ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Мулоқот бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Ҷао Леҷӣ мулоқот намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дипломатияи парлумониро “яке аз василаҳои муассир, дар таҳкиму тавсеаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву башарӣ” номида, таъкид доштанд: “Мо ҷонибдори идомаи босамари робитаҳои байнипарлумонӣ мутобиқ ба манфиатҳои муштараки ду кишвар ҳастем”. Рушду тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, ҳамчунин, “заминаи устувори шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистону Чин дар давраи нав” арзёбӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъсис ва оғози фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии Тоҷикистону Чин, ки нахустин ҷаласаи он моҳи ноябри соли 2025 дар шаҳри Пекин баргузор гардид, истиқбол намуданд. Дар идома масъалаҳои табодули таҷриба дар соҳаи фаъолияти парлумонӣ, аз ҷумла дар самти такмили қонунгузорӣ ва мутобиқсозии он ба талаботи муосир, дастгирии навовариҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои рақамию зеҳни сунъӣ, гузариш ба энергетика ва саноати “сабз”, рушди робитаҳо дар соҳаи фарҳангию башарӣ ва дигар самтҳои мавриди назари муштарак муҳокима гардиданд.51
12.05.2026
-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ Имрӯз, 12 майи соли 2026 дар толори Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода, сардори шуъбаи пайгирии фаъолияти мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ ва сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҷамъомадро муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, оид ба саҳми муассиса дар омода намудани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ ибрози назар намуд. Қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз рӯзҳои аввали фаъолият то имрӯз ҳамчун яке аз марказҳои муҳимми омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ дар кишвар нақши назаррас дорад. Дар идомаи ҳамоиш намояндагони Вазорати маориф ва илм вобаста ба масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ҷавон, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва саҳми омӯзгорон дар тарбияи насли наврас суханронӣ намуданд. Зикр гардид, ки айни замон шумораи хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ 355 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 277 нафар тариқи буҷавӣ ва 78 нафар аз рӯйи квотаи Президентӣ ба фаъолияти педагогӣ сафарбар мегарданд. Тақсимоти мутахассисони ҷавон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус арзёбӣ гардида, барои таҳкими соҳаи маорифи кишвар мусоидат менамояд.17
12.05.2026
-
Маросими истиқболи расмӣ дар шаҳри Пекин Имрӯз сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони Тянанмэни шаҳри Пекин бо маросими бошукуҳи истиқболи расмӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд. Маросими истиқболи расмӣ бо сафороии ҷузъу томҳои горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин, гузаштан аз назди қатори афсарону сарбозон, арзи эҳтиром ба парчами давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва бо шиносоии сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб идома ёфт. Ба ифтихори меҳмони олимақом, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.23
12.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
21.04.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
14.04.2026
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор