ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Иштирок дар маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо дар Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Корея дар қароргоҳи Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо (WT) маросими супоридани дани фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Дар қароргоҳи федератсия меҳмони олиқадр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок самимона истиқбол гирифтанд. Қабл аз оғози чорабинӣ ба меҳмони олимақом - Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санъати муҳорибаи таэквондо намоиш дода шуд. Сипас, Президенти Федератсияи Таэквондо Юн Унг Сок қарори Шӯроро оид ба тақдими Дараҷаи фахрии 9-уми Таэквондо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат намуд. Дар маросими тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дани фахрии 9-уми Таэквондо тақдим гардида, либоси махсус пӯшонида шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсия барои қадршиносӣ изҳори сипос намуда, таъкид доштанд, ки таэквондо дар баробари як намуди машҳури варзиши олимпӣ буданаш, дар ҷавҳари худ фалсафаи ҳаёти солим ва иртиботи маънавию фарҳангии инсонҳоро таҷассум мекунад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Федератсияи ҷаҳонии Таэквондо дар рушди минбаъдаи Федератсия ва ҳадафҳои наҷиби он хоҳони комёбиҳои рӯзафзун шуданд.42
17.09.2026
-
Мулоқот бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи Корея ва сарфарозгардонӣ бо унвони Доктори фахрии Донишгоҳи Корея 17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд. Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд. “Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст. Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба 230 ҳазор нафар расидааст. Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд. “Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, - иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем. Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд. Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем. Зикр карда шуд, ки ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Таъсиси марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид. Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад. Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.40
17.09.2026
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ОИД БА ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН ДАР ДОХИЛ ВА ХОРИҶИ КИШВАР 16 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони сохтору идораҳои дахлдор, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар масъулони соҳа ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки омода намудани мутахассисони баландихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар яке аз масъалаҳои муҳимми рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда зарур мебошад. Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба низоми омодасозии кадрҳои баландихтисос, ба роҳ мондани таҳсили мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар, инчунин, тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ дар самти тайёр намудани кадрҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки дар шароити муосир омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи касбии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ва ниёзҳои рушди кишвар аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина, истифодаи имкониятҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии хориҷӣ аз самтҳои муҳими омодасозии кадрҳо арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, масъалаҳои такмили механизмҳои интихоби довталабон барои таҳсил дар хориҷи кишвар, муайян намудани самтҳои афзалиятноки омодасозии мутахассисон, мутобиқ намудани ихтисосҳо ба талаботи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва истифодаи самараноки неруи кадрӣ баррасӣ шуданд. Дар идомаи ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба имкониятҳои муассисаҳо, самтҳои омодасозии кадрҳо, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои марбут ба рушди таҳсилоти касбӣ маълумот пешниҳод намуданд. Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати такмили низоми омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи кишвар, таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор, баланд бардоштани сифати таҳсил ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи рушди кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон21
16.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
02.09.2026
Приглашение к участию в запросе на котировки.
«Закупка 1с бухгалтерия», для Группа Реализация Проекта при Министерство образовании и наук Республики Таджикистан Бештар -
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор