ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ТАҚСИМОТИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД БА НОМИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ 20 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маросими тақсимоти мутахассисони ҷавони равияи омӯзгорӣ барои соли таҳсили 2026–2027 баргузор гардид. Дар тақсимот сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Саъдуллозода, ректори донишгоҳ М. Набизода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, раёсату шуъбаҳои маориф ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд. Зимни баромадҳо таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои соҳибтахассус яке аз масъалаҳои муҳимми соҳаи маориф ба шумор рафта, дар баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишандӯзии хонандагон нақши калидӣ дорад. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат арзёбӣ менамояд. Дар раванди тақсимот 470 нафар хатмкунанда, аз ҷумла, 111 нафар тибқи квотаи президентӣ, мутобиқ ба ихтисос ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.21
20.05.2026
-
ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ ТОҶИКОН ДАР ПАРТАВИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ Бо чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон ва устодону донишҷӯёни муассиса дар ҳошияи маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, муовинони ректор, ҳайати устодон, муҳаққиқон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва намоиши филми мустанад доир ба рӯзгор, фаъолияти сиёсӣ ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат оғоз гардид, ки дар он саҳми мондагори Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар роҳи ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон бозтоб ёфт. Зимни ироаи сухани муқаддамотӣ ректори донишгоҳ Мунир Сафарзо датаъкид доштанд, ки дар таърихи давлатдории халқҳо рӯйдодҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун воқеаи сиёсӣ, балки ҳамчун эҳёи виҷдон, бедории хотираи миллӣ ва рамзи адолати таърихӣ ҷовидона боқӣ мемонанд. Иқдоми наҷибона ва пурифтихори Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат-Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва чеҳраи маъруфи маърифатпарвари тоҷик Нисор Муҳаммад маҳз аз ҷумлаи ҳамин гуна рӯйдодҳои сарнавиштсоз мебошад. Таъкид гардид, ки ин иқдом танҳо маросими рамзии интиқоли мушти хок набуда, балки таҷассумгари эҳтироми давлат ба таърих, қадршиносии миллат аз фарзандони содиқ ва зуҳури сиёсати фарҳангсолоронаи Роҳбарияти Олии кишвар мебошад. Дар воқеъ, миллате, ки қаҳрамонони худро пос медорад ва хотираи онҳоро зинда нигоҳ медорад, ҳеҷ гоҳ дар саҳнаи таърих гум намешавад. Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз ҷумлаи он чеҳраҳои нодире буданд, ки дар марҳилаи ниҳоят ҳассоси таърихи тоҷикон барои ташаккули давлатдории миллӣ мубориза бурданд. Онҳо дар замоне қадам ба майдони сиёсат гузоштанд, ки сарнавишти миллатҳои Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тақсимоти сиёсиву маъмурӣ қарор дошт. Маҳз бо ҷасорат, хирад ва иродаи ин фарзандони ватандӯст Тоҷикистон аз як воҳиди маҳдуди маъмурӣ ба Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфта, пояҳои давлатдории тоҷикон таҳким пайдо кард. Дар идома Холиқзода Сафар, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими муассиса дар мавзуи “Қудуми ин мусофир қаҳрамонҳоят муборак, Тоҷикистонам” маъруза намуда, таъкид дошт, ки бозгашти мушти хоки фарзандони фарзонаи миллат ба Ватан на танҳо рӯйдоди таърихӣ, балки рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи хотираи миллӣ ва таҳкими руҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа мебошад. Зикр гардид, ки ин иқдоми башардӯстона ва таърихии Пешвои миллат дар замири мардум эҳсоси баланди арҷгузорӣ ба таърих ва муқаддасоти миллӣ ба вуҷуд оварда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи мероси сиёсию маънавии қаҳрамонони миллат ҳидоят менамояд. Ҳамчунин, иброз дошт, ки хизматҳои Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Носир Муҳаммад дар роҳи ҳифзи манфиатҳои тоҷикон ва ташаккули давлатдории миллӣ барои наслҳои имрӯзу фардо ҳамчун мактаби ҷовидонаи худшиносӣ ва ватандорӣ хизмат хоҳанд кард. Зимнан, Изатов Умедҷон, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ҳангоми ироаи маъруза дар мавзуи “Ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ ҳамчун таҷассуми сиёсати эҳёи адолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” таъкид намуд, ки арзиши сиёсӣ ва маънавии ин иқдом ниҳоят бузург буда, он ҳамчун нишонаи эҳтироми давлат ба таърихи миллат ва қадршиносӣ аз хизматҳои фарзандони содиқи Ватан арзёбӣ мегардад. Қайд гардид, ки ба таври бошукӯҳ ва тантанавӣ ба Ватан овардани мушти хоки қаҳрамонони миллӣ аз ғурбат на танҳо эҳёи адолати таърихӣ, балки таҳкими ваҳдати миллӣ ва бедории шуури таърихии ҷомеа мебошад. Таъкид шуд, ки чунин иқдомҳо симои давлатдории миллиро таҳким бахшида, нишон медиҳад, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба арзишҳои таърихӣ, хотираи миллӣ ва эҳтироми фарзандони фарзонаи миллат ба таври шоиставу ифтихорӣ арҷ мегузорад. Дар идома Бадалов Исфандиёр, ёвари ректори донишгоҳ дар мавзуи “Эҳёи адолати таърихӣ ва нақши қаҳрамонони миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон” баромад намуда, иброз дошт, ки эҳтиром ба корнома ва мероси шахсиятҳои барҷастаи миллат яке аз заминаҳои асосии ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки қаҳрамонони миллат дар давраҳои пуртазоди таърихӣ бо фидокорӣ ва иродаи қавӣ барои ҳифзи ҳастии миллат, забон, фарҳанг ва давлатдории тоҷикон мубориза бурдаанд ва имрӯз пос доштани хотираи онҳо рисолати маънавии ҳар як фарди худогоҳи ҷомеа ба шумор меравад. Номбурда инчунин зикр намуд, ки сиёсати фарҳангпарварона ва инсонмеҳваронаи Пешвои миллат барои эҳёи ҳақиқати таърихӣ ва муаррифии чеҳраҳои барҷастаи миллат заминаи мусоиди илмӣ ва маънавӣ фароҳам овардааст. Дар умум, таъкид гардид, ки ҳамоиши илмӣ-маърифатии ҳайати олимону донишмандон, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони «Поси хотири қаҳрамонони миллӣ ва таҳкими худшиносии тоҷикон дар партави сиёсати Пешвои миллат» бо баҳрамандӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун арҷгузорӣ ба корнома ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат ва бозгӯи эҳтироми амиқи ҷомеаи илмии ин боргоҳи илму маърифат ба таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Зикр шуд, ки ин иқдоми таърихӣ - ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ, дар замири ҷомеа, бахусус ҷавонон эҳсоси баланди худшиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи ҳофизаи таърихӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллиро таҳким мебахшад. Изҳори умед карда шуд, ки чунин ҳамоишҳо барои омӯзиши амиқи мероси сиёсиву маънавии қаҳрамонони миллат заминаи мусоид фароҳам оварда, ҳамчун майдони муҳими илмӣ барои таҳқиқ, тарғиб ва ҳифзи арзишҳои давлатдории миллӣ хизмат менамоянд ва дар таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи тафаккури таърихӣ ва тарбияи насли худогоҳу содиқ ба Ватан нақши муассир хоҳанд гузошт.11
20.05.2026
-
ДАР ДОИРАИ ҲАФТАИ ИЛМ ИМРӮЗ ФОРУМИ НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ БАРГУЗОР ШУД 20 майи соли 2026 дар IT Park-и шаҳри Душанбе Форуми наврасони асри технология бо иштироки хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт оғоз гардид. Дар чорабини роҳбарият ва ҳайати кормнадони Муассисаи давлатии “Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе”, ҳайати ҳакамон ва хонандагни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт иштирок намуданд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ қайд карда шуд, ки ҳамасола бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарм Рустами Эмомалӣ дар пойтахт “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” бо шукӯҳ баргузор карда мешавад. Форуми наврасони асри технология дар доираи ҳафтаи мазкур баргузор гардида, дар баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, бедор намудани шавқу рағбати хонандагон ба эҷодкорӣ, омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ва риёзӣ, дастгирии ихтироъкорону навоварони наврасу ҷавон ва дарёфту муаррифии истеъдодҳои нав дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе мусоидат менамояд. Дар доираи Форум, иштирокчиён лоиҳаҳои худро аз рӯи номинатсияҳои «Барномаи компютерӣ», «Замимаи мобилӣ», «Web-сомона», «Чат-бот» ва «Дизайни графикӣ (UI/UX)» муаррифӣ намуданд. Аз ҷониби ҳайати ҳакамон лоиҳаҳо баҳогузорӣ шуда, ғолибон муайян карда шуданд. Ғолибон дар маросими тантанавии ҷамъбасти “Ҳафтаи илм, технология, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” қадрдонӣ гардида, аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд карда мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас ва ҷавон шароит фароҳам оварда, нерӯи онҳо барои пешрафти соҳаҳои илм, технология ва тиҷорати рақамӣ қавитар мегардонад.13
20.05.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор