ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯИ ШАҲРИНАВ Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба муносибати 33 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №2 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар расми ифтитоҳи муассисаҳои мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иштирок намуда, бунёди чунин биноҳои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосирро барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан арзёбӣ кард. Зимни ифтитоҳии муассисаҳои таълимӣ вазири маориф ва илм муҳассилину омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват намуд. Бояд гуфт муассисаҳои мазкур бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар онҳо шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои муҳассилину тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити дар муассисаҳо бунёдгардида, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
59
11.10.2024
-
Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ - иштирокдорони Конференсияи байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумонӣ – иштирокдорони Конференсияи байналмилалии парлумонӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфтанд. Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои парлумониро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот оид ба қабули санади муҳиму тақдирсоз – Конститутсия ва нақши он дар рушди парламентаризми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Пешвои миллат қабули Конститутсияро яке аз қадамҳои аввалин ва устувори ҷомеаи мо дар роҳи ислоҳоти сиёсӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон номиданд. Зикр гардид, ки дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлолият кишвари мо бо мушкилоти азими сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. “Дар чунин шароити мураккаб иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ, ки роҳбарияти нави кишварро интихоб намуд, ба ваҳдати миллӣ асос гузошта, роҳро ба сӯи ҳаёти осоишта, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва қонуният дар кишвари мо боз намуд”, - таъкид намуданд Сарвари давлат. Таъкид гардид, ки Конститутсияи нави аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда, Тоҷикистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ кард. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Конститутсияи навро дар барпосозӣ ва рушди низоми комилан нави парламентаризми миллӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Парлумони Тоҷикистон ба ҳамаи талаботи парламентаризми байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, дар арсаи байналмилалӣ фаъолона баромад мекунад ва пайваста робитаҳоро бо парлумонҳои кишварҳои дигар мустаҳкам менамояд. Ба иштирокдорони мулоқот муроҷиат карда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “кишварҳои шумо низ дар сафи шарикони наздик, боэътимод ва боварибахши мо қарор доранд”. Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба ҷанбаҳои муҳими ҳамкории кишварҳо, аз қабили робитаҳои башарӣ, дар асоси умумияти фарҳангиву таърихӣ андешаронӣ намуданд. Таъкид карда шуд, ки мақомоти қонунгузори кишварҳои мо метавонанд барои инкишофи созандаи ин раванд мусоидати ҷиддӣ намоянд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки тавассути гурӯҳҳои дӯстии парлумонӣ имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 80 парлумони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалии парлумонӣ робита барқарор намуда, онҳоро рушд дода истодааст. Аснои суханронӣ ба ҳамкории парлумонҳо дар доираи ниҳодҳои байналмилаливу минтақавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар робита ба вазъи мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти кишвар ҳамкории зичро барои ҳифзу таҳкими сулҳу субот ва таъмини некуаҳволии мардумони кишварҳои мо зарур шумурданд. Дар фароварди сухан Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки чорабиниҳои имрӯза барои муайян кардани уфуқҳои нави шарикии васеи кишварҳо хидмат хоҳад намуд.
39
10.10.2024
-
ИДОМАИ БОЗДИДИ ГУРӮҲИ КОРӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонии омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, назорати давомот ва иштироки донишҷӯён ба дарс, ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим дар дарсҳо, назорати қайди журналҳо ва дафтарҳои куратории гурӯҳҳои академӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва муқовимат бо коррупсия гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм Ҳикматулло Саидзода аз Донишкадаи илмҳои дақиқ ва технологияи Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, филиали МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” дар вилояти Суғд ва Донишгоҳи кӯҳию металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дидан намуданд. Зимни боздид сардори раёсати таҳсилоти олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм қайд кард, ки имрӯзҳо таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи забономӯзӣ хеле зиёд буда, махсусан, донистани на кам аз ду забони хориҷӣ ҳатмӣ дониста мешавад. Гурӯҳи корӣ бо роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, устодону омӯзгорон ва донишҷуён дар доираи истифодаи воситаҳои муосири техникӣ зимни машғулият, риояи ҳатмии интизом дар муассисаҳои таълимӣ, сарулибоси тавсиявӣ, қайди мавзуи дарс ва иштироки донишҷӯён дар журнал, таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тарбия намудани донишҷӯён дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва пешгири шомилшавии онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои мамнӯъ ва дафтарҳои куратории гурӯҳҳои академӣ суҳбат ороста, фаъолияти муассисаҳои мазкурро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд . Гуфта шуд, ки вазифаи асосии муассисаҳои таҳсилоти олӣ омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошад. Зеро дар замони пешрафтаи илму техника танҳо мутахассисони бодонишу маҳорат ва донандаи забонҳои хориҷиву техникаи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоии муосир мавқеи худро хоҳад ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
50
10.10.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
10.10.2024
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
10.10.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар -
10.10.2024
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ (LEARN)
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ. ПРОЕКТ СРЕДА ОБУЧЕНИЯ ОСНОВА КАЧЕСТВЕННОГО ОБРАЗОВАНИЯ (LEARN) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Омор
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон