ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Кӯлоб. Форуми байналмилалӣ оид ба рушди забони русӣ ва технологияҳои рақамӣ Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Россияву Тоҷикистон ба номи К.Д. Ушинский форуми кормандони соҳаи маориф ва муҳассилин таҳти унвони «Забони русӣ дар Тоҷикистон: забон дар масири рақамӣ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Асомиддинзода Шарофиддин, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, раиси шаҳри Кӯлоб Диловар Пирзода, ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Алтай Лазаренко И.Р., директори муассисаи мазкур Восифджонзода Р.В., муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ Камолзода Ш.В. ва директори Институти коммуникатсияҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия Маркина П.В., инчунин омӯзгорон, донишҷӯён ва намояндагони соҳаи маориф иштирок намуданд. Дар маросими ифтитоҳ суханронии меҳмонон сурат гирифта, аз ҷумла, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон зимни баромади худ аҳаммияти омӯзиши забони русиро ҳамчун воситаи муҳимми муоширати байналмилалӣ ва рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ таъкид намуд. Ӯ инчунин зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои баланд бардоштани сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамзамон, мавсуф омӯзгоронро ба истифодаи усулҳои муосири таълим, ҷалби хонандагон ба омӯзиши фаъол ва рушди тафаккури эҷодӣ даъват намуд. Ҳамчунин, сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ иброз дошт, ки рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ, яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатии соҳаи маориф ба шумор меравад. Ӯ таъкид намуд, ки забони русӣ ҳамчун воситаи иртиботи илмӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои васеъро барои дастрасӣ ба донишҳои муосир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ фароҳам меорад. Дар идомаи суханронӣ номбурда ба масъалаи ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар раванди таълим таваҷҷуҳ зоҳир намуда, изҳор дошт, ки истифодаи васеи платформаҳои таълимии электронӣ, захираҳои рақамӣ ва усулҳои инноватсионӣ метавонад сатҳу сифати таълимро ба марҳилаи нав бардорад. Ӯ ҳамзамон омӯзгоронро ба такмили ихтисос, аз худ кардани малакаҳои рақамӣ ва истифодаи усулҳои муосир дар таълим даъват кард. Дар идома дигар меҳмонон низ вобаста ба аҳамияти рушди забони русӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф андешаҳои худро баён доштанд. Дар ҷараёни форум семинарҳо, машғулиятҳои амалӣ ва майдончаҳои методӣ ташкил гардида, иштирокчиён масъалаҳои истифодаи зеҳни сунъӣ, усулҳои интерактивӣ ва роҳҳои рушди нутқи хонандагонро мавриди баррасӣ қарор доданд. Форуми мазкур ба як майдони муҳимми табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфта, нақши забонро ҳамчун воситаи пайвандгари фарҳангҳо бори дигар собит намуд. Дар анҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим гардиданд.9
08.04.2026
-
ИФТИТОҲИ РАСМИИ СЕЮМИН ФЕСТИВАЛ-НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШГОҲҲОИ ДАВЛАТҲОИ ХОРИҶӢ ДАР ТОҶИКИСТОН - 2026 6 апрели соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими расмии ифтитоҳи сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, намояндагони корпуси дипломатӣ, роҳбарону намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷ ва дохили кишвар, шарикони рушд, инчунин меҳмонон ва иштирокчиёни фестивал аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон иштирок намуданд. Фестивал - намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, мавсуф иштирокчиёнро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол хайрамақдам гуфта, баргузории чунин чорабинии байналмилалиро нишонаи рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаи маориф ва илм арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки фестивали мазкур дар як муддати кӯтоҳ ба як формати беназири байналмилалии муколама табдил ёфта, барои ташаккули модели нави рушди таҳсилот, густариши ҳамкориҳои илмӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат менамояд. Муовини Сарвазир ҳамчунин таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳонишавии босуръат ва таҳдидҳои муосир, рушди ҳамгироии илму маориф, технология ва инноватсия аҳаммияти калидӣ дошта, маҳз тавассути чунин платформаҳо метавон заминаи рушди устувори ҷомеа ва иқтисодиётро таъмин кард. Дар идома вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, саҳми онҳоро дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ кард. Вазири маориф ва илм иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ва илмро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намуда, барои рушди босифати таҳсилот ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам овардааст. Таъкид гардид, ки фестивал ҳамчун майдони муаррифии имкониятҳои таҳсил, барқарорсозии робитаҳои мустақим байни донишгоҳҳо ва рушди ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ хизмат намуда, барои татбиқи барномаҳои муштарак, аз ҷумла, дипломҳои дугона, таъсиси факултетҳои муштарак ва роҳандозии лоиҳаҳои илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меорад. Ҳамзамон, иброз гардид, ки сифати низоми таҳсилот ва эътирофи байналмилалии он яке аз омилҳои асосии муаррифии давлат дар арсаи ҷаҳонӣ буда, мутахассисони соҳибкасб кафили рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ суханронӣ намуда, аҳаммияти баргузории фестивалро дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди фазои ягонаи таҳсилоти олӣ муҳим арзёбӣ карданд. Баъди анҷоми қисми расмӣ, иштирокчиён аз намоишгоҳи донишгоҳҳои хориҷӣ дар Маркази «ЭКСПО-Душанбе» боздид намуда, бо имкониятҳои таҳсил, барномаҳои таълимӣ ва пешниҳодҳои стипендиявии муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз кишварҳои гуногун шинос гардиданд. Ёдовар мешавем, ки сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - 2026 аз 6 то 10 апрел дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияи Данғара баргузор гардида, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба таҳсилоти босифат ва таҳкими робитаҳои илмӣ мусоидат менамояд.47
06.04.2026
-
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2026 ДАР РАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ СУҒД Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти соҳаи маорифи вилояти Суғд дар се моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа мавриди натиҷагирӣ қарор гирифта, самтҳои асосии рушд ва нишондиҳандаҳои муҳими соҳа таҳлилу баррасӣ шуданд. Дар кори ҷаласа муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, сардори Раёсати маорифи вилоят Гулсара Мирзозода, кормандони раёсат, роҳбарони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, марказҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд. Сараввал сардори Раёсати маорифи вилоят ҳисоботи фаъолияти се моҳи аввали соли 2026-ро пешниҳод намуда, аз дастовардҳои назарраси соҳа ёдовар гардид. Қайд карда шуд, ки дар доираи ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд як қатор иншооти муҳими соҳаи маориф ба истифода дода шуданд, ки ин иқдомҳо далели таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф арзёбӣ мегарданд. Ҳамзамон, натиҷаҳои даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ миёни хонандагони синфҳои 5–11 баррасӣ гардида, фаъолияти муассисаҳо дар самти дарёфт ва рушди хонандагони болаёқат мавриди таҳлил қарор гирифт. Масъулин вазифадор карда шуданд, ки хонандагонро ба даври ҷумҳуриявӣ ҳамаҷониба омода намоянд. Зимнан, вазъи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ баррасӣ гардида, ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Сипас, муовини раиси вилоят вобаста ба рафти корҳои сохтмон ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, бартараф намудани муассисаҳои таълимии садамавӣ ва мутобиқгардонии онҳо ба талаботи замони муосир бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин, масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсил, пешгирии аз таҳсил дур мондани онҳо ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифтанд. Дар идома, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияи Ашт ва шаҳри Панҷакент оид ба натиҷаҳои фаъолияти се моҳи соҳа гузориш доданд. Дар фарҷом таъкид гардид, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилояти Суғд бояд зери назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад. Масъулони соҳа вазифадор шуданд, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии хонандагон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, такмили сатҳи дониш ва фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил тадбирҳои заруриро мунтазам амалӣ намоянд.42
05.04.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
06.04.2026
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
06.04.2026
Invitation for Bids
Invitation for Bids Бештар -
31.03.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор