ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
-
ШОҲМАНСУР: ИФТИТОҲИ БАСТИ ЯКУМИ ИСТИРОҲАТ ВА СОЛИМГАРДОНИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ДАР «ЗИМЧУРУД» Нимаи дуюми рӯзи 15 июни соли 2026 дар Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии кӯдаконаи «Зимчуруд»-и назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи басти якуми мавсими истироҳат ва солимгардонии кӯдакону наврасон баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳ роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, инчунин шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни суханронӣ иброз гардид, ки дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳат, солимгардонӣ ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон тадбирҳои назаррас амалӣ гардида истодаанд. Қайд гардид, ки ҳифзи саломатӣ, таълиму тарбия ва рушди маънавии насли наврас яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар соли ҷорӣ фаъолияти истироҳатгоҳи «Зимчуруд» дар 4 баст ташкил карда шуда, дар ҳар баст 250 нафар кӯдак ба истироҳат ва солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Дар маҷмуъ, дар мавсими тобистонаи соли 2026 1000 нафар кӯдакону наврасон аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар истироҳатгоҳ ва дар 9 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ 1440 нафар ба истироҳат ва солимгардонӣ ҷалб карда мешаванд. Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангии омоданамудаи хонандагон пешкаши ҳозирин гардида, сурудҳои ватандӯстона ва рақсу таронаҳои миллӣ фазои идонаро боз ҳам рангинтар намуданд. Бояд зикр намуд, ки дар истироҳатгоҳи «Зимчуруд» барои истироҳат, солимгардонӣ, машғулиятҳои варзишӣ, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ ва рушди қобилиятҳои эҷодии кӯдакону наврасон тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардидааст.28
16.06.2026
-
МУЛОҚОТИ МАҶОЗӢ БО РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ БРУНЕЛИ ЛОНДОН 16 июни соли 2026 муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳи Брунел (Лондон), аз ҷумла профессор Тревор Ҳой, доктор Филип Коллинз, профессор Ҷон Коссар, хонум Кирсти Смит ва ҷаноби Муҳаммад Алам мулоқоти маҷозӣ намуд. Муовини якуми вазир дар оғози суханронӣ ба ҷониби Донишгоҳи Брунел барои ташкили ин мулоқот ва таваҷҷуҳи хосса ба рушди ҳамкориҳо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд. Қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус бо донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон, иброз менамояд. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди сармояи инсонӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии байналмилалии низоми таҳсилот аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин замина, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ, аз ҷумла, рушди таҳсилоти олӣ, рақамикунонии иқтисод, зеҳни сунъӣ, технологияҳои пешрафта, энергетикаи сабз ва иқтисоди донишбунёд муайян гардидаанд, ки татбиқи онҳо бе ҳамкории фарогир бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ғайриимкон аст. Ҷониби Тоҷикистон Донишгоҳи Брунелро ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ дар Британияи Кабир, ки дорои таҷрибаи ғанӣ дар самтҳои муҳандисӣ, технология, илмҳои тандурустӣ, инноватсия ва таҳқиқоти амалӣ мебошад, баланд арзёбӣ намуд. Дар рафти мулоқот масъалаҳои муҳимми марбут ба роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва тадқиқотӣ дар соҳаҳои муҳандисӣ, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳо, энергетика ва рушди устувор иброз намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъсиси мубодилаи донишҷӯён, такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва академӣ, инчунин ҷалби муҳаққиқони тоҷик ба лоиҳаҳои байналмилалии илмӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии рушди худ ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва муҳаққиқони ҷавон эҳтиёҷи рӯзафзун дорад. Дар ин замина, истифодаи таҷрибаи пешқадами донишгоҳҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Брунел, метавонад дар баланд бардоштани иқтидори инсонии кишвар нақши калидӣ бозад. Ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаи роҳандозии таҳқиқоти муштарак, дастрасӣ ба инфрасохтори муосири илмӣ ва озмоишгоҳҳо, инчунин татбиқи барномаҳои инноватсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддат ва мутақобилан судманд иброз намуда, таъкид карданд, ки натиҷаҳои ин мулоқоти маҷозӣ заминаи устувор барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ хоҳад гардид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон24
16.06.2026
-
Таъиноти кадрӣ 15 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳо дар ҳайати роҳбарии як қатор мақомоти марказии давлатӣ таъиншавандаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд. Тағйироти кадрӣ дар ҳайати роҳбарии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳифзи муҳити зист, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Академияи миллии илмҳо, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон анҷом дода шуд. Ба вазифаҳои муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини якум ва муовинони раиси Кумитаи андоз, муовини раиси Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, муовини якум ва муовини Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон, Намояндаи Тоҷикистон дар Кумитаи иҷроияи Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаҳои роҳбарӣ дар муассисаҳои илмию таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кадрҳои соҳибтаҷриба ва ҷавону корозмуда таъин гардиданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ба мардум ва давлати Тоқикистон, мунтазам баланд бардоштани донишу малакаи худ дар кори роҳбарӣ, омӯзиши амиқи забони давллатӣ ва забонҳои байналмилалӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуданд. Таъкид гардид, ки ба раванди тезондани рақамикунонӣ ва истифодаи босамару бехатар аз зеҳни сунъӣ ва беҳсозию кору муомила бо сармоягузорону соҳибкорон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Супоришҳои мушаххас, ҳамчунин доир ба беҳсозии сатҳу сифати таълиму тарбияи донишҷӯён ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон мувофиқ дода шуд.43
15.06.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
05.06.2026
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера)
Специальное уведомление о закупках (Повторное объявление тендера) Бештар -
20.05.2026
Приглашение к участию в торгах
Приглашение к участию в торгах Бештар -
20.05.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор