ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 майи соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазир, роҳбарони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат пайваста таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Гуфта шуд, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодаанд. Дар идомаи ҷаласа масъалаи омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо ба маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум мавриди баррасӣ қарор гирифт. Доир ба ин масъала сардори шуъбаи маркетинг, амвол ва хариди давлатӣ М. Тоирзода гузориш пешниҳод намуда, оид ба тадбирҳои андешидашуда барои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо маводи зарурии сӯхт, омодасозии иншооти соҳа ба мавсими сармо ва ҳамоҳангсозии корҳои вобаста маълумот дод. Сипас, лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2026 баррасӣ гардид. Мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов зимни баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат, нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда ва вазифаҳои асосии сохторҳои соҳавӣ маълумот пешниҳод намуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатии ҷумҳурӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба вазъи фаъолияти муассисаҳои мазкур, сатҳи таълиму тарбия, таъминоти кадрӣ ва зарурати тақвияти назорати сифати таҳсилот гузориш дод. Инчунин, масъалаи тасдиқи Низомномаи истироҳати тобистонаи солимгардонии наздимуассисавӣ баррасӣ гардид. Директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ М. Давлатзода доир ба муҳтавои низомнома, тартиби ташкили истироҳати тобистонаи хонандагон ва фароҳамсозии шароити мусоид барои фароғату солимгардонии кӯдакону наврасон маълумот пешниҳод намуд. Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулшуда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистон, таҳкими назорати сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ, татбиқи нақшаи кории вазорат ва ташкили самараноки истироҳати тобистонаи хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон53
29.05.2026
-
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд конференсияи ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҳти унвони “Сармоягузорӣ ба кӯдакон – заминаи рушди устувори давлат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Конференсияро муовини Сарвазири кишвар Дилрабо Мансурӣ ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, таъкид кард, ки таваҷҷуҳ, ҳифз ва сармоягузорӣ ба кӯдакон яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва таҳкими сармояи инсонӣ мебошад. Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ давлатҳое муваффақ мешаванд, ки ба рушди инсон, бахусус кӯдакон, афзалият медиҳанд. Дар ин замина сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушду камолоти кӯдакон равона гардидааст. Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода дар суханронии худ иброз дошт, ки таваҷҷуҳ ва сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба зеҳн, маърифат, саломатӣ, фарҳанг ва амнияти онҳо мебошад. Дар идомаи суханронии худ вазири маориф ва илм ба масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд дар самти таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон заминаҳои ҳуқуқиро такмил дода, як қатор барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Қайд гардид, ки Вазорати маориф ва илм дар ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ ҷиҳати пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини муҳити бехатари таълимӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҳифзи кӯдакон аз таъсири манфии муҳити рақамӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Дар шароити густариши технологияҳои рақамӣ масъалаи амнияти иттилоотии кӯдакон ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир арзёбӣ гардида, зарурати ташаккули саводнокии рақамӣ, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва рушди малакаҳои муосири хонандагон таъкид шуд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои вобаста ба дастрасӣ ба таҳсилоти босифат, тақвияти инфрасохтори рақамӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии омӯзгорон, муҳоҷирати меҳнатӣ ва таъсири он ба тарбияи кӯдакон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО, дар самти рушди таҳсилоти фарогир, рақамикунонии соҳаи маориф ва ҳифзи иҷтимоии кӯдакон натиҷаҳои назаррас ба бор оварда истодаанд. Дар фароварди сухан вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки сармоягузорӣ ба кӯдакон сармоягузорӣ ба ояндаи миллат буда, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор, бахусус дар самти таъмини таҳсилоти босифат ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ дорад. Дар ҷараёни муҳокимаҳо иштирокчиён таъкид карданд, ки ҳифзи манфиатҳои беҳтарини ҳар як кӯдак ҳамоно яке аз самтҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Конференсияи мазкур ҳамчун майдони муҳими мубодилаи афкор дар самти таҳкими сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ва рушди соҳаи маориф арзёбӣ гардида, иштирокчиён омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон24
29.05.2026
-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶАВОНОН МУҚОБИЛИ КОРРУПСИЯ» Санаи 29 майи соли 2026 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо дигар вазорату идораҳои кишвар дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷоизасупории ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар шароити тантанавӣ гузаронида шуд. Маврид ба ёдоварист, ки Озмуни мазкур бахшида ба 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Моҳвораи ҷавонон» аз 25 - апрели соли 2026 то 23 - майи соли 2026 гузаронида шуда, ҳадаф аз баргузории он ин баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии зиддикоррупсионии аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа бахусус ҷавонон ба масъалаи муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад. Зимнан, дар чорабинӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал - лейтенанти адлия Султонзода С.С., роҳбарият ва шахсони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, Кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, телевизион ва радио, инчунин масъулин ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи касбии ҷумҳурӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд. Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид оғоз шуда, мавсуф ҳамаи иштирокчиён ва ғолибони Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия»-ро барои иштироки фаъолона табрик гуфтанд. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҷавонон муқобили коррупсия» дар номинатсияҳои «Мақолаи беҳтарин», «Саҳнача ё видеоролики иҷтимоии беҳтарин» ва «Ташаббуси муосири зиддикоррупсионӣ (аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ)» аз рӯӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм, инчунин ҷойҳои ифтихорӣ бо «Диплом», «Сипоснома», ҷоиза, мукофотпулӣ ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ, баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ - фароғатии пешкаши тамошобинон карда шуд. Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланд ва шароити тантанавӣ баргузор гардида, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои дар ҷомеа ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷавонон ба масъалаи муқовимат бар зидди ин падида таъсири мусбат хоҳад расонид.31
29.05.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
15.05.2026
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор