
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
МАРОСИМИ ҶОИЗАСУПОРИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН 17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст. Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд: ҷойи 1-ум — 16 нафар донишҷӯ; ҷойи 2-юм — 23 нафар; ҷрйи 3-юм — 28 нафар. Ҳамчунин, 15 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд. Ғолибони даставӣ: ҷойи аввал – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон; ҷойи дуюм – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ; ҷойи сеюм – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ; ҷойи ифтихорӣ – Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон. Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш — илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд. Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
44
17.05.2025
-
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИИ "ШОМИ ҶАВОНОН" ДАР ДОИРАИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ Шоми имрӯз, 16 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи баргузории даври ниҳоии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2024–2025 ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони "Шоми ҷавонӣ" баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳисси ифтихор аз сулҳу суботи давлату миллат, ташвиқи арзишҳои миллӣ ва дӯстӣ дар миёни ҷавонон роҳандозӣ шуда, бо ширкати васеи донишҷӯён ва меҳмонони олимпиада баргузор гардид. Донишҷӯёни фаъол ва боистеъдоди Донишкадаи байналмилалии Левакант барои иштирокчиёни олимпиада барномаи фарҳангии иборат аз сурудҳои ватандӯстонаро манзури ҳозирин намуданд. Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 16 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон оғоз гардида, дар он 467 нафар донишҷӯ аз 44 муассиса ширкат доранд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
11
16.05.2025
-
ВОХӮРӢ БО КОМИССАРИ ОЛИИ САҲА ОИД БА АҚАЛИЯТҲОИ МИЛЛӢ 16 майи соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии расмӣ бо намояндагони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба ақалиятҳои миллӣ баргузор гардид. Дар мулоқот муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода, Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Кристоф Камп, намояндагони дастгоҳи марказии вазорат ва кормандони САҲА иштирок намуданд. Муовини якуми вазир зимни суханронии худ меҳмононро хайрамақдам гуфта, ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи таҳсилоти фарогир ва бисёрзабона изҳори назар намуд: «Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, бахусус дар самти маорифи фарогир, бисёрзабона ва таъмини ҳуқуқи баробар барои ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ақалиятҳои миллӣ, аҳамияти вижа медиҳад. Мо аз ҳамкории созанда бо САҲА, ки дар асоси ёддошти тафоҳуми соли 2019 ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ мекунем ва ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки нав дар самти таҳкими сифати таҳсилот, мутобиқсозии барномаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон пурра омода ҳастем,» – таъкид дошт муовини якуми вазир. Дар идома, Кристоф Камп, комиссари олии САҲА оид ба ақалиятҳои миллӣ аз ҳамкориҳои амалкунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии ҷониби худро барои тавсеаи ҳамгироӣ дар самтҳои афзалиятнок таъкид кард. Зимни мулоқот ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилоти рӯзноманигорӣ, омӯзиши забонҳо, ҳифзи ҳуқуқи гурӯҳҳои осебпазир ва рушди касбияти омӯзгорон, ибрози ҳавасмандӣ намуданд. Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкоризо изҳор доштанд. Маркази матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
14
16.05.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
08.05.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
05.05.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
01.05.2025
ЭЪЛОН вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи харидории мебел...
ЭЪЛОН вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи харидории мебел.. Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор