ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати роҳбари синф, такмили фаъолияти тарбиявӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор озмуни вилоятии «Роҳбари синфи сол» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд баргузор гардид. Озмун тибқи талабот ва меъёрҳои тасдиқшуда аз рӯйи 5 бахш гузаронида шуда, дар он фаъолияти касбӣ, малакаи ташкилотчигӣ, кор бо хонандагону волидон, ташаккули тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ ва саҳми роҳбарони синф дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифт. Дар ҷамъбасти шартҳои ниҳоии озмун муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҷӯразода оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши калидии онҳо дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа ибрози назар карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон, бахусус роҳбарони синф, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон саҳми назаррас доранд. Ҳамзамон зикр гардид, ки роҳбари синф ҳамчун пайвандгари асосии мактаб, оила ва ҷомеа масъулияти муҳимро ба уҳда дошта, фаъолияти пурсамари ӯ метавонад дар беҳтар гардидани муҳити тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории мактабу волидон нақши муассир бозад. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, қадрдонии онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо дар ҷаласаи навбатии раёсати маорифи вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.10
13.12.2025
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ МУАССИСАҲОИ МАРБУТАИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ОИД БА ТАТБИҚИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ HSK Муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин дар шаҳри Пекин вохӯрии корӣ бо намояндагони ду сохтори асосии соҳаи омӯзиши забони чинӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқот доктор Ли Пейзэ роҳбари Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ, ки масъули баргузории озмоишҳои байналмилалии HSK мебошад, иштирок дошт. Ҳамзамон дар вохӯрӣ Ли Пан, муовини мудири шуъбаи маркетинги ширкати «ChinesePlus» низ ширкат варзид. Ҷонибҳо масъалаи муҳимми таъмини дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба имтиҳони байналмилалии HSK-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи пешниҳоди Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ҷониби чинӣ омодагии худро барои кушодани намояндагии расмии HSK дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои ройгони омодагӣ барои донишҷӯён ва муҳассилини тоҷик ва баргузории имтиҳони байналмилалии HSK дар кишвар изҳор намуд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки таъсиси маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK дар Тоҷикистон ба садҳо донишҷӯи тоҷик имконият медиҳад, ки бе хароҷоти сафар ба хориҷ, дар дохили кишвар сертификати байналмилалӣ ба даст оранд ва барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои беҳтарини Чин омода шаванд. Бояд гуфт, сертификати байналмилалии HSK яке аз муҳимтарин санадҳои забономӯзӣ ба шумор рафта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти калидӣ дорад. Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ ва платформаи «ChinesePlus», ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин фаъолият мекунанд, ташкилотҳои расмии давлатӣ буда, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва санҷишии забони чинӣ дар ҷаҳонро ҳамоҳанг месозанд.6
12.12.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ СОҲА ДАР ҶАЛАСАИ СИТОДИ ОНЛАЙНӢ 12 декабри соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ситоди онлайнӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзгорон баргузор гардид. Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардида, дар кори он роҳбарон ва намояндагони раёсату шуъбаҳо ва муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тариқӣ ҳузурӣ ва маҷозӣ ширкат варзиданд. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соҳаи маориф дар кишвар дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди рӯзафзун дошта, дар ин росто мо кормандони соҳаро мебояд саъю талоши худро ҷиҳати таъмини сифати таълим бештар намоем. Таъкид шуд, ки иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва барномаҳои стратегии Ҳукумати кишвар омили асосии дастёбӣ ба пешрафт дар соҳаи маориф буда, зарур аст, ки ҳар яки мо бо масъулияти баланд барои амалӣ шудани ҳадафҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузорем. Сипас, ректори Донишкадаи ҷумиҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н. Мирзозода оид ба фарогирии шунавандагон ба курси такмили ихтисос аз рӯйи низоми такмили ихтисоси 3-сола дар соли 2025 маълумот дод. Дар идома ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан доир ба вазъи таҳсилоти томактабӣ ва ҷараёни ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шунида шуд. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди кӯдакон дар маҳалҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муҳокима гардиданд. Ҷаласа бо таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, барои амалисозии муваффақонаи ҳадафҳои гузошташуда ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон8
12.12.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
11.12.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
09.12.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
24.11.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор