олимпӣ, 1 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика «IPhO-2024» ва 2 медали биринҷӣ дар Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика «IМO-2024» ба даст оварданд. Сипас, ба се нафар ғолибони олимпиадаҳои байналмилалии сатҳи олӣ бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, омӯзгорон бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ ва волидайни онҳо бо “Сипоснома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд. Ҳамчунин, 16 нафар омӯзгор барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ҳаракати олимпӣ бо нишонии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, 60 нафар омӯзгори пешсаф бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 нафар омӯзгор бо мукофотпулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
56
19.12.2024
-
Иштирок дар Анҷумани ХV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 18 декабр дар Кохи Борбад таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки 1473 вакил аз тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид. Пас аз тасдиқи реҷаи корӣ ва рӯзномаи анҷуман як қатор масъалаҳо вобаста ба фаъолияти он дар панҷ соли охир ва барномаю нақшаҳои корӣ барои панҷ соли оянда, аз ҷумла омодагӣ ба интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии намояндагони халқ баррасӣ шуд. Дар оғози кори Анҷуман Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони анҷуман ва ҳамаи аъзои ҳизбро бо 30-юмин солгарди таъсиси ин ниҳоди бузурги сиёсию иҷтимоӣ табрику таҳният гуфта, фаъолияти панҷсолаи ҳизбро таҳлилу баррасӣ намуданд. Бо ҷонибдории вакилони Анҷуман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд. Маликшо Неъматзода – муовини якум, Абдуллозода Умеда Бекмурод ва Каримзода Мирзоқосим муовинони раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб карда шуданд. Масъалаи дигари рӯзномаи Анҷуман пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз ҳисоби аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд. Мувофиқи моддаи 31 банди 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” вакилони Анҷуман номзадии 28 нафарро дастгирӣ ва ҷиҳати ширкат дар интихоботи дарпешистода пешбарӣ намуданд. Номзадҳои пешниҳодгардида мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла ҷавонони болаёқату дорои маҳорату нигоҳи нав ба равандҳои ҷомеа ва ҳам қисмати зиёде аз бонувони соҳибтахассус мебошанд. Дар анҷуман ҳамчунин ҳайати нави Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб, раёсати Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб ва дигар мақомоти сохторҳои ҳизбӣ тасдиқ гардиданд. Дар ҷараёни Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарогири муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар солҳои 2025-2030 мебошад, тасдиқ ва Ситоди марказии интихоботии ҳизб таъсис дода шуд.
58
18.12.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
20.12.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ Бештар -
19.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. INDIVIDUAL CONSULTANT ON SUPPORTING IN DEVELOPING THE CAPACITY-BUILDING TRAINING PACKAGE FOR PROJECT LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. INDIVIDUAL CONSULTANT ON SUPPORTING IN DEVELOPING THE CAPACITY-BUILDING TRAINING PACKAGE FOR PROJECT LEARN Бештар -
18.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. SECRETARY-TRANSLATOR
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. SECRETARY-TRANSLATOR Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон