ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
РУШДИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ ВА КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР НИЗОМИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН: МУҲОКИМАИ СОЛОНА ВА ДУРНАМОИ ОЯНДА 25 декабри соли 2024 дар толори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия (МҶТИК) ҷаласаи солонаи ҳисоботӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ натиҷаҳои фаъолияти солонаи Марказро ҷамъбаст намуда, роҳбарон ва мутахассисони соҳаро барои баррасии мушкилот ва таҳияи стратегияи рушди оянда гирд овард. Дар ҷаласа Нурулло Убайдуллозода, сардори шуъбаи низоми ахбороти идоракунии маориф дар Вазорати маориф ва илм (ВМИ), ҳамчун меҳмони расмӣ иштирок доштанд. Ӯ дар суханронии худ ба аҳамияти ҳамкории зич миёни Марказ ва Вазорати маориф таъкид намуда, нақши калидии технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК)-ро дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва самаранокии идоракунии муассисаҳои таълимӣ таъкид намуд. Нурулло Убайдуллозода ҳамчунин дастгирии пурраи Вазорати маориф ва илмро дар татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда изҳор намуда, ҳузури худро ҳамчун нишонаи таваҷҷуҳи вазорат ба рушди рақамикунонии маорифи кишвар арзёбӣ кард. Директори Марказ, Муҳаммадраҷабзода К., ҷаласаро бо суханронӣ оғоз намуда, на танҳо муваффақиятҳои соли 2024-ро қайд кард, балки мушкилоти мавҷударо низ бо шаффофият баррасӣ намуд. Дар соли 2024, як қатор дастовардҳои муҳим ба амал омаданд, аз ҷумла: • Таъмини 161 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютерҳо ва серверҳо. • Пайвасти шумораи бештари мактабҳо ба шабакаи интернет. • Оғози пилотии Системаи иттилоотии идоракунии соҳаи маориф (EMIS) дар минтақаҳои Турсунзода ва Темурмалик, ки марҳилаи нави рақамикунонии идоракунии соҳаи маорифро ифода мекунад. Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, як қатор мушкилот ҳанӯз ҳам дар пеш аст: • Кӯҳнашавии таҷҳизот, ки татбиқи таҳсилоти рақамиро душвор мегардонад. • Набудани шабакаи ягонаи иттилоотӣ барои муассисаҳои таълимӣ. • Хизматрасонии техникӣ ва нигоҳдории таҷҳизот барои муассисаҳо. Маркази ҷумҳуриявӣ ҳадаф дорад дар солҳои оянда татбиқи пурраи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро идома диҳад. Самтҳои афзалиятноки фаъолият чунин муайян шудаанд: • Таҷдиди таҷҳизот бо технологияҳои навтарини рақамӣ. • Гузаронидани курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон. • Таҳкими амнияти иттилоотӣ дар тамоми низоми маориф. Илова бар ин, таъкид шуд, ки ҳамкории фаъоли Марказ бо шарикони байналмилалӣ ва дастгирии ҳукумати кишвар барои ноил шудан ба ҳадафҳои дарозмуддат, аз ҷумла ҷорӣ намудани таҳсилоти пурраи рақамӣ то соли 2042, калидӣ хоҳад буд. Ҷаласаи солона нишон дод, ки ТИК на танҳо як воситаи муосири идоракунӣ ва таълим аст, балки як рукни муҳими пешрафти куллии ҷомеа ба шумор меравад. Дастовардҳои соли 2024 асос гузоштанд барои пешрафти бештар, ва бо чунин талошҳо Тоҷикистон метавонад дар минтақа ба намунаи пешсаф дар соҳаи таҳсилоти рақамӣ табдил ёбад. Дар интиҳо, директори Марказ, Муҳаммадраҷабзода К., бо изҳори умед гуфтанд, ки соли оянда бо татбиқи барномаҳои нав ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дастовардҳои соҳа боз ҳам бештар хоҳанд буд.
15
25.12.2024
-
РУШДИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР ШАРОИТИ ТАШАККУЛИ ИҚТИСОДИ САБЗ. Баргузории мизи мудаввар бо ташаббуси Институти рушди устувор ва иқтисоди сабз 25 декабри соли 2024 дар меҳмонхонаи “Серена”-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “Рушди бозори меҳнат дар шароити ташаккули иқтисоди сабз” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳои байналмилалӣ, роҳбарону мутахассисони ширкатҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносон ширкат намуданд. Зимни сухани ифтитоҳӣ ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Убайдулло Асрорзода оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди устувор, иқтисоди сабз, ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуда, оид ба муҳим будани мавзуи мизи мудаввар дар шароити ташаккули иқтисоди сабз дар ҷаҳони муосир қайд намуданд. Зикр гардид, ки рушди бозори меҳнат дар шароити иқтисоди сабз ҳамчун яке аз механизмҳои калидии ин раванд бояд мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор гирад. Бозори меҳнат бояд мутобиқ ба талаботи нави иқтисоди сабз ташаккул ёбад ва ба таври муассир ба таъсиси ҷойҳои нави кор, таъмини шуғли пурсмаҳсул ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мусоидат кунад. Сипас, намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Байналмилалии Муҳоҷират, намояндагони ширкатҳои хусусии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок ва баромад намуданд. Дар хотимаи мизи мудаввар баҳсу музокираҳо оид ба мавзуи он сурат гирифта, таклифу пешниҳодҳо дар шакли хулоса қабул гардиданд.
14
25.12.2024
-
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НАШРИЯҲОИ СОҲАВӢ Бо иштироки кормандони нашрияҳои соҳавии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳисоботии солона баргузор гардид, ки дар он сардори Маркази матбуоти вазорат Хуршед Мавлонов ширкат намуд. Нахуст, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгор» Эҳсон Сафарзода дар хусуси корҳои анҷомдодаи нашрия дар соли 2024 ҳисобот дод. Мавсуф аз хусуси нашри суханрониҳои Роҳбари мамлакат, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, раванди татбиқи барномаҳо дар соҳаи маориф, ташкили саҳифа ва рубрикаҳои нав дар нашрия, инъикоси мавзуъҳои хештаншиносию ҳувияти миллӣ, идеологияи давлатӣ ва монанди ин сухан гуфт. Зикр гардид, ки дар соли 2024 нашрияи «Омӯзгор» робитаҳои худро бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои мамлакат вусъат дода, мавзуъҳоеро низ матраҳ намуд, ки ба кори онҳо иртиботи қавӣ доранд. Ин аст, ки дар давоми сол теъдоди муаллифони беруна зиёд гардид. Дар давоми сол идораи нашрия ба як қатор комёбиҳо ва пешравиҳо ноил шуд. Ташкили озмунҳои зиёди соҳавӣ имкон дод, ки нақши омӯзгор дар ҷомеа боз ҳам баланд гардад. Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори ман – ифтихори ман» аз ҳамин ҷумла аст, ки дар давоми сол беш аз 150 нафар дар он ширкат варзида, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Соли 2024 Шурои воситаҳои ахбори омма пас аз таҳлили расонаҳои ҷумҳурӣ «Омӯзгор»-ро яке аз се расонаи аз нигоҳи муҳтаво, забон ва бандубаст ба талабот ҷавобдиҳанда ғолиб донист. Дар баробари ин ҳама комёбиҳо, як қатор қаламкашони нашрия – Абудурауф Муродӣ, Шодӣ Раҷабзод, Ҳотами Ҳомид дар озмунҳои эҷодии рӯзноманигорӣ ва адабӣ ширкат варзида, соҳиби диплом ва ҷоизаҳою мукофотҳои пулӣ гардиданд. Инчунин, ду нафар корманди нашрия дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ширкат варзида, яке соҳиби ҷойи якум ва дигар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, сармуҳаррирони маҷаллаҳои «Маорифи Тоҷикистон» Саида Набизода ва «Маърифати омӯзгор» Дилафрӯз Қурбонзода доир ба фаъолияти солонаи маҷаллаҳо ҳисобот доданд. Сардори Маркази матбуоти вазорат Ҳуршед Мавлонов зимни ҷамъбасти ҷаласа доир ба дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, нақшаҳои минбаъдаи коргоҳҳои эҷодӣ бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти минбаъдаи онҳо андешаҳои худро баён дошт.
13
25.12.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
25.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the Teachers of Tajik Language and Literature for Project LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the Teachers of Tajik Language and Literature for Project LEARN Бештар -
25.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the School Directors for Project LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the School Directors for Project LEARN Бештар -
25.12.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the Math Teachers for Project LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST. Individual Consultant on Developing the Capacity-Building Training Package for the Math Teachers for Project LEARN Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон