
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад Нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад. Дар санади мазкур дарҷ шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷашни мазкурро бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ –маърифатӣ дар бораи ин мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик таҷлил намоянд. Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба ин ҷашн дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз, 11 феврал бо мақсади баррасии корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045-солагии мутафаккири барҷастаи ҷаҳон, олими тоҷик Абуалӣ ибни Сино бо ҳузури муҳаққиқон ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор мегардад. Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, дар Академия «Маркази синошиносӣ» фаъолият мекунад, ки таҳқиқоти васеъро оид ба зиндагӣ ва осори Ибни Сино анҷом медиҳад. «Илова бар ин, «Маркази синошиносӣ» то ҳол 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Синоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонида, ҷилди нуҳуми он дар арафаи нашр қарор дорад. Ҳамчунин, 21 ҷилд аз осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас мебошад»,-афзуд Қобилҷон Хушвахтзода. Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1045 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз беҳтарин кормандони соҳаи тиб зимни ҳамоишҳои идона ҳавасманд гардонида мешаванд. khovar.tj
51
11.02.2025
-
ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН БО МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИЮ ИЛМИИ ФАРОНСА ҲАМКОРИРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД Дар шаҳри Душанбе вохӯрии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо Сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элза Пинол баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон хабар доданд. Зимни мулоқот Зоир Раҳмонзода ташрифи хонум Элза Пинолро ба донишгоҳ қадами муҳим дар тақвияти ҳамкории мутақобили судманд бо муассисаҳои таълимию илмии Ҷумҳурии Фаронса арзёбӣ намуда, меҳмонро бо дастовардҳои таълимию илмии донишгоҳ шинос намуд. Ҷонибҳо ҷабҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Фаронса, аз ҷумла мубодилаи таҷриба ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавиро барои тадриси фанҳои алоҳида дар донишгоҳ, ташкили даврҳои забономӯзӣ, иштирок дар лоиҳаҳои барномаҳои байналмилалӣ дар самтҳои афзалиятноки илм ва технология (технологияҳои рақамӣ, интеллекти сунъӣ, саноати хӯрокворӣ), гузаронидани таҳқиқоти илмии муштарак дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва инноватсияҳо, тавсеаи иштирок дар барномаҳои мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорон ва рушд додани маҳорати касбии ҳайати омӯзгоронро баррасӣ намуданд. khovar.tj
51
11.02.2025
-
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД 8-уми феврали соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Вазири маориф ва илм ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илмро оид ба вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, бо кадрҳои педагогӣ, китобҳои дарсӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва дар маҷмуъ таҳлили вазъи соҳаи маориф оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд. Зимни баррасии масъалаҳо раиси ҷаласа таваҷҷуҳи асосиро ба масъалаҳои вазъи иҷрои нақшаву барномаҳои таълимӣ, таъминот бо кадрҳои педагогӣ, сатҳу сифати дониши хонандагон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, мақоми омӯзгор, фарогирӣ ба зинаи таҳсилоти томактабӣ, ташкили марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ, фарогирии пурраи хонандагон ба зинаи сеюми таҳсилот, зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, риояи талаботи ҳуҷҷатгузорӣ дар муассисаҳои таълимӣ, иштироки хонандагону омӯзгорон дар дарс, аз курсҳои такмили ихтисос гузаштани омӯзгорон, китобҳои дарсӣ, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар давраи зимистони соли 2025, пешниҳоди маълумоти омории дуруст оид ба норасоии кадрҳои педагогӣ, ҳозиршавии омӯзгорони ҷавон ба ҷойи кор, таъмини хонандагон бо китобҳои дарсӣ ва пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, риояи санадҳои меъёрии батанзимдарорандаи соҳа, дастгирии омӯзгорони ҷавон, омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дастгирии омӯзгорони онҳо, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, “Дар бораи масъулияти тарбияи кӯдак” равона карда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, супоришҳои қатъӣ дод. Дар охир, вазири маориф ва илм иброз дошт, ки ҷиҳати босифат иҷро намудани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки мо вазифадорем, фарзандонамонро хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва забон омӯзонем,аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор намоем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода созем, ҳамчун шахсиятҳои худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем, дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии ба қимати ҷони даҳҳо ҳазор ҳамватанонамон бадастомадаро ҳифзу эҳтиёт кунем, дар шароити бесуботи ҷаҳон барои ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбубамон ҳамеша кӯшишу талош намоем. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
170
08.02.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
05.02.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
05.02.2025
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
28.01.2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!! ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОЛИ 2025
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!! ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ОЛИМОНУ ОМӮЗГОРОНИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ ДАР СОЛИ 2025 Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор