
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИММИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОД 3 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди корӣ оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони касбӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, роҳбарону кормандони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони муассисаҳои тобеъ, сардорони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва Бобоҷон Ғафуров тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазир ифтитоҳ намуда, таъкид кард, ки масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо омӯзгорони соҳибтахассус, таҳкими пояҳои моддию техникӣ ва татбиқи муқаррароти қонунгузории соҳавӣ аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм маҳсуб меёбад. Сипас, масъалаи маблағгузории соҳаи маориф мавриди баррасӣ қарор гирифта, Сафарзода Иброҳим – сардори раёсати иқтисод ва банақшагирӣ дар соҳаи маориф ва илм, доир ба вазъи маблағгузории муассисаҳои таълимӣ дар соли 2025 маълумот дод. Дар идома сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Бобоҷон Ҷаҳонгир вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» баромад намуда, зикр кард, ки таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва мақомоти маҳаллӣ ҷиҳати таълиму тарбияи муназзами кӯдак аҳамияти калон дорад. Ҳамзамон, дар ҷараёни ҷаласа ба роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ муқаррароти қонунгузории амалкунанда хотиррасон карда шуда, таъкид гардид, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (моддаи 58, банди 9) ҷамъоварии ҳамагуна маблағ аз таълимгирандагон ва падару модари онҳо аз ҷониби омӯзгорон, мураббиён, парасторон ва дигар кормандони муассисаҳои таълимӣ қатъиян манъ аст. Ҳамчунин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» (моддаи 20, банди 3), омӯзгор уҳдадор аст, ки аз қабули ҳар гуна маблағ, аз ҷумла, дар ҷашну маросим ва таҷлили зодрӯз, инчунин, аз гирифтани туҳфаҳои молию пулӣ худдорӣ намояд. Зикр гардид, ки риояи ин талаботи қонунгузорӣ омили муҳимми нигоҳдории муҳити солим, шаффоф ва ахлоқии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб рафта, аз тамоми омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба ҷамъоварии маблағ дар муассиса ба ҳеҷ ваҷҳ роҳ надиҳанд. Дар сурати ба таври расмӣ ба Вазорати маориф ва илм ворид шудани арзу шикоят доир ба ҷамъоварии маблағ, ҳатман аз ҷониби вазорат нисбат ба шахсони содиркунандаи чунин амалҳо чораҳои интизомӣ андешида мешавад. Дар идомаи ҷаласа, масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои таълимии солона, мутобиқсозии барномаҳои таълимии муассисаҳои хусусӣ бо талаботи давлатӣ ва ҳамоҳангии он бо Маркази ҷумҳуриявии рушди муассисаҳои томактабӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Инчунин, раванди баргузории даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати фарогирии васеи хонандагон ва беҳтар ба роҳ мондани ташкили он дар шаҳру ноҳияҳо тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа иштирокдорон доир ба масъалаҳои муҳокимашуда мубодилаи афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи соҳа ироа намуданд. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
43
03.06.2025
-
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН 2 июни соли 2025 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”: дастовардҳо ва дурнамо” бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон баргузор гардид. Дар кори конференсия роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илм, намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд. Конференсия бо сухани ифтитоҳии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода оғоз ёфт. Номбурда зимни суханронии худ таъкид намуд, ки кӯдакон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо яке аз арзишҳои олӣ ва устувори сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълиму тарбия, таҳсил, ҳифзи ҳуқуқ, фароғат ва солимии кӯдакон заминаҳои мусоиди рушд муҳайё гардидааст. Муовини вазир ёдовар шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, ки соли 2015 қабул гардида буд, ба сифати санади муҳимми ҳуқуқӣ барои таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон хизмат карда истодааст. Сипас, Артур ван Дизен, сардори Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аз ҳамкории судманд бо мақомоти Тоҷикистон дар самти ҳимояи кӯдакон изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар идомаи конференсия муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ализода Нигина дар мавзӯи “Саҳми Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак”, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобоҷонзода Миҷгона Бобоҷон дар мавзӯи “Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунгузории соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм – Давлатзода Муяссара дар мавзӯи “Нақши таҳсилоти иловагӣ дар рушди кӯдакону наврасон” ва сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Вазорати маориф ва илм – Бобоҷон Ҷаҳонгир дар мавзӯи “10 соли татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” дастовардҳо ва мушкилот” баромад намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар кӯдак бояд дар муҳити орому амн, таҳти таваҷҷуҳ ва меҳру муҳаббати ҷомеа ба воя расида, барои онҳо шароити мусоиди зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шавад. Дар анҷоми чорабинӣ иштирокчиён изҳори итминон карданд, ки конференсияи мазкур дар баррасии масъалаҳои муҳимми таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон саҳми муассир гузошта, дурнамои ҳамкориҳоро тавсеа мебахшад. Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон
89
02.06.2025
-
КӮДАКОН ОЯНДАИ ОСУДАВУ ОБОДИ ДАВЛАТ ВА МИЛЛАТАНД Паёми табрикии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон Кӯдакони азиз! Фарзандони арҷманд! Шуморо ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, самимона шодбош намуда, бароятон саломативу сарбаландӣ, таҳсили хубу аъло, фароғату истироҳат ва зиндагии пурсаодатро таманно дорам. Мусаллам аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба соҳаи маориф зоҳир карда шуд ва бо дастгириву роҳнамоиҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шароити мусоиди таълиму тарбия барои кӯдакон фароҳам оварда шуд. Зеро кӯдакон сарвати асосии давлат буда, фарогирӣ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқҳо, шароити хуби зиндагӣ, истироҳату фароғат ва солимии онҳо дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Ба ин мазмун, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад”. Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоли мо санадҳои муҳимми давлатӣ қабул гардидаанд, ки ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдаконро таъмин мекунанд. Аз ҷумла, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон”, ки дар асоси он ба таври дақиқу ҳамаҷониба ҳуқуқҳои онҳо ҳифз ва дар ин замина, рисолати аҳли ҷомеа муайян шудааст. Дар баробари ин, стратегияву консепсия ва барномаҳои давлатӣ амал мекунанд, ки фаъолияти кӯдаконро дар ҳама ҷабҳаҳо таъмин менамоянд. Дар баробари ин, барои бештар ҷалб намудани кӯдакон ба омӯзиш, ҳисси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ ва такомулу ташаккули тафаккури онҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ гардиданд. Дар озмунҳои мазкур бештари довталабонро кӯдакон ташкил медиҳанд ва бо суханварӣ, дониши мукаммал ва ҳунару маҳорати фавқулода баромад менамоянд, ки шаҳодати возеҳ аз доштани ҷаҳонбинии пешрафта, дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ба камол расидани насли замони истиқлол мебошад. Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28.12.2024) ба масъалаи вусъати бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо дастурҳои мушаххас дода шуд. Аз ҷумла, ба масъулин супориш дода шуд, ки: “Дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд... Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Дар баробари ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Пешвои миллат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, вазифаи мо, омӯзгорон, падару модарон ва умуман, аҳли ҷомеа низ дар масъалаи таълиму тарбияи шоистаи онҳо бештар мегардад. Зеро таъмини ҳифзу ҳимояи кӯдакон ба ҳамбастагии фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа вобаста мебошад, то онҳо ба омӯзишу таҳсил ҷиддӣ машғул шаванд, истироҳату фароғат намоянд, давраи ширини кӯдакиро дошта бошанд, дар муҳити солими оила ва ҷомеа ба камол расанд ва дар оянда ҳамчун неруи созандаву бунёдкор дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон — Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд. Бори дигар Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро ба тамоми кӯдакони кишвар табрик гуфта, барояшон рӯзгори хуш, қалби шод, оромиву осоиши хонадон, иқболи баланд ва саломатии бардавомро орзумандам. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак бод!
67
01.06.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар -
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар -
28.05.2025
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ
ЗАПРОС НА ЦЕНОВОЕ ПРЕДЛОЖЕНИЕ Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор