
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
НАВРӮЗИ ТОҶДОРОН Чунин унвон гирифта буд, барномаи театрикунонидашуда ба муносибати Наврӯзи байналмилалии 2025 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Барномаи мазкур ба хотири болидарӯҳии иштирокчиёни чорабинии наврӯзӣ аз тарафи шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия имрӯз, 19 марти соли 2025 пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Ёдовар мешавем, ки барномаи театрикунонидашуда таҳти унвони “Нарӯзи тоҷдорон” бо дарназардошти аҳаммияти таърихию фарҳангии Наврӯзи байналмилалӣ таҳия гардида, аз бахшҳои “Шоҳ Ҷамшед”, “Баҳор ва деҳқон”, “Баромади наврӯзӣ”, “Рақси умумии гулдухтарон”, “Суруди чилдухтарон”, “Суруди наврӯз меояд”, суруди фолклории “Духтари қаратоғӣ” суруди ҳаҷвии “Мурғи марҷон” ва суруди “Пешвои Наврӯзӣ” иборат буданд, ки ҳар як бахши фарҳангӣ мазмун ва хусусиятҳои хосси худро доштанд. Иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ бо хушҳолӣ аз файзи Истиқлол, накҳати баҳори гулбасар ва Наврӯзи байналмилалӣ барномаи театрикунонидашударо тамошо намуда, бо худ таасуроти маънавӣ бардоштанд. Ҳамзамон, барномаи рангини консертӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандону сарояндагони кишвар пешкаши ҳозирин гардонида шуда, иштирокчиён таҳти суруду мусиқиҳои дилнишин шодию хурсандӣ намуданд.
74
19.03.2025
-
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «НАВРӮЗ – БУЗУРГТАРИН ҶАШНИ МАРДУМӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ» Имрӯз 19-уми марти соли 2025 бо ташаббуси кормандони Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, бахшида ба ҷашни Наврӯзи Аҷам, конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Наврӯз – бузургтарин ҷашни мардумӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид. Конференсияро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Шодӣ Сафаров ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, оғози баҳор ва соли нави шамсист. Ин ҷашн ҳамасола 21-уми март, бо ворид шудани Офтоб ба бурҷи Ҳамал, таҷлил мегардад. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва покизагӣ маҳсуб меёбад. Инчунин, дар идомаи чорабинӣ, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, номзади илмҳои техникӣ Сироҷиддин Ниёзӣ, доир ба аҳамияти Наврӯз ҳамчун бузургтарин ҷашни мардумии тоҷикон ибрози андеша намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки кормандони соҳаи илму маориф ифтихор аз он доранд, ки маҳз дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳод ва азму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 феврали соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар сессияи 64-уми худ ҷашни бостонии Наврўзи хуҷастапайро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон намуд. Дар кори конференсия академик Лутфуллозода Муҳамадулло ва Саидзода Ҷамолиддин - номзади илмҳои педагогӣ, ходими калони илмии Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Наврӯз: ҷашни миллӣ ва байналмилалӣ» суханронӣ намуданд. Сипас, иштирокчиёни конференсия мулоҳизаҳои худро дар робита ба аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷашни Наврӯз баён намуда, пешниҳоди худро барои такмили омӯзиши ин анъанаи миллӣ иброз намуданд. Конференсия бо натиҷагирӣ аз муҳокимаҳои илмӣ ва таҳлили пешниҳодоти иштирокдорон ба анҷом расид.
45
19.03.2025
-
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН Имрӯз, 19 марти соли 2025, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ — фароғатӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинии мазкур ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, омӯзгорону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва меҳмонони беруна иштирок намуданд. Чорабиниро ректори Донишгоҳ Давлатзода Қ.Қ. оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз табрик гуфта, ба ҳамаи иштирокчиён сиҳатию саломатӣ, хотирҷамъӣ, муваффақияту сарбаландӣ ва ҳамаи хушиҳои рӯзгорро таманно намуда, қайд намуданд, ки ҷaшни Нaврӯз, дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бa шaрофaти Истиқлоли дaвлaтӣ вa сиёсaти фaрҳaнгпaрвaронaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон бо тaмоми ғaновaту рaнгорaнгии он эҳё гaрдид, ҳоло бa ҷaшни милливу дaвлaтии мо – тоҷикон вa рaмзи худшиносиву ифтихори миллӣ, вaҳдaту ҳaмдилии мaрдум вa пaйвaнди нaслҳо тaбдил ёфтaaст. Сипас чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз манзури тамошобинон гардонида шуд, ки дар ҷараёни он анъаноти миллӣ, расму ойини Наврӯзӣ ва эҳсоси меҳандӯстиву ифтихор аз гузаштаи пуршарафи миллатамон тараннум гардид.
68
19.03.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
19.03.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК на закупку оборудования и мебели для тренинг-зала Группы управления проектом - пакет № MOES/ISTEMP/RFQ/GS10
ЗАПРОС КОТИРОВОК на закупку оборудования и мебели для тренинг-зала Группы управления проектом - пакет № MOES/ISTEMP/RFQ/GS10 Бештар -
19.03.2025
Специальное уведомление о закупках. Ремонт и реконструкция школы №22 Восейского района Хатлонской области
Специальное уведомление о закупках. Ремонт и реконструкция школы №22 Восейского района Хатлонской области Бештар -
12.03.2025
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор