
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ИФТИТОҲИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР НОҲИЯҲОИ РАШТ ВА ТОҶИКОБОД Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои судманд бо Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ва Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (KOICA) биноҳои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и деҳаи Гулхании Ҷамоати деҳоти Аскалони ноҳияи Рашт ва Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №33-и деҳаи Сафедоби Ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикободро мавриди истифода қарор дод. Дар маросими ифтитоҳ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик, директори Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам, намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва омӯзгорону хонандагон иштирок намуданд. Ин иқдомҳо, ки дар чорчӯби барномаҳои рушди инфрасохтори соҳаи маориф амалӣ гардида, посух ба эҳтиёҷи таъхирнопазири муассисаҳои мазкур буд, ки дар пайи заминларзаи 13 апрели соли 2025 бинои муассисаҳо хароб гардид ва таҳсили хонандагон ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд. Бо дарназардошти сиёсати давлатӣ оид ба фароҳам овардани муҳити амн ва муосири таълим барои насли наврас, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби шарикони рушд лоиҳаи сохтмони биноҳои навро роҳандозӣ намуд. Дар асоси дархости вазорат ва бо дастгирии техникию молиявии WFP ва KOICA, корҳои сохтмонӣ дар муҳлатҳои кутоҳ ба анҷом расонида шуда, бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 дорои 4 синфхона барои 192 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Ҳамзамон, дар доираи барномаҳои иловагии дастгирии ғизои мактабӣ, ошхона ва толори хӯрокхӯрӣ низ сохта ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд. Таҷҳизоти таълимӣ ва лавозимоти синфхонаҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таъмин гардидааст. Дар муассиса 164 хонанда таҳсил мекунад ва 18 омӯзгори соҳибтахассус ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Бинои нав ҷавобгӯи талаботи муосири омӯзиш буда, муҳити созгорро барои баланд бардоштани сифати таҳсил фароҳам меорад. Муассисаи таҳсилоти ибтидоии №33-и ноҳияи Тоҷикобод бошад, бо 4 синфхона барои 96 ҷойи нишаст дар ду баст, ки ба талаботи муосири таълимӣ ва фазои бароҳати таҳсилӣ ҷавобгӯ мебошад, эҳё ва бо таҷҳизоти пурра аз ҷониби вазорат таъмин карда шуд. Вазорати маориф ва илм иқдоми мазкурро намунаи ҳамкории самаранок бо шарикони рушд арзёбӣ намуда, изҳори сипос менамояд, ки ҳадафҳои ин ҳамкорӣ бо афзалиятҳои стратегии вазорат, рушди инфрасохтори таълимӣ, таъмини дастрасии баробар ба таҳсил ва баланд бардоштани сатҳи муҳити таълим мутобиқ аст. Ҳамкориҳои минбаъда бо WFP, KOICA ва дигар шарикон дар самти тавсеаи барномаҳои дастгирии иҷтимоии таҳсилот, аз ҷумла, ғизои мактабӣ ва сохтмони муассисаҳои нав, пайгирона идома хоҳанд ёфт. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
16
02.10.2025
-
ОМӮЗГОР ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Имрӯз, 2 октябри соли 2025 дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатӣ бо иштироки ҳайати кормандони марказ, кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳру ноҳияҳо ва меҳмонон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Асомиддинзода Шарофиддин – сардори Раёсати таҳсилати миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад карда, дар атрофи нақши омӯзгор дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду такомули нерӯи инсонӣ, тарбияи насли босавод, худшинос ва ватандӯст андешаҳоро иброз намуданд. Устод қайд карданд, ки таҷлили Рӯзи омӯзгорон ва Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддасу ҷовидонаи ҳастии миллат, нишонаи асосии давлатдорӣ ва омили муҳимми ваҳдату сарҷамъии мардуми тоҷик мебошад ва он шаҳодати арҷгузории давлат ба арзишҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Сипас, Сафарова Зевар – мудири шуъбаи таълим ва корҳои методӣ дар мавзӯи «Забони давлатӣ – рамзи ҳамбастагӣ ва рукни муқаддаси миллӣ» ва Содиқов Абдусалом – сармутахассиси шуъбаи таълим ва корҳои методии Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар мавзӯи «Мақоми омӯзгор дар ҷомеа» баромад карданд. Дар идомаи чорабинӣ ба омӯзгорону кормандони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, ки аз 26 то 29 августи соли 2025 аз курси такмили ихтисоси байналмилалӣ гузашта, ҳамчун тренерони сатҳи байналмилалӣ эътироф гардиданд, шаҳодатнома супорида шуд. Чунин иқдом яке аз қадамҳои муҳимми баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва ворид кардани таҷрибаи ҷаҳонӣ ба низоми миллии таълим ба ҳисоб меравад. Дар қисми анҷоми чорабинӣ аз ҷониби маъмурияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо омӯзгорон ва кормандони фаъоли муассисаҳо барои саҳми арзанда дар рушди соҳаи маориф бо Ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо
12
02.10.2025
-
БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ОМӮЗГОРОН Бо мақсади қадрдонӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии устодону омӯзгорон, имрӯз санаи 2 октябр дар толори қасри фарҳанги Суғдиёни шаҳри Хуҷанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи омӯзгорон баргузор гардид. Дар чорабинӣ Ҷамшед Ҷӯразода- муовини Раиси вилояти Суғд, Гулсара Мирзозода- Сардори Раёсати маорифи вилоят, Мӯсобек Самизода - раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилоят иштирок намуданд. Сараввал муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода табрикоти муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид. Қайд гардид, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти дастгирии омӯзгорону хонандагони фаъол як қатор имтиёзҳо муқаррар намудааст. Ҳамасола садҳо омӯзгорону хонандагони вилоят аз ин имтиёзҳо бархӯрдор мегарданд. Худи ҳамин сол дар Машварати августии кормандони маориф даҳҳо нафар омӯзгороне, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳо ҷойҳои намоёнро гирифтанд, омӯзгорони эҷодкору навовар, фаъолони соҳа, собиқадорон бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадршиносӣ шуданд ва ин раванд ҳамасола идома дода мешавад таъкид намуд муовини раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода. Инчунин зикр гардид, ки музди меҳнати омӯзгорон давра ба давра зиёд гардида, шароити иҷтимоиву иқтисодиашон беҳтар гардида истодааст. Худи ҳамин сол 30% зиёд гардидани музди маоши омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва томактабӣ далели гуфтаҳои болост. Дар чорабинӣ ба зиёда аз 120 нафар омӯзгорони фаъол ва 31 нафар собиқадорони соҳа туҳфаҳои хотиравии Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода ва Ифтихорномаву Сипосномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд, Раёсати маорифи вилоят ва Иттифоқи касабаи маориф ва илми вилоят супорида шуданд. Дар охир, барои болидагии хотири иштироккунандагон, чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки писанди ҳамагон гардид.
10
02.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 30.09.2025 Бештар
-
22.09.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор