
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Иштироки Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар консерти арбобони санъат бо номи “Дӯстии абадӣ” 8 июл дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори бошукуҳи Кохи Борбад барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистону Қирғизистон бо номи “Дӯстии абадӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии фарҳангӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров иштирок намуданд. Баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамҷаворӣ ва омили муҳими рушду густариши робитаҳои гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад. Консерти ҷаззоби “Дӯстии абадӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Қирғизистон мебошад, хушу хотирмон ҷараён гирифт. https://president.tj/event/news/51785
50
09.07.2025
-
БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ИННОВАТСИЯ БАРОИ ОЯНДА: ТАЪЛИМИ STEM ДАР ТОҶИКИСТОН» Дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Инноватсия барои оянда: таълими STEM дар Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори конфронс муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО ва Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато, коршиносони бахши STEM, пажӯҳишгарон ва омӯзгорони STEM ва дигар нафарони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Конфронс дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба роҳ монда шуда, ба ҳадафи таҳкими муҳити инноватсионӣ дар соҳаи таълими STEM, такмили салоҳиятҳои рақамии омӯзгорон ва рушди инфрасохтори ТИК нигаронида шудааст. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ муовини якуми вазири маориф ва илм иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, хусусан ба омӯзиши босифати фанҳои STEM ва татбиқи технологияҳои иттилоотию рақамӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад. Мо итминон дорем, ки чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ имкони густариши ҳамкориҳоро фароҳам оварда, ба ташаккули насли ҷавони бо дониш ва маҳоратҳои замонавӣ мусаллаҳ, ҳамзамон рақобатпазир дар бозори меҳнат мусоидат мекунанд. Ҳамчунин намояндагони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, намояндагии Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи миллии Тоҷикистон оид ба ЮНЕСКО ва Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато баромад намуда, аҳамияти ин ташаббусро барои рушди устувор ва тақвияти неруи инсонӣ дар кишвар таъкид карданд. Дар ҷараёни конфронс масъалаҳои муҳимми ҳамгироии барномаҳои таълимӣ бо воқеияти бозори меҳнат, омӯзиши босалоҳияти омӯзгорон, баробарии гендерӣ дар таҳсилоти STEM, инчунин, истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар мактабҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон иштирокчиён бо таҷрибаҳои пешқадами кишварҳои дигар дар самти омӯзиши робототехника, зеҳни сунъӣ (AI), чопи 3D ва ташкили лабораторияҳои интерактивӣ шинос шуданд. Дар идома, барои омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ Маркази таҷрибаи STEM ташкил гардида, тавассути намоишҳои амалӣ ва семинарҳои корӣ имкони омӯзиши мустақими технологияҳои нав ва мубодилаи таҷриба фароҳам оварда шуд. Иштирокчиён инчунин дар кори гӯшаҳои мавзуии техника, лабораторияҳои STEM, маводи нави таълимӣ ва платформаҳои ҳамкорӣ ширкат варзиданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
2
09.07.2025
-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА Имрӯз, 9 июли соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, бо иштироки муовини якум, муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсати маорифи вилояти Хатлон ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Зимни ҷаласа масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола мавриди муҳокима қарор дода шуда, таъкид гардид, ки татбиқи ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шуда, яке аз марҳилаҳои муҳимми ислоҳоти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Вазири маориф ва илм зимни суханронии худ иброз дошт, ки соҳаи маориф дар солҳои Истиқлоли давлатӣ зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии кадрӣ рушд намуда истодааст. Дар ҳамин замина, гузариш ба низоми таҳсили 12-сола амри зарурӣ буда, ба боло рафтани сифати таълим ва мутобиқсозии низоми таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард. Бо мақсади амалӣ намудан ва муҳайё сохтани заминаҳои мусоид барои татбиқи низоми мазкур, қарор қабул гардид, ки дар давоми даҳ рӯз гурӯҳи байниидоравӣ таъсис дода шавад. Гурӯҳи мазкур бояд вобаста ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо, омода намудани барномаҳои таълимӣ, омода намудани муассисаҳои таълимӣ ва кадрҳои омӯзгорӣ, инчунин бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ чораҳои амалӣ андешад. Зикр шуд, ки таҷрибаи як қатор кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки гузариш ба низоми таҳсили 12-сола раванди муваффақ ва ҳамаҷониба санҷидашуда мебошад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илм бо ҷалби васеи мутахассисон ва бо истифода аз таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ нақшаи амалии мазкурро тадриҷан ва бо назардошти манфиатҳои миллӣ амалӣ хоҳад кард. Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин тақозо гардид, ки барои иҷрои сифатноки вазифаҳои дар пешистода, сари вақт таҳия ва иҷро намудани нақшаи чорабиниҳо, инчунин, назорати ҷараёни амалисозии гузариш ба низоми таҳсили 12-сола тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
4
09.07.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
30.06.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS10 – ЗАКУПКА ОБОРУДОВАНИЙ И МЕБЕЛИ ДЛЯ ТРЕНИНГ-ЦЕНТРА ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар -
26.06.2025
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА № GS06 – ЗАКУПКА 2 (ДВУХ) АВТОМАШИН ДЛЯ ГРУППЫ УПРАВЛЕНИЯ ПРОЕКТОМ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор