
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Мулоқот бо кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарону кормандони соҳа мулоқот намуданд. Нахуст, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва зерсохторҳои онро ба муносибати ифтитоҳи иншооти муосир – бинои муосири кумита самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати кишвар аксари сохторҳои кумита дар ҷумҳурӣ бо биноҳои нави маъмурӣ таъмин гардиданд, ки арзиши умумии сохтмони онҳо беш аз 200 миллион сомонӣ мебошад. Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ иловатан 4 бинои маъмурӣ барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо харҷи зиёда аз 40 миллион сомонӣ ба истифода дода мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки баҳри беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳа дар шаҳри Душанбе бунёди ду бинои 11-ошёнаи истиқоматӣ барои 120 оила бо арзиши 59 миллион сомонӣ ба истифода дода шуд. Зарур шумурда шуд, ки роҳбарият ва ҳар як корманди соҳа бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёгардида вазифаҳои хизматии худро бо дарки баланди масъулият иҷро намоянд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмин намудани амнияти экологиро вазифаи бисёр муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла кишвари мо маънидод карда, изҳор доштанд, ки ин вазифаҳои басо муҳим амалӣ кардани чораҳои таъхирнопазир ва муассирро тақозо менамоянд. Кумитаи ҳифзи муҳити зист вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти марбутаи давлатӣ ва бо истифода аз таҷрибаи пешқадам оид ба такмил додани қонунгузории соҳа, аз ҷумла таҳияи Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стратегияву барномаҳои нави соҳавӣ чораҷӯйӣ намояд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мушкилоти тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии пайомадҳои он андешаронӣ намуда, аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, бахусус, дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуданд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи фаъолияти шабакаи умумии обуҳавошиносии Тоҷикистонро таҳлил намуда, тавсеаи онҳову дидбонгоҳҳои обченкунии кишвар ва истифода аз таҷҳизоти навинро зарур шумурданд. Нигоҳ доштани гуногунии биологии кишвар, ҳифзи набототу ҳайвоноти нодир ва пешбурди назорати давлатӣ доир ба истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ самти муҳимми фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист ва дигар вазорату идораҳои дахлдор арзёбӣ карда шуд. Бо мақсади таъмин намудани рушди минбаъдаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки лоиҳаи «Стратегияи миллии ҳифзи гуногунии биологӣ» ва «Барномаи рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Кумитаи ҳифзи муҳити зистро вазифадор намуданд, ки дар соли 2026 барои ворид намудани Резервати биосферии Ромит ба Феҳристи шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО чораҳои амалӣ андешанд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ супориш дода шуд, ки дар асоси маълумоти Китоби сурх фаъолияти худро дар самти барқарор ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва захираи олами наботот самаранок ба роҳ монанд. Сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки барои таҳия ва тасдиқи харитаҳои роҳ ва хатсайрҳои нави сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои дорои аҳаммияти экологӣ чораҳои зарурӣ андешанд. Барои рушди низоми рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуд, ки фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба омода намудани барномасозон ва дигар мутахассисони соҳибтахассус тавассути бозомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии ватаниву хориҷӣ тақвият дода шавад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи муҳити зистро дар кишвар таҳлил намуда, барои ҳалли мушкилоти экологии мавҷуда дар назди масъулин як қатор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Аз ҷумла, супориш дода шуд, ки барои татбиқи босамари «Барномаи давлатии кабудизоркунӣ барои давраи то соли 2040» чораҳои иловагӣ роҳандозӣ карда шавад. Сохторҳои марбута супориш гирифтанд, ки иҷрои нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркуниро пурра таъмин намуда, шинонидану парвариши ниҳолҳоро дар асоси қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монанд. Гуфта шуд, ки ба танзим даровардани масъалаҳои вобаста ба партовҳо, аз ҷумла ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, кашонидан, ба навъҳо ҷудо кардан ва коркарди партовҳои сахти маишӣ дар кишвар беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Дар ин зимн, ташкили корхонаҳои калони коркарди партовҳо ва механизмҳои ҳавасмандгардонӣ ва коркарду истифодаи такрории партовҳо амри муҳим дониста шуд. Ҳамчунин, ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист супориш дода шуд, ки барои ҷалби бештари маблағҳои грантӣ аз ҳисоби фондҳои махсуси иқлимӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои амалӣ намудани стратегияву барномаҳо чораҳои иловагӣ андешад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифтнокии аҳолии кишвар тадбирҳои зарурӣ андешида, бо дар назар гирифтани таҷрибаи пешқадам «Барномаи нави рушди маърифати экологӣ барои солҳои 2026-2030»-ро таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Омода намудани мутахассисони баландихтисоси сатҳи байналмилалии донандаи забонҳои хориҷӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар маънидод гардида, мувофиқи мақсад дониста шуд, ки дар назди Кумитаи ҳифзи муҳити зист «Институти илмиву таҳқиқотии ҳифзи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва экосистемаҳо» таъсис дода шавад. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист минбаъд низ тамоми донишу таҷриба ва малакаву маҳорати хешро барои иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда равона намуда, рисолати худро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ иҷро менамоянд.
56
17.09.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ КОРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 17 сентябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Ҷаласа дар доираи татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор шуда, ба баррасии масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф бахшида шуд. Дар кори ҷаласа муовини якум, муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои равия ва самти омӯзгорӣ, сардорони сарраёсату раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҳамчун самти калидии рушди устувори ҷомеа ва давлат мақоми махсусро доро буда, барои рушди он ва баланд бардоштани сифати таълим тамоми шароиту имкониятҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илм барои иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар тадбирҳои мушаххас андешида, фаъолияти худро ба самтҳои калидии афзоиши ҷойи таҳсил дар ихтисосҳои томактабӣ, ҷалби ҷавонон ба омӯзиши ихтисосҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, густариши гурӯҳҳои таълим бо забонҳои русиву англисӣ, таҳияи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ, боло бурдани сатҳи такмили ихтисоси омӯзгорон, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ, инчунин, татбиқи чорабиниҳои амалии зиддикоррупсионӣ равона месозад. Ҳамзамон, вазир афзуд, ки кормандони соҳа дар маҷмуъ бояд бо масъулиятшиносии баланд, иродаи қавӣ ва ҷаҳонбинии васеъ барои амалӣ гардидани барномаҳои давлатӣ ва иҷрои стратегияҳои соҳавӣ талош варзида, дар рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳми назаррас гузоранд. Дар рафти ҷаласа миёни иштирокчиён табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба такмили ихтисоси омӯзгорон, омода кардани омӯзгорони соҳаи табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вазъи иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, иҷрои барномаю стратегияҳои давлатии муқовимат бо коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», риояи либоси мактабӣ ва фарҳанги миллӣ, иштироки бевоситаи донишҷӯён дар раванди дарсҳои шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳияи китобҳои дарсӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо лавозимоти зарурӣ, беҳтар намудани инфрасохтори таълимӣ, фарогирии кӯдакон ба тасилоти томактабӣ, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба муассисаҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ ва маводи методӣ ва ғайраҳо баррасӣ гардиданд. Дар анҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти соҳаи маориф ҳамчун омили асосии рушду пешрафти ҷомеа таъкид намуд, ки иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалисозии барномаву стратегияҳои давлатӣ, боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти тарбияи маънавию ахлоқии насли наврас, рушди равияи фанҳои дақиқу табиӣ ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як масъули соҳа ба шумор рафта, роҳбарон ва кормандон бояд бо масъулияти баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, саҳми арзандаи худро дар рушду такомули низоми маорифи кишвар гузоранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
73
17.09.2025
-
ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ САТҲИ ҶАҲОНӢ ДАР МЕҲВАР Муқаддима Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла, иқтисодиёти миллӣ рушду тараққӣ кард, сатҳи зиндагии мардум хуб шуд ва ҳамкориҳои байналмилалии кишвар ба таври чашмрас густариш ва тақвият ёфт. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ташаббускору созанда ва сулҳофар шинохта шудааст. Дар ин миён соҳаи маорифи кишвар пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид ва ба шаҳрвандони тоҷик шароит фароҳам оварда шуд, ки дар мактабҳои олии бонуфузи кишварҳои хориҷӣ таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расанд. Аз ин ҷост, ки беш аз 41 ҳазор шаҳрванди кишвар дар мактабҳои олии мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил доранд ва ин теъдод сол то сол бештар мегардад, ки аз фаъолияти бавусъати Маркази барномаҳои байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Густариши фаъолияти марказ Зимни суҳбат директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Рамазон Одиназода иброз дошт, ки фаъолияти маркази мазкур рӯз то рӯз тақвият меёбад ва аз муҳимтарин самти фаъолияти он ҳамкорӣ бо мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ мебошад. Имрӯз ҳамкорию робита бо беш аз 40 давлат ва зиёда аз 500 мактаби олии мамлакатҳои пешрафтаи дунё ба роҳ монда шуда, мутахассисони баландихтисосу ҷавобгӯ ба бозори байналмилалӣ омода карда мешавад. Соли равон тавассути созишномаҳои байниҳукуматӣ 100 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон, зиёда аз 30 нафар ба Ҷумҳурии Беларус, беш аз 200 нафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар умум, зиёда 1000 нафар донишҷӯ ба мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ ба таҳсил фиристода шуданд. Дар баробари ин, Маркази илмӣ ва фарҳангии Федератсия Россия ҳар сол 1000 нафар ва мактабҳои олии ин мамлакат мустақиман ба таври онлайнӣ донишҷӯёнро қабул мекунанд. Ҷумҳурии Мардумии Чин зери сиёсати «Як камарбанд, як роҳ» барои кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёда аз 5000 бурсияи таҳсилӣ ҷудо кардааст, ки аксари шаҳрвандон ба тарзи онлайнӣ имтиҳон супорида, донишҷӯ мешаванд. Дар умум, соли равон беш аз 5000 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Бовар дорем, ки онҳо бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси ҷавобгӯ ба бозори байналмилалӣ ба камол мерасанд ва ба кишвар баргашта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳм мегузоранд. Дурахши «Дурахшандагон» Яке аз имконоте, ки барои довталабон дар кишвар фароҳам оварда шудааст, таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» мебошад. Вобаста ба раванди қабул ва интихоби довталабони стипендияи мазкур Р. Одиназода таъкид кард, ки тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи қабули Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» дар асоси стратегия ва барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он самтҳое афзалият дода шудааст, ки ба онҳо дар дохили кишвар эҳтиёҷ вуҷуд дорад ва дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар мутахассисони ин соҳаҳо омода карда намешаванд. Дар ин замина, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи қабули Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» таҳия ва аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад. Барои соҳиб шудани стипендияи мазкур соли равон 500 нафар довталаб ҳуҷҷат супорида буданд, ки 80 фоизи онҳо дорои сертификатҳои байналмилалии TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, DELPHI ва HSK мебошанд. Аз ин миён 91 нафар ғолиб дониста шуда, барои таҳсил ба хориҷи кишвар тавсия гардиданд. Дар доираи стипендияи мазкур, асосан, мутахассисон дар самти саноат, энергетика, геология, тиббӣ, роҳсозӣ, сохтмон, кишоварзӣ, IT-технология омода карда мешаванд. Озмуни байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандон» дар ду давра баргузор мешавад. Даври аввал, тибқи тартиби муқарраргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи кластеру ихтисосҳо довталабон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳони тестӣ месупоранд. Даври дуюм аз тариқи суҳбат анҷом дода мешавад. Дар суҳбат аз ҷониби комиссияи ҷумҳуриявӣ ташхисгарони мустақил даъват карда шуда, сатҳи забондонӣ ва ҳолати равонии довталабон санҷида мешавад ва дар ниҳоят беҳтаринҳо интихоб шуда, барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ тавсия мегарданд. Онҳо аз имтиёзҳои муҳим бархӯрдор ва аз ҷониби Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, маблағи хобгоҳ, суғуртаи тиббӣ, роҳкиро дар давоми сол (рафту баргашт) ва аз моҳи сентябри соли 2025 600 доллари амрикоӣ моҳона идрорпулӣ мегиранд. Раванди таҳсили онҳо аз ҷониби кормандони Маркази барномаҳои байналмилалӣ мунтазам зери назорат қарор дода мешавад ва ҳамеша таъкид мегардад, ки ба омӯзишу мутолиа амиқан машғул шаванд, донишҳои тахассусии хешро такмил бахшанд ва ҳамчун мутахассиси варзида ба камол расанд. Ҳамчунин, дар асоси қарордод, мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ муваззаф гардидаанд, ки дар ҷамъбасти ҳар як нимсола маълумоти муфассал оид ба таҳсилу фаъолияти донишҷӯён пешниҳод намоянд. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА, Британияи Кабир, Италия, Олмон, Канада, Швейтсария, Фаронса ва дигар кишварҳое, ки дар он донишҷӯёни тоҷик тавассути Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва ё маблағгузории волидон таҳсил мекунанд, доир ба иштирок дар дарсҳо, натиҷаи баҳои ҷамъбастӣ, раванди таҳсил, азхуд кардани фанҳои таълимӣ маълумот дастрас мегардад. Яъне, назорати ҳамешагӣ оид ба фаъолияти муҳассилини тоҷик дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардида, пайваста суҳбату мулоқотҳо ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам ба таври маҷозӣ баргузор мешавад. Р. Одиназода зикр кард, ки аз замони таъсиси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» (соли 2009) то инҷониб беш аз 1000 нафар мактабҳои олии кишварҳои хориҷиро хатм намуда, аксари онҳо дар соҳаҳои хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд. Бояд қайд кард, ки дар марказ бо ғолибони стипендияи мазкур шартномаи сеҷониба (довталаб, Вазорати маориф ва илм ва вазорату идораҳои дахлдор) барои омода намудани кадрҳо ба тасвиб расонида мешавад. Дар баробари ин, байни марказ, Вазорати маориф ва илм ва волидайни довталаб шартномаи замонат имзо мегардад. Яъне, ин ду шартнома донишҷӯро уҳдадор менамояд, ки баъд аз хатм ба кишвар баргашта, ба таври ҳатмӣ 5 сол фаъолият кунад. Дар сурати ба кишвар барнагаштани хатмкунанда ва фаъолият накардани ӯ тибқи талаботи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон вай ба додгоҳ пешниҳод шуда, ҷуброни зарари давлат барқарор карда мешавад. Дар панҷ соли охир ин ҳолат ба мушоҳида намерасад ва ҳама хатмкунандагон баъд аз хатми мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар доранд. Ҳамкориҳои байналмилалӣ – Яке аз афзалиятҳое, ки дар фаъолияти байналмилалии марказ ба эътибор гирифта мешавад, интихоби мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ, ки дар радабандиҳои байналмилалии донишгоҳҳо дар қатори беҳтаринҳо қарор доранд, ба шумор мераванд. Мактабҳои олие, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар ҷойҳои аввалу даҳгона ҷойгиранд, пайваста фаъолияти донишҷӯёнро пайгирӣ менамоянд, ки баъд аз хатм дар кадом ташкилоту корхонаву ширкат фаъолият доранд. Ба гунаи мисол, агар 100 ҳазор донишҷӯ таҳсил намояд, ба ҳамин теъдод кабинетҳои инфиродӣ мавҷуд буда, доимо муколама бо донишҷӯ, хатмкунанда, магистрант ва доктор PhD ҷараён дорад. Гумон мекунам, ки дар оянда мактабҳои олии кишвар низ ин таҷрибаро ба роҳ монда, бо гузаштани мактабҳои олӣ бо низоми электронӣ давомоти ҳар як донишҷӯро тавассути кабинети инфиродӣ назорат карда, давомоти ба дарс, ҷараёни таҳсил, азхуд кардани фанҳои таълимӣ ва фанҳое, ки дар муддати чор сол интихоб ва аз рӯйи он таҳсил менамоянд, имконпазир мегардад,-зикр намуд Р. Одиназода. Дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ татбиқи илм дар истеҳсолот дар авлавият қарор дорад. Дар онҳо паркҳои технологӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии пешрафта мавҷуд мебошад, ки ин омилро низ ҳангоми ҳамкорӣ ба эътибор мегирем. Ба кадрҳое, ки ин муассисаҳои таълимӣ омода мекунанд, талабот дар ширкатҳои ҷаҳонӣ зиёд аст. Масалан, дар баъзе ҳолатҳо ширкатҳои хориҷӣ ба мо дархост пешниҳод мекунанд, ки пардохти хароҷоти донишҷӯёнро ба зимма мегирем, барои минбаъд фаъолият кардан дар ташкилоту ширкат ва ба имзо расондани қарордод иҷозат диҳед. Чун маблағгузору сарпараст ҳастем, бе ризоияти мо донишҷӯ ҳуқуқи қарордод бастан бо дигар ташкилотҳоро надорад, зеро дар асоси дархости вазорату идораҳои дахлдор мутахассисон дар хориҷи кишвар тайёр карда мешаванд. Баъзан вазорату идораҳои дахлдор ҳавасманд ҳастанд, ки дар давоми ду-се сол дар ширкату корхонаҳои кишварҳои пешрафтаи дунё таҷриба гирифта, баъдан ба он вазорат баргарданд, беҳтару хубтар мешавад. Ин мавзуъ аллакай мавриди омӯзиш қарор дорад ва дар сурати ба хулосаи ягона расидан дар доираи шартномаи иловагӣ ин муносибатҳо ба танзим дароварда мешавад. Таҷрибаи натиҷабахш Мактабҳои олии кишвар аз нигоҳи иншооот ва заминаҳои моддию техникӣ дар қатори муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ қарор доранд. Озмоишгоҳҳои мактабҳои олии мамлакат аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегарданд ва истеҳсоли ватанӣ нестанд. Дар сурати олимону омӯзгорони мактабҳои олӣ истеҳсолоти онҳоро аз нигоҳи илмӣ ба роҳ мондан, метавонем бо мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ дар як сатҳ қарор гирем. Маълум аст, ки аз нигоҳи инноватсионӣ муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва заводу фабрика, корхонаҳои истеҳсолӣ ҳар 5 сол навсозӣ мешаванд ва технологияи навини ҳамарӯза дигаргун мегардад. Аз ин рӯ, он технология ва озмоишгоҳҳое, ки ба мактабҳои олии кишвар ворид карда шудаанд, баъд аз 5 сол дар хориҷи кишвар истифода намегарданд. Бинобар ин, зарур аст, ки мунтазам озмоишгоҳу технологияҳо вобаста ба рушди дигаргуниҳои ҷаҳони муосир навсозӣ шаванд, то муҳассилин ҳамқадами замон гарданд. Ба таъбири Р. Одиназода, мутахассисоне, ки дар донишкадаю донишгоҳҳои кишвар омода карда мешаванд, аз нигоҳи назариявӣ бақувват мебошанд, вале аз нигоҳи татбиқи амалӣ заиф. Ба ин мақсад, бояд кӯшиш намуд, ки донишҳои назариявӣ дар амал татбиқ карда шаванд. Дар кишварҳои пешрафтаи дунё давлат лоиҳаҳои илмиро маблағгузорӣ намекунад. Ширкатҳои бонуфузи ғайридавлатӣ лоиҳаҳои илмиро сармоягузорӣ ва дар ҳаёт татбиқ менамоянд. Дар кишвари мо тамоми масъулият ба зиммаи давлат вогузор шудааст. Фикр мекунам, он ширкатҳои ватание, ки аз нигоҳи иқтисодӣ пурнуфузанд, бояд барои пешравию муваффақият ва ғанӣ гардидани сармояашон ба мактабҳои олии мамлакат таваҷҷуҳ ва дар омода намудани мутахассисон саҳм гузоранд. Дар давлатҳои пешрафта ҳама уҳдадорӣ ба зиммаи корхона, ташкилот ва муассисаҳо, ки ба кадр эҳтиёҷ доранд, гузошта шудааст. Дар Тоҷикистон 30 ё 40 дарсади ихтисосҳоро ҳамчун гурӯҳи буҷавӣ давлат маблағгузорӣ мекунад ва мутаассифона, дар ин самт бахши хусусӣ бетараф мебошад. Дурнамо – Яке аз ҳадафҳои дурнамо ва рушду пешрафти Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ташкили марказҳои забономӯзӣ мебошад. Бо сабаби набудани шароит ва синфхонаҳо роҳандозӣ намудани ин амал имконнопазир аст. Бо дарназардошти шароити мавҷуда дар доираи маҳдуд довталабон ба омӯзиши забони англисӣ ва математика ҷалб гардидаанд. Маълум аст, ки яке аз самтҳои фаъолияти тайёр намудани мутахассисон дар хориҷи кишвар аз рӯйи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, омӯзгори математика, ки бо забони англисӣ, тибқи методологияи таълими ин фан, ки аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Британияи Кабир барномаи таълимиро дастрас намудааст, довталабонро барои таҳсил дар хориҷи кишвар омода мекунад. Дар ин самт, барои роҳандозии дарсҳо 13-14 синфхона зарур аст, ки довталабон ба омӯзиши забонҳои фаронсавӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоӣ машғул гардида, соҳиби сертификатҳои TOEFL, IELTS, Duolingo, Goethe, DELPHI ва HSK гарданд. Дарвоқеъ, талош менамоем, ки барои соҳаҳои саноат, иқтисодиёт, нақлиёт, кишоварзӣ, металлургия, геология ва он соҳаҳое, ки рушди бомароми иқтисодиёти кишварамон ба онҳо эҳтиёҷ дорад, мутахассисони сатҳи ҷаҳониро омода кунем ва дар пешрафту шукуфоии бештари Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми муносиб гузорем,-гуфт дар хатми суҳбат Р. Одиназода. Насриддин ОХУНЗОДА, «Омӯзгор»
26
17.09.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
15.09.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
11.09.2025
Запрос на Выражение заинтересованности
Запрос на Выражение заинтересованности Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор