ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ИШТИРОКИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР 11-УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҲСИЛОТ ВА МАҲОРАТҲОИ БОНКИ ОСИЁИИ РУШД Дар шаҳри Манилаи Филиппин 11-умин Форуми байналмилалии таҳсилот ва маҳоратҳои Бонки Осиёии Рушд (БОР) таҳти унвони «Нигоҳи нав ба иқтидори сармояи инсонӣ» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ва менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» иштирок намуданд. Форум аз муҳимтарин чорабиниҳои соҳавии БОР буда, сиёсатмадорон, роҳбарон, коршиносон ва мутахассисони пешсафи соҳаи маорифро аз мамлакатҳои гуногун гирд овард. Ҳадафи он мубодилаи таҷриба, баррасии тамоюлҳои ҷаҳонии таълим, истифодаи технологияҳои нав, рушди маҳоратҳои навбатии бозори меҳнат ва муайянсозии самтҳои афзалиятноки сармоягузории стратегӣ дар соҳаи маориф буд. Дар доираи форуми макзур муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, муовини якуми вазир бо муовини директори БОР ҷаноби Йонг Йе мулоқот намуд. Дар меҳвари гуфтугӯҳо масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, таъмини дастрасии баробар ба маориф, рушди маҳорати ҷавон, мутобиқсозии таълим ба талаботи бозори меҳнат ва густариши ҳамкориҳои минбаъда қарор доштанд. Роҳбарияти БОР омодагии худро барои идомаи дастгирии лоиҳаҳои маорифӣ дар Тоҷикистон таъкид намуд. Дар ҷараёни ҷаласаҳои интерактивӣ ва сессияҳои мавзуии форум намояндагони кишварҳо таҷрибаи худро оид ба амалисозии лоиҳаҳои БОР муаррифӣ карданд. Дар ин қисмат муовини якуми вазир суханронӣ намуда, зарурати ислоҳоти муассири таълим, ҷалби таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ ва нақши лоиҳаҳои БОР-ро дар рушди устувори кишварҳо муҳим арзёбӣ кард. Ҳамчунин, менеҷери лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» А. Бобохон дар қисмати муаррифии лоиҳаҳои сармоягузории БОР баромад карда, оид ба ҷараёни татбиқи ду лоиҳаи калидӣ - «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои STEM» ва «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бо кор таъминшавӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар қисмати мубоҳисаҳои форум масъалаҳои марбут ба истифодаи энергияҳои сабз, зеҳни сунъӣ, технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи усулҳои инноватсионии омӯзиш мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Форум бо натиҷаҳои созанда, мубодилаи таҷрибаи муфид ва ташкили заминаҳои нав барои ҳамкорӣ ва рушди минбаъдаи лоиҳаҳои соҳаи маориф дар минтақа анҷом ёфт.47
08.12.2025
-
Пиряхҳо – хазинаи тиллоии Тоҷикистон ва кафили бақои инсоният Об барои мо манбаи ҳаёт, омили асосии рушди устувори иқтисодӣ ва чун василаи муҳимтарини ҳамгироии минтақавӣ нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, ҳифзи пиряхҳо ин ҳифзи ҳаёт дар рӯйи замин аст. Муқаддима Дар оғози асри XXI инсоният бо яке аз ҷиддитарин хатари таърихӣ – тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ рӯ ба рӯ гардид. Имрӯз сайёраи мо ба «бемор»-е монанд аст, ки ҳарорати баданаш рӯз то рӯз баланд мешавад ва агар ҳарчи зудтар пеши роҳи он гирифта нашавад, тақдири сайёраи замин ба фоҷиа меанҷомад. Дар чунин шароит, пиряхҳо на танҳо ҳамчун захираи бузурги оби тоза, балки ҳамчун «тавозун»-и табиат нақши ҳаётиро иҷро мекунанд ва барои ҳаёту зиндагии инсоният бисёр заруранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ифтихор «хонаи об»-и Осиёи Марказӣ номида мешавад, дар саргаҳи ин набард барои бақои табиат қарор дорад. Пиряхҳои сарзамини мо танҳо қуллаҳои барфпӯши зебо нестанд, онҳо хазинаи тиллоии миллат, сарчашмаи рӯшноӣ ва кафили амнияти озуқавории тамоми минтақа мебошанд. Ҳадафи ин мақола таҳлили вазъи имрӯзаи пиряхҳо, инъикоси хатарҳои экологӣ ва арҷгузорӣ ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар роҳи наҷоти онҳост. Пиряхҳо – сармояи стратегии миллат Дар Тоҷикистони азизи мо, ки 93% ҳудудашро кӯҳҳо, аз ҷумла, кӯҳҳои осмонбӯси ҳамеша барфпӯш ташкил медиҳанд, сарвати аз ҳама бебаҳо, фаровон ва ояндасоз об аст, оби рӯдҳои шӯху пуртуғёни кӯҳӣ. Маҳз истифодаи босамари ҳамин сарвати гаронбаҳо, ки табиат ба Тоҷикистон фаровон ато кардааст, метавонад таъмингари зиндагии шоистаи мардуми кишвар бошад. Агар чунин аст, пас мардуми Тоҷикистон ҷуз истифодаи сарчашмаҳои пурғановати обию энергетикӣ барои таъмини фардои дурахшони Ватани азизи худ роҳи дигар надорад. Дар Тоҷикистон 60% оби минтақаи Осиёи Марказӣ тавлид мегардад. Мутаассифона, аз ин ганҷи бебаҳои табиат самаранок истифода намебарем. То имрӯз ҳамагӣ панҷ фоизи обҳои диёрамонро истифода мебарему халос. Агар Неругоҳи барқт обии «Роғун» сохта ва пурра ба кор андохта шавад, имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар ин минтақа ба миён меояд. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ ба маротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд фаровон баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон набуда, ба нафъи кулли минтақа аст. Иқтидори лоиҳавии неругоҳи «Роғун» бо 6 чарх, 3600 мегаватт буда, сарбанди обанбораш бояд 335 м бардошта шавад. Ҳаҷми умумии оби обанбор 13,3 километри мукааб ва оби судбахшаш 10,3 километри мукаабро ташкил хоҳад дод. Чунин ҳаҷми об бояд давоми 15-17 сол ҷамъоварӣ шавад. Пас аз бо иқтидори пуррааш ба кор даромадан, ин неругоҳ метавонад ҳамасола 13,1 миллиард киловатт неруи барқ истеҳсол намояд. Тибқи таҳқиқотҳои илмӣ, дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 13 ҳазор пирях мавҷуд аст, ки масоҳати умумии онҳо тақрибан 8500 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин захираи бузург сарчашмаи асосии дарёҳои бузурги минтақа, аз ҷумла, Амударё ва Сирдарё мебошад. Аҳаммияти стратегии пиряхҳоро дар ду самти калидӣ дидан мумкин аст: – Гидроэнергетика. Зиёда аз 98% неруи барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои барқи обӣ («Норак», «Роғун» ва ғ.) истеҳсол мешавад. Ин "энергияи сабз" маҳз аз обҳои пиряхҳо ҳосил мегардад. – Кишоварзӣ. 60 фоизи захираҳои оби ҳавзаи баҳри Арал дар Тоҷикистон ташаккул ёфта, миллионҳо гектар заминҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистонро шодоб мекунанд. Дар ҳудуди мо пиряхи нодири Федченко ҷойгир аст, ки дарозтарин пиряхи водигӣ дар ҷаҳон (берун аз минтақаҳои қутбӣ) ба шумор рафта, дарозии он зиёда аз 70 километр аст. Он ҳамчун "барометр"-и иқлими минтақа хизмат мекунад. Таҳдиди гармшавии глобалӣ ва вазъи имрӯза Бо таассуф бояд қайд кард, ки вазъи пиряхҳо нигаронкунанда аст. Таҳлилҳои олимони соҳаи пиряхшиносӣ нишон медиҳанд, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир таъсири антропогенӣ (фаъолияти инсон) ва гармшавии умумии сайёра боис шуданд, ки дар Тоҷикистон зиёда аз 1000 пирях пурра аз байн равад. Сабабҳои асосии обшавии пиряхҳо инҳоянд: – Баландшавии ҳарорат: афзоиши партовҳои газҳои гулхонаӣ (карбон) ба атмосфера. – Омили чангу намак: хушк шудани Баҳри Арал боиси ба ҳаво хестани миллионҳо тонна чангу намак мегардад. Ин ғубор ба рӯйи пиряхҳои Помиру Тиён-Шон нишаста, ранги онҳоро тира мекунад ва нури офтобро бештар ҷаббида, раванди обшавиро 2-3 маротиба метезонад. Агар ин раванд пешгирӣ карда нашавад, то соли 2050 мо метавонем қисми зиёди пиряхҳои хурдро аз даст диҳем. Ин ҳолат ба оқибатҳои фоҷиабор, аз қабили камобӣ, норасоии барқ, низоъҳо барои об, селҳои харобиовар ва муҳоҷирати экологии аҳолӣ оварда мерасонад. Тоҷикистон – пешсафи ҷаҳон дар масъалаҳои об ва иқлим Дар ҳалли ин мушкилоти глобалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста аст. Тоҷикистон на танҳо мушкилотро баён мекунад, балки роҳҳои ҳалли онро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод менамояд. Силсилаи ташаббусҳои дар хусуси об обрӯи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошт. Аммо муҳимтарин дастоварди таърихӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо 14 декабри соли 2022 ба вуқуъ пайваст. Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Тоҷикистон қатъномаи махсусро қабул кард, ки мувофиқи он: – Соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардид. – Рӯзи 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» муқаррар карда шуд. – Дар назди СММ Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Ин иқдом исбот намуд, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҳимоятгари манфиатҳои башарият дар масъалаи иқлим эътироф шудааст. Роҳҳои ҳифзи пиряхҳо: вазифаи мо чист? Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли ҳифзи пиряхҳо танҳо оғози кор аст. Барои амалан ҳифз намудани ин сарват, бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд. Вазифаи мо – насли ҷавон ва зиёиён аз инҳо иборат аст: – Дастгирии илм: мониторинги доимии пиряхҳо тавассути технологияҳои кайҳонӣ ва таҳқиқоти муосир. – Гузариш ба «иқтисоди сабз». Истифодаи самараноки неруи барқ ва ҷорӣ намудани нақлиёти барқӣ барои кам кардани партовҳои газӣ. – Бунёди ҷангалзорҳо. Дарахтон ва растаниҳо «шуш»-и сайёра мебошанд. Маъракаҳои ниҳолшинонӣ дар доманакӯҳҳо иқлимро муътадил месозад. – Маданияти истифодаи об: ҳар як шаҳрванд бояд дарк кунад, ки исрофкории об дар рӯзгор ва кишоварзӣ бояд аз байн бардошта шавад. Хулоса Пиряхҳо танҳо як падидаи табиӣ нестанд; онҳо кафили бақои на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки миллионҳо сокини сайёра мебошанд. Аз байн рафтани пиряхҳо маънои аз байн рафтани рӯдҳо ва дар ниҳоят, нобудии ҳаётро дорад. Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо мояи ифтихор ва ҳамзамон, масъулияти бузург аст. Мо – ворисони ин сарзамини куҳанбунёд, бояд дар татбиқи ин ташаббусҳо саҳмгузор бошем. Ҳифзи пиряхҳо аз ҳар як қатраи оби сарфашуда, аз ҳар як ниҳоли шинондашуда ва аз ҳар як амали неки мо нисбат ба табиат оғоз меёбад. Биёед, бо шиори «Пиряхҳо – тоҷи сари Тоҷикистон» табиати биҳиштосои худро ҳифз кунем ва ба оламиён нишон диҳем, ки мо посбони сазовори ин хазинаи тиллоӣ ҳастем. Мубориз Сабзаев донишҷӯи курси якуми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон59
07.12.2025
-
УМЕДА ШАРИФОВА: БО ИРОДАИ ҚАВӢ, БОВАРИИ КОМИЛ ВА ОМӮЗИШИ ВАСЕЪ САЗОВОРИ ШОҲҶОИЗА ШУДАМ Ӯ ҳангоми суҳбат ҳарфҳоро бо нармӣ ба забон меовард, гӯё намехост, ки эҳсосоти ботинияш ошкор гардад. Ором, андешаманд ва бо эҳтиром сухан мекард. Аз ҳар ҷумлааш маълум мешавад, ки китоб барои ӯ ҳамсафари зиндагист. Аз ангезаи иштирок дар озмун то машаққатҳои шабонарӯзиву муваффақ шуданаш нақл кард. Умеда Шарифова-хонандаи синфи 4-и МТМУ №4-и ноҳияи Масчоҳ, ғолиби Шоҳҷоиза аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷики Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад. -Ман дар даврҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойи аввал гардидам, тайёриамро пухтатар карда, барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ омода шудам. Мехостам, аққалан, ҷойи сеюмро гирам, аммо намедонистам, ки ин комёбӣ ба ман даст медиҳад,-бо ҳаяҷон мегӯяд Умеда. Модараш низ бо ифтихор мегуфт: “Умеда аз хурдӣ ба китоб дил баста буд. Ҳар китобе, ки ба дасташ меафтод, ҳатто агар барои синну соли ӯ душвор бошад ҳам, онро мехонд”. Ҳамин дастгириву роҳнамоии муҳити оила буд, ки дар дили ӯ меҳр ва эҳтироми хосса ба китоб парвариш ёфт. У. Шарифова барои иштирок дар озмун шабу рӯз заҳмат кашида, бештари вақташро барои мутолиаи асарҳои бадеӣ ва аз бар намудани осори адибон сарф мекард. Ҳар боре, ки ба китоб рӯ меорад, гӯё ба олами рангини маънавӣ ворид мешавад. Барояш мутолиаи китоб амсоли нафас кашидан шудааст, ки бидуни он фаъолияти худро тасаввур карда наметавонад Хомӯшии шаб, рӯшноии чароғи мизи корӣ ва китобҳои парешоне, ки гирду атрофро пур карда буданд, ҳамсафари ҳамешагии ӯянд. Бале, Умеда барои соҳиб шудан ба Шоҳҷоиза 20 роман, 40 повест, 6 очерк, 115 ҳикоя, 3 асари ёддоштӣ, 3 асари драммавиро мутолиа намуда, 137 ғазал, 150 рубоиву дубайтӣ, 250 байт достон ва 150 байт аз дигар навъҳои шеъриро аз бар кардааст. Меҳру муҳаббат ба китоб дар дар ниҳоди Умеда ҳанӯз 6 сол дошт, пайдо гардид. Дар ин давра тамоми дарсҳои хонандагони синфи якумро аз худ карда буд, аз ин рӯ, ба мутолиаи китобҳои бачагона пардохт. Албатта, дар ин роҳ модараш, ки дар деҳа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият менамояд, кумак намуд. Ба ин мазмун, ду сол аз рӯйи номинатсияи адабиёти бачагона дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” иштирок намуд, вале сазовори ҷойи намоён нагардид. Баъдан, ба хулосае омад, ки аз номинатсияи адабиёти муосири тоҷик иштирок кунад. Дар соли аввали иштирок дар ин номинатсия, то даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт, аммо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ нашуд, аз ин ҳолат руҳафтода нагардид. Баръакс, ҳар як нокомӣ барояш неру мебахшид, ки бештар бихонаду биёмӯзад ва аз ёд кунад. Ҳамин иродаи қавӣ ва боварӣ ба хеш буд, ки ба ин дастоварди бузург ноил гардид. -Дастрасӣ ба китоб каме мушкил буд, аммо омӯзгори ман, ки худ пештар иштирокчии озмуни мазкур аст, аксари китобҳоро дошт. Баъзе асарҳоеро, ки дастрас карда наметавонистем, омӯзгор шакли электронии онро аз интернет боргирӣ карда, дар варақ чоп менамуд, онҳоро ба монанди китоб дӯхта, мутолиа мекардам,-иброз дошт қаҳрамони мо. Барои ӯ, аз ҳама бештар асари “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода писанд аст ва ҳеҷ гоҳ аз такрор ба такрор омӯхтани он хаста намешавад. Ӯ бо ифтихор мегӯяд: “Ман китобхониро дӯст медорам. Хондани китоб ва илмомӯзӣ роҳи ояндаи моро равшан ва ҷаҳонбиниамонро васеъ мекунад. Дар оянда мехоҳам табиб шавам ва барои саломатии мардуми сарбаланди кишварамон саҳм гузорам”. Ҳамин тариқ, 4 декабр толори пур аз одам, ҳар як иштирокчӣ садо додани номи худро мунтазир. Волидон барои шунидани номи фарзанди худ интизорӣ мекашиданд ва омӯзгорон аз шунидани номи шогирди хеш ба ваҷд меомаданд. Вақте ки номи Умеда Шарифова ҳамчун барандаи Шоҳҷоиза эълон шуд, ашки лолагуне дар чашмонаш ҳалқа зад ва танҳо чизе, ки гуфт, ин буд: “Ман Шоҳҷоизаи худро ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин (Мастчоҳ) мебахшам”. Дар интиҳои суҳбат Умеда миннатдории худро ба ташкилкунандагони озмун, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми кишвар, волидони азизаш, омӯзгораш – Одинамуҳаммад Раҷабзода ва дигар масъулин иброз намуд. Ваъда дод, ки дар оянда Ватани азизамонро дар арсаи байналмилалӣ низ муаррифӣ мекунад. Ҷасури ҚИЁМИДДИН, “Омӯзгор”56
07.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
09.12.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор