ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ СУЛҲ ВА СУБОТИ МИЛЛӢ Таҳти ин унвон 14 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳо, кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва дигар намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд. Вазири маориф ва илм дар оғоз ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу амонӣ таманно намуд. Вазир дар суханронии худ зикр намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи миллӣ нақши беназир доранд. Ҳодисаҳои ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта нишон доданд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар миллати тоҷик ба як санҷиши ҷиддии таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 1992-1997 на танҳо иқтисоду сиёсат, балки пояҳои маънавии миллатро низ таҳдид мекард. Дар ҳамин лаҳзаҳои бисёр вазнин соли 1992 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузург ба саҳнаи сиёсат баромад ва бо ҷасорат масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифт. Ин шахсияти бузург дар ҳамон он давра чунин суханони таърихие баён намуда буд: «Ман ба хотири халқи азизи Тоҷикистон ҳатто ҷони худро фидо мекунам». Ҳамчунин, дар конференсия маърузаҳои Ҷ. Шарифзода, номзади илмҳои таърих, директори Маркази илмӣ-таҳқиқотии «Пешвои миллат»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзуи «Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ ва Пешвои соҳибмактаб» ва Н. Амирбекзода, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, директори Маркази омӯзишии «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Иҷлосияи тағдирсоз ва нақши барҷастаи Эмомалӣ Раҳмон дар рушди давлатдории миллӣ» шунида шуд. Ҳамчунин, С. Ширинбекзода, сардори шуъбаи таблиғоди дастгоҳи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба корнамоиҳои Сарвари давлат суханронӣ намуд. Маърузачиён иброз доштанд, ки бо мустаҳкам шудани сулҳ давраи нави рушди устувори давлат оғоз ёфт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми саъю кӯшиши худро барои барқарорсозии инфрасохтор, эҳёи иқтисод, таҳкими низоми давлатдорӣ ва боло бурдани сатҳи зиндагии мардум равона намуданд. Зимни муҳокимарониҳо иштирокчиёни конференсия таъкид намуданд, ки бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳаммияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунанд. Ин аст, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Точикистон ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Дар фарҷом як қатор кормандони дастгоҳи марказӣ бо “Сипоснома”-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ гаршудадида, ба як қатор кормандоне, ки аъзои ҲХДТ гардиданд, дафтарчаи ҳизбӣ супорида шуд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон39
14.11.2025
-
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ ДАФТАРИ КОТИБОТИИ ШАРИКИИ ГЛОБАЛӢ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ОИД БА ТОҶИКИСТОН 13 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо роҳбари дафтари котиботи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба Тоҷикистон хонум Трине Петерсен баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини вазири маориф ва илм Б.Музаффарзода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE)-ро баррасӣ намуда, ба густариши минбаъдаи он таъкид карданд. Муовини якуми вазири маориф ва илм дар суханронии худ зикр намуд, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маориф ҳамчун самти калидии рушди инсонӣ ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишвар эътироф шудааст. Ӯ афзуд, ки маҳз маорифи босифат метавонад зеҳни насли ҷавонро рушд бахшад ва иқтидори инсониро таҳким диҳад. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Шарикии глобалӣ ҳамчун яке аз муҳимтарин ҳамкорон дар рушди соҳаи маориф буда, дар доираи ҳамкориҳои муштарак як қатор ташаббусҳои муҳимми стратегӣ амалӣ шудаанд. Аз ҷумла, таҳкими иқтидори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, татбиқи барномаҳои омӯзишии муосир барои омӯзгорон, тақвияти таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати идоракунӣ дар соҳаи маориф. Хонум Трине Петерсен дар навбати худ аз ҳамкориҳои самарабахши Вазорати маориф ва илм бо Шарикии глобалӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми таҳсилоти фарогир ва баланд бардоштани сифати таълим пешравиҳои назаррас дошта, GPE омода аст минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи барномаҳои стратегии соҳа идома диҳад. Дар анҷом, ҷонибҳо бар зарурати идомаи муколамаи созанда, тавсеаи ҳамкориҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ва ҷалби бештари шарикони рушд ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои муштараки таълиму тарбия таъкид намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон42
13.11.2025
-
ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БАРГУЗОР МЕГАРДАД Имрӯз, 13 нобяри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи ситоди даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, муовинони вазири маориф ва илм, намояндагони вазорату кумитаҳои дахлдор, ҳайати комиссияи озмун ва дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд. Дар оғоз Дилрабо Мансурӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди қабули Қатъномаи таърихии Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар соҳаи об, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардидааст, самимона табрик намуд. Муовини Сарвазири мамлакат дар суханронии хеш иброз дошт, ки бо иқдоми хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 7-ум аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати мардум, ҷалби наврасону ҷавонон ба китобхонӣ, бедор намудани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ дар вуҷуди онҳо, дарёфти истеъдодҳои тоза озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Тоҷикистон идома дорад. Озмуни мазкур барои ҷалби ҷомеаи Тоҷикистон ба китобхонӣ ва оҳиста-оҳиста ба як маҷрои доимӣ табдил шудани он нақши ниҳоят бузург дорад. Аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар бо шавқу завқи беандоза китоби бадеӣ хондаву дар ин озмун иштирок менамоянд. Ҳоло мо дар оғози даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарор дорем ва таваҷҷуҳи зиёди довталабон ба ин озмун моро водор месозад, ки дар раванди таъмини шаффофият ва хуб баргузор гардидани он аз тамоми воситаҳо истифода намоем. Сипас, муовини раиси Комиссияи ҷумҳуриявии озмун, вазири маориф ва илм доир ба омодагиҳо ба даври чорум ва тартиби баргузории он маъруза намуда, зикр кард, ки дар партави дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 1 сентябри соли 2024 дар Рӯзи дониш ироа доштанд, ҳамзамон таъкидашон дар вохӯрӣ бо фаъолони Вилояти Мухтори кӯҳистони Бадахшон рӯзи 27-уми июни соли 2025 раванди баргузории озмун бояд аз диди нав ва баҳои ҳақонӣ додан ба омодагии ҳар як довталаб сурат гирад. Дар соли 2025 дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 352042 нафар ширкат варзиданд. Аз ин теъдод, 111037 (76801 нафар духтарон) буда, нисбат ба соли 2024 теъдоди иштирокчиёни даври якум 100 ҳазору 776 нафар зиёд шудааст. Аз теъдоди 352042 нафар иштирокчиёни даври якуми озмун дар соли 2025 235 ҳазору 840 нафарашон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ буданд. Тибқи омори пешниҳоднамудаи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар даври дуюми озмун 58250 нафар иштирок намуда, 3619 нафар, 2772 зан/духтар), ба даври сеюм ва 432 нафар ва 3 нафар тоҷикони бурунмарзӣ ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Гуфта шуд, ки омодагӣ ба даври чоруми озмун хуб ҷараён дошта, баҳри дар сатҳи баланд баргузор шудани он тадбирҳои судманд андешида шудааст. Дар охир ҳайати ҷаласаи ситоди озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» қарорҳои дахлдорро ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор шудани даври ниҳоии озмун қабул намуданд. Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» пагоҳ, 14 ноябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон расман оғоз мегардад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон45
13.11.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
04.11.2025
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ
СПЕЦИАЛЬНОЕ УВЕДОМЛЕНИЕ О ЗАКУПКАХ Бештар -
31.10.2025
ЗАПРОС КОТИРОВОК
ЗАПРОС КОТИРОВОК Бештар -
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор